Главная Статьи УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ

УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ

УМЕДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН УМЕД БА ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТ АСТ
2020-10-30
1682

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Санои беҳад Худовандро, ки замину замон офарид ва инсонро халифаи хеш таъин кард ва дуруди бепоён ба Расули гиромии ӯ, ки беҳтарин намунаи маънавияти одамиро дар рӯи Замин густариш дод.

       Мегӯянд, ки таърих беҳтарин омӯзгор аст, зеро марҳила ба марҳила барои ҷомеаҳо ва кишварҳо сабақи зиндагӣ ва роҳу усули расидан ба саодату некбахтиро падидор мекунад. Тоҷикистон бо вуҷуди тӯли ҳазор сол бидуни давлат зистанаш тамаддун ва фарҳанги оламшумуле офаридааст, ки аз ин ганҷинаи хираду маонӣҳама мардумони олам барои расидан ба пешрафтҳои давлатҳояшон пурсамар истифода мебаранд.

      Расму анъана, роҳу равиши андеша ва одатҳои мардуми тоҷик, ки поя бар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури созанда доранд, аз ҷониби аксар мардумони олам ва пайравони адёни гуногун ситоиш мешаванд ва бисёре аз аносири он дар ҳаёт татбиқ мегарданд. Фаразан, тариқи тоҷикии бунёди оила, ғамхории волидон барои фарзандон ва дар навбати худ дар ғояти пирӣ масъул гардидани фарзандон барои нигоҳубини волидон беҳтарин меъёри ахлоқист, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи Ғарбро ба худ кашидааст. Зеро буҳрони асосии ҷомеаҳои ғарбӣ маҳз набудани меҳру шафқат миёни волидону фарзандон мебошад. Ё худ дар аксар давлатҳои ҷаҳони Ғарб низоми исломии бонкдориро ҷорӣ намуда истодаанд, ки боз ҳам поя ба аҳлоқи муомилаи поку беғараз миёни давлат ва мардум дорад.

        Яке аз ин гуна арзишҳои неки мардумӣ дар Тоҷикистон – таълиму тарбияи насли ҷавон, дар ниҳоди онҳо устувор намудани анъанаҳои неки ахлоқии гузаштагон аст. Дар кишвари мо, ки беш аз 70 дарсади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ намудан ба раванди омӯзишу парвариши онон аз масъалаҳои асосии давлатдорист. Бо назардошти ҳамин нуктаи муҳим Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуда буданд.

Дар ҳақиқат ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳим мебозанд. Худованди карим барои ҷавонон як нерӯи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ирода қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд.

         Дини мубини Ислом низ нисбати ҷавонон эҳтироми хоса қоил аст ва дар Қуръони Карим ба ин эҳтиром ишораҳо рафтааст. Масалан, пурсиши Ҳазрати Иброҳим (а) аз писараш Исмоил (а) дар бобати забҳ карданаш, ки дар сураи “Соффот”, ояти 102 зикраш рафтааст, чунин аст: “Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор бипардозанд, гуфт: «Эй писаракам, ҳаройна, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».

Расули Акрам (с) низ дар таълим ва тарбия ҷавонон саҳми босазое гузоштааст, ки баъдан саҳобагони ҷавоне, чун Абдуллоҳ ибни Аббос (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р), Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р), Муоз ибни Ҷабал (р), Зайд ибни Собит (р) ва садҳо ҷавонони дигар, ки аз мактаби Пайғамбари Худо (с) таълим гирифта буданд ва барои ин уммат хидматҳои босазое карда, барои наслҳои баъдӣ мероси гаронбаҳое гузоштаанд. Намунаи ин гуфтаҳо Зайд ибни Собит (р) аст, ки дар 10 ё 12-солагӣ ба хидмати Расули Акрам (с) расид ва дар як рӯз 17 сураи Қуръонро аз бар кард ва мавриди эътимоди Пайғамбари Худо (с) қарор гирифт. Ӯ забонҳои форсӣ, румӣ, қибтӣ, ҳабашӣ, сурёниро медонист. Мувофиқи сарчашмаҳо бо пешниҳоди Расули акрам (с) Зайд ибни Собит (р) ба омӯхтани забони ибрӣ шурӯъ кард ва дар 17 рӯз забони ибрӣ (яҳудӣ)-ро азхуд кард. Зеро мактубҳоеро, ки Пайғамбари Худо (с) ба қабоили яҳуд мефиристод, ибтидо як марди яҳудӣ менавишт. Баъдан он яҳудиро Зайд ибни Собит (р) иваз кард. Солҳои охири ҳаёти Пайғамбари Худо (с) котиби ваҳй буданд ва аз ҷумлаи қориёни саҳоба ба шумор мерафтанд.

         Баъди вафоти Расули Акрам (с) дар замони хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) бо машварати Абӯбакру Умар (р) Зайд ибни Собит (р), ки он вақт 21 сол дошт, ба ҷамъоварии Қуръони карим шурӯъ кард. Зайд (р) бо вуҷуди ҷавонӣ дар миёни акобири саҳоба, аз бузургони фиқҳ ва раъй буд. Дар қазовату фатво, дар қироату фароиз ва дар замони хилофати хулафои рошидин ва панҷ соли баъди вафоти Ҳазрати Алӣ (р) раёсати шаҳри Мадина бар уҳдаи ӯ буд. Болотару волотар аз инҳо ба ақлу фаросат, шиддати парҳезгорӣ, амонат, ҳусну хулқ ва покии имон маъруф буд. Аз ин ҷост, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) вақте масъулияти ҷамъоварии Қуръонро ба уҳдаи ӯ супорид, гуфт: “Мо туро муттаҳам намешиносем”.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби “Ас-Сиддиқу Абӯбакр” чунин менависад: “Аз он ҷо Зайд (р) барои ҷамъоварии Қуръон интихоб шуд, ки ҷавон буд, нерӯяш беш аз дигарон. Бо диққату оромӣ ба бузургони саҳоба гӯш мекард ва дар такя бар зеҳни худ иктифо намекард ба изофаи он ки охирин котиби ваҳйӣ буд”.

        Бузургони мову шумо низ аз саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеа умедҳои зиёде доштаанд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ намунаи ин гуфтаҳост, ки ҷавононро нерӯи созанда ва аслӣ дар ҷомеа медонад ва мегӯяд:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

       Аллома Иқбол аз рафтори нохуби ҷавонон ба шигифт омада менависад:

Навҷавонеро чу бинам беадаб,

Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.

       Пас, ҷавонони имрӯза меросбарандагони ҳамон насл мебошанд ва агар ба худ ва меҳани худ накӯӣ кунанду қадру манзалати худро дарёбанд ва амонати ватандориро бар дӯш гиранд, албатта, метавонанд ба монанди онҳо хидмате барои дину мазҳаб ва давлату миллати худ намоянд.

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее