Главная Статьи МОДАРОН САРЧАШМАИ ҲАЁТИ ИНСОНИЯТАНД

МОДАРОН САРЧАШМАИ ҲАЁТИ ИНСОНИЯТАНД

МОДАРОН САРЧАШМАИ ҲАЁТИ ИНСОНИЯТАНД
2023-03-28
942

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

Зан - Модар яке аз офаридаҳои пурарзиши Худои мутаъол аст. Чун Худованд замину осмону мавҷудоти он ва биҳишту дӯзахро офарид, пас ҳамон чизе, ки мақсуди ин офариниш буд, яъне Одам алайҳиссаломро ҳаст намуд. Вақте мушоҳида шуд, ки Одам алайҳиссалом эҳсоси дилтангӣ мекунад, модари инсоният Ҳавворо офарид, то мӯнису ғамгусор ва боиси оромиши Одам бошад ва сабаби издиёди насли одамӣ. Худованди мутаъол мефармояд:

“Ва Худованд аз вуҷудатон бароятон ҷуфтҳое қарор дод ва аз ҷуфтҳо бароятон фарзандон ва набераҳо қарор дод ва шуморо аз покизагиҳо ризқ дод”. ( Сураи Наҳл, ояти 72)

Пайғомбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ фармудаанд: “Дунё матоест ва беҳтарин матои он зани солеҳа аст”. (Ривояти Муслим)

Ин суханон замоне гуфта шудаанд, ки дар араби ҷоҳилият касе барои занон арзише қоил набуд. Занро инсон намеҳисобиданд, бар замми ин тамоми зулм барои зан раво дида мешуд. На танҳо дар араби ҷоҳилият ин муомала бо занон ривоҷ дошт, балки қабл аз Ислом дар тамаддунҳои шарқӣ занонро чун доғе дар домони башарият мепиндоштанд. Румиҳо эътиқод доштанд, ки занон арзише болотар аз колои хона надоранд. Юнониҳо занонро ҳизби шайтон меномиданд. Дар Тавроти таҳрифшуда зан мавҷуде қарини лаънат буд. Дар таълимоти калисо занон ҳамчун хасу хошок ва алафи бегона дар боғи башарият ба ҳисоб мерафтанд ва баръакси ин ҳама аз дидгоҳи аврупоиён зан ҳамчун Худо қобили парастиш буд. Дар ҷомеаи араби ҷоҳилият занон аз лаҳзаи таваллуд маҳкум ба маргу қатл будаанд. Барои онон хабари духтардор шудан боиси нангу сарпастӣ буд. Чун дар хонае духтар ба дунё меомад, дарҳол зинда ба зинда гӯронида мешуд. Чунонки Худои мутаъол дар Қуръони Маҷид хабар додааст:

“Ва чун аз духтарони зиндабагӯр пурсида шавад, ки ба кадом гуноҳ кушта шудааст”. (Сураи Таквир, ояти 8 -9).

Дар сурати зинда мондан занон маҳрум аз мероси падару шавҳар буданд. Баъд аз даргузашти шавҳар занон монанди бақияи амволи шавҳар ба мероси яке аз ворисони шавҳар дохил мешуд. Агар падари яке аз онҳо фавт мешуд, ба дигарон мегуфтанд: Аз падар ба ман чиҳил шутур, дусад гӯсфанд, хонаву дар ва чаҳор ё мисол шаш зан мондааст. Ин заноне, ки онҳо ном мебурданд, ҳамсарони падар, модар ва хоҳаронашон буданд, ки дар қатори мероси боқимонда онро мехостанд мефурӯхтанд ва ё ҳадя мекарданд ё ҳамчун хизматгор кор мефармуданд.

Худованди меҳрубон бо биъсати Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам неъматҳои зиёде ба занон арзонӣ фармуд, ҳуқуқи онҳоро мушаххас намуда, онҳоро аз зулму ситами ҷоҳилият наҷот дод. Чунонки дар Қуръони маҷиди худ фармудааст:

“Бо шумо, эй мардон, Худо паймон мебандад, ки ҳаққи ҳамсаронатонро риоя кунед”. (Сураи Нисо, ояти 21)

Ҷои дигар Худованд бар мардон хитоб менамояд:

“Бо занонатон хуб рафтор намоед”. (Сураи Нисо, ояти 19)

Инчунин Паёмбари Худо мардонро ба некӯкорӣ кардан ба занон тавсия намудаанд. Рӯзе яке аз асҳоб бо номи Ҳаким ибни Муовияи Қишрӣ аз Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсиданд: Эй Расули Худо, занон бар мо чӣ ҳуқуқе доранд? Он Ҳазрат фармуданд: “Ҳар гоҳе ки худ хӯрок мехӯрӣ, ӯро низ хӯронӣ. Ҳар гоҳ ки худ либос мепӯшӣ, ӯро низ пӯшонӣ. Ба чеҳраи ӯ назанӣ. Суханҳои фаҳшу таҳқиромез нагӯӣ. Ӯро бесабаб тарк накун”. (Ривояти Абӯдовуд, Ибни Моҷа, Аҳмад ва Ҳоким)

Худованди мутаъол дар Қуръони азимушшаъни худ дар чаҳор ҷой инсонро ба накӯкорӣ ба волидайн тавсия дода заҳматҳои модарро ва ҳамлу вазъи ҳамли ӯро махсус ёдоварӣ намудааст. Чунонки мефармояд:

“Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир боз кардани ў дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сўи Ман аст”. (Сураи Луқмон, ояти 14)

Эминтарин маконҳо барои инсоният ин домони модар аст, ки пур аз меҳру муҳаббат, ихлосу садоқат, фароғат ва навозишҳову замони беғамист. Беҳуда бузургон нафармудаанд:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем.

Оре модаронанд, ки дар домони худ инсониятро парвариш медиҳанд ва аз баҳри роҳату осоиши худ гузар намуда, бо шабзиндадориҳо, ғамгусориҳо, дилдориҳои худ фарзандонро тарбия намуда пешкаши ҷомеаи башарӣ мегардонанд. Ҳар нафаре, ки аз кӯчаи инсоф гузар кардааст, медонад, ки он заҳматҳое, ки модар барои фарзанд мекашад ва он ҷоннисориҳое, ки модар дорад, ҳаргиз касе дигар ин борро ба дӯш бардошта наметавонад. Ҳамин аст, ки дини муқаддаси Ислом мақому манзалати модарро аз ҷамъи афроди оила ва ҷомеъа болотар гузоштааст. Нақл аст, ки нафаре пеши Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам омад ва суол намуд: Ё Расулаллоҳ! Барои ман ҳақдортарин шахс кист, ки хидматашро ба ҷо орам? Фармуданд: Модарат. Боз пурсид: Баъд аз он? Фармуданд: Модарат. Боз пурсид: Баъд аз он? Фармуданд: Модарат. Боз пурсид: Баъд аз он? Фармуданд: Баъд аз он падарат. Яъне Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам се бор ба риояи ҳуқуқи модар ва бори чаҳорум ба анҷом додани ҳаққи падар тавсия доданд.

Ин дастури Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд барои ҷавонону наврасони мо дарси ибрат бошад ва онҳо кӯшиш намоянд, ки эҳтироми модаронашонро аз таҳти дил ва бо камоли сидқу вафо ба ҷо оранд, зеро ризои Худованд дар ризояти волидайн, махсусан модар мебошад. Чунонки дар ин байти маъруф ин арзиши маънавӣ баён шудааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее