Главная Статьи ИСЛОМИ ВОҚЕӢ (МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ) ВА ХАТАРИ ВОРИДСОЗИИ ҶАРАЁН, РАВИЯ, МАЗҲАБҲОИ БЕГОНАИ ДИНӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИСЛОМИ ВОҚЕӢ (МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ) ВА ХАТАРИ ВОРИДСОЗИИ ҶАРАЁН, РАВИЯ, МАЗҲАБҲОИ БЕГОНАИ ДИНӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИСЛОМИ ВОҚЕӢ (МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ) ВА ХАТАРИ ВОРИДСОЗИИ ҶАРАЁН, РАВИЯ, МАЗҲАБҲОИ БЕГОНАИ ДИНӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
2016-04-27
8140

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамд мегӯем Худоеро, ки дар китоби азимушаъни худ Қуръони карим ба адл дастур дода, аз зулму ҷабру бедодгарӣ манъ намудааст. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди малики ҳаққу ошкор. Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст, ки вайро ҳамчун раҳмат барои оламиён ва ҳуҷҷат бар тамоми халқаш фиристодааст. Салавот ва саломи бепоёни Худо бар вай ва бар олу асҳобаш, ки бо роҳи ӯ рафта суннаташро риоя намуданд.

Исломи воқеӣ чист ва оё метавон дини мубини исломро ба гурӯҳҳо тақсим намуд? Исломи воқеӣ ё аслӣ ин динест, ки аз ҷониби Худованди тавоно ба бандагонаш арзонӣ дошта шуд, то мардум тавассути дин ҳидоят ёбанд, некро аз бад, ҳалолро аз ҳаром фарқ кунанд. Исломи воқеӣ ҳамон динест, ки тавассути Ҷабраили амин ба Паёмбари гиромӣ (с) нозил шуд. Худованд дини худро мукаммал сохт ва дар ин бора дар Қуръони карим хабар дод: «Ал явма акмалту лакум динакум ва …» - Имрӯз динатонро мукаммал сохтам…

Маҳз таълимоти ин дини мубин буд, ки имрӯз миллиардҳо мардум пайрави онанд – Худоро мепарастанд, мутобиқи шариат ибодатҳояшонро анҷом медиҳанд, ба якдигар меҳрубонанд, мискину фақирро дастгирӣ мекунанд ва ба мардум некӣ мекунанд.

Дини мубини Ислом танҳо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдори нек, пайванди дӯстиву бародарӣ ва дигар хислатҳои хуби инсониро талқин мекунад.

Худованди тавоно мефармояд:

Ҳароина мусулмонон бародари якдигаранд. (Ҳуҷурот: 10)

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Беҳтарини амалҳо назди Худо баъди адои фароиз, қалби бародари муъминеро шод намудан аст.

(Ривояти Табаронӣ, Ҳайсамӣ ва Суютӣ)

Аз Умар иби Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Беҳтарини амалҳо баъд аз имон овардан ба Худо, ба мардум некӣ намудан аст.

(Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Беҳтарин муъминҳо аз ҷиҳати ислом касе аст, ки дигарон аз дасту забони ӯ саломат бошанд. Беҳтарини муъминон аз ҷиҳати имон касе аст, ки хулқаш неку бошад. Беҳтарин муҳоҷир касе аст, ки он чи Худои тоъоло манъ намудааст аз он дурӣ ҷӯяд. Беҳтарин ҷиҳод он аст, ки инсон дар зоти Худои тоъоло бо нафси хеш ҷиҳод намояд.

(Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)

Аз Абӯзар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Дуруст мулоҳиза намо! Ҳамаи одамон баробаранд. Бо арабию аҷамӣ, бо сурхию сиёҳӣ ҳеҷ фазилате нест. Фазилату бартарӣ бо парҳезгорӣ аст. (Ривояти Аҳмад, Суютӣ ва Манновӣ)

Бо хуруҷи аҳли хавориҷ дини Ислом оҳиста-оҳиста ба гурӯҳ, равия ва фирқаҳои гуногун тақсим шуд. Афроди дунёпараст ва манфиатҷӯ бо истифодаи шиорҳои исломӣ мусулмононро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, мутаассифона ба мақсадҳои худ ноил мешуданд.

Имрӯз олами ислом ба чандин равия, мазҳаб ва фирқаҳо қисмат шудааст. Ҳар як аз ин фирқаҳо даъво дорад, ки танҳо таълимоти онҳо дуруст буда, дигарон дар гумроҳианд. Дар натиҷа чунин ихтилофоти мазҳабӣ ба муноқишаҳои мусаллаҳона оварда расонд.

Имрӯз дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои мусулмоннишин даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки ниқоби ислом ба бар карда, ба сари мардуми худ бадбахтӣ меоваранд. Кушторҳои ваҳшиёна, ҳамла ба мактабу масҷид, вайрониву валангорӣ фақат баъзе аз кирдори онҳост.

Мутаассифона мардуми ноогоҳ ва дур аз таълимоти исломи аслӣ ба суханони онҳо фирефта шуда, ба домашон меафтанд.

Худованди тавоно дар Қуръони карим мефармояд:

«Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст. (Сураи «Нисо», ояти 93).

Ҳол он ки дини ислом моро масъул сохтааст, то фарзандонро таълиму тарбия намоем, нисбати якдигар ҳалиму меҳрубон бошем, ҳамдигарро насиҳат кунем.

Худованд мефармояд:

«Ва ман барои шумо насиҳатгари амин мебошам». («Аъроф» ояти 68)

Аз Абӯруқайя Тамим ибни Авси Дорӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Дин иборат аз насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтанд: барои чӣ касе? Фармуд: Барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин».

Хонандагони азиз! Магар Пайғамбар (с) моро чунин таълим медоданд? Магар Пайғамбар (с) ояндаи уммати исломиро дар тафриқаву ихтилоф медиданд? Дин тавҳид аст, дин ягонагӣ аст. Магар бо тафриқаву ҷудоиандозӣ метавон уммати исломиро пеш бурд, ватанро обод кард? Маҳз ҳамин гуна ихтилофҳо буд, ки имрӯз мусулмонон ба як ҷомеаи ақибмонда табдил ёфта, бозичаи дасти бадхоҳон гаштаанд.

Оқибати ҷудоӣ бадбахтист. Шумо худ шоҳидед, ки дар баъзе кишварҳои мусулмонннишин, мардум бо нидои «Аллоҳу акбар» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмони бегуноҳ ҷиҳод аст, магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст! Бинобар ин, мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем.

Худованди мутаъол мусалмононро аз бархӯрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар доштааст ва онҳоро аз вайронкорӣ ва зулму ситаму қудратнамоӣ манъ намудааст.

Таҳаммулгароӣ, ободӣ ва пешгирӣ аз парокандагию вайронкорӣ яке аз усулҳое аст, ки Парвардигор ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ин ҳақиқатро инкор намекунад.

Сарвари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:

 «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон.

Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Агар имрӯз дар Тоҷикистон равия, фирқа ва дигар гурӯҳҳои ба ном исломи ривоҷ ёбанд, ҳоли Сурияву Ироқ ба сари мо низ хоҳад омад.

Мо бояд пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва дар ақидаамон устувор бошем, ба ифротгароёну иғвогарон, онҳое ки аз номи ислом суханҳои бардурӯғ мегӯянд, мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бовар накунем. Бинобар ин аз ҳамаи шумо даъват ба амал меорем, ки агар ризогии Худову расулаш, ободии ватану хушбахтии фарзандонро хоҳед, дар мазҳаби худ устувор бошед!

Пайрави мазҳаби ҳанафӣ будан шараф аст ва мо бо мазҳаби худ ифтихор дорем.

Время намаза в Душанбе

22.05.2025

Подробнее
Фаджр03:29
Зухр12:40
Аср17:50
Магриб19:47
Иша21:17
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее