Фазилати моҳи Шаъбон

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Шаъбон ҳаштумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ ба ҳисоб меравад. Ин моҳ дорои баракоту фазоили зиёде мебошад. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи Худои таъолост».
Уламо гуфтанд, ки моҳи Раҷаб баданро, моҳи Шаъбон қалбро ва моҳи Рамазон рӯҳро пок мегардонад. Агар дар моҳи Раҷаб бадан ва дар моҳи Шаъбон қалб пок нагардад, дар моҳи Рамазон рӯҳ чӣ гуна пок хоҳад шуд.
Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар ки моҳи Шаъбонро гиромӣ дорад , чунон аст, ки маро гиромӣ кардааст. Ва ҳар касе хоҳад, ки шафоати маро дарёбад, бояд ки дар моҳи Шаъбон рӯза дорад». Пайғамбари Худо (с) аз ҳама моҳҳо дар моҳи Шаъбон бештар рӯзаи нафлиро медоштанд ва мегуфтанд: «Ин моҳест байни моҳҳои Раҷаб ва Рамазон, ки дар он мардумон омурзида мешаванд ва дар он аъмоли банда дар пеши Худои таъоло арза мешавад, пас ман дӯст медорам, ки амалҳои ман арза шаванд дар ҳолате, ки ман рӯзадор бошам».
Пайғамбари Худо (с) дар моҳи Шаъбон рӯза бисёр медоштанд ва мегуфтанд: «Ман намегӯям, ки рӯзаи моҳи Шаъбон фариза аст, валекин рӯзаи он сипар аз оташи дӯзах аст, пас ҳар ки хоҳад фардои қиёмат маро бинад пас рӯзаи моҳи Шаъбонро дорад, агарчи се рӯз ҳам бошад”.
Ва низ фармуданд: Ҳар ки се рӯз рӯза дорад аз моҳи Шаъбон, нидо кунад фариштае аз фарози Арш: «Ассалому алайкум эй валийюллоҳ, башорат бод мар туро ба биҳишт ва биёмӯрзад Худои таъоло ҳама гуноҳони туро ва ба шумори ҳар барги дарахте панҷоҳ некӣ биёбӣ ва дар рузи қиёмат туро ташнаги набошад». Ва низ фармуданд: «Рӯзаи моҳи Шаъбон сардкунандаи нирон аст».
Дар китоби “Мухтор-ул-аҳодис” аз ҳазрати Алӣ (р) меорад: «Ҳар ки дар рӯзи аввали моҳи Шаъбон рӯза дорад, ҳафтод некӣ дар номаи ӯ навишта шавад, ки ҳар некӣ баробари ибодати як сол бошад, ҳар ки рӯзи дувум рӯза дорад, ҳафтод гуноҳи ӯ бартараф карда шавад, ки ҳар гуноҳ муҷиби дузах бошад, ҳар ки рӯзи севум рӯза дорад, аз ҳафтод гуна бало амон хоҳад ёфт”.
Уламо гуфтаанд, ки Шаъбон панҷ ҳарф аст: “Ҳарфи «шин» дорандаи рӯзаи Шаъбонро шарафе дар дунёву охират бошад, ҳарфи «ъайн» ӯро дар дунёву охират иззат бошад, ҳарфи «бо» дар дунё баракат ва дар уқбо баҳо бувад, ҳарфи «алиф» дар дунё амон ва дар уқбо улфат бувад, ҳарфи «нун» дар дунё намо ва дар охират нур бувад”.
Ҳамчунин гуфтанд, ки масали моҳи Шаъбон ҳамчун абр ва масали моҳи Рамазон ҳамчун борон аст, то абр набошад, борон набувад, то дар моҳи Шаъбон худро пок накунӣ, дар моҳи Рамазон пок нашавӣ.
Дар фазилати ин моҳ шоире чунин фармудааст:
Шаъбон, ки моҳи соҳиби шаръ аст, даррасид,
Бар қалби муъминон ҳаме нури дигар расид.
Аз фазлу мансаби ин моҳ халқро,
Кишти умеду нахли саъодат ба бар расид,
Он рӯзгори тира, ки дар маъсият гузашт,
Ин моҳ бокаромату фатҳу зафар расид.
Растиву ҷастӣ, хоҷа зи бемории гуноҳ,
Инак табиби рӯза, ки акнун ба бар расид.
Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон сад бор дар шаб ва сад бор дар рӯз ба ман саловот бигӯяд, ӯро ба дӯзах кор набошад ва ба муҷарради мурдан ба биҳишт расад. Ва агар дар як шабонарӯз сесад бор саловот бигӯяд, Худои таъоло тани ӯро аз оташи дӯзах озод гардонад. Ва агар ҳар кас дар ин моҳ се ҳазор бор бар ман салавот бигӯяд, шафоъати ман ӯро воҷиб шавад. Ва ҳар кас, ки баъд аз ҳар намозе бисту панҷ бор бар ман салавот фиристад, Худои таъоло дар номаи аъмоли ӯ савоби бисту панҷ ҳазор некиро бинависонад».
Ҷои дигар Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор ин калимотро бигӯяд, Худои таъоло ҳазорсола ибодатро, ки рӯз ба рӯза ва шаб ба намоз бошад, дар номаи аъмолаш сабт фармояд ва ҳазорсола гунаҳашро авф намояд. Калимот ин аст:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ва ло наъбуду илло ийёҳу мухлисина лаҳуддина ва лав кариҳал-мушрикун».
Ҳамчунин Пайғамбари Худо (с) гуфтанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор салавот фиристад, Худои таъоло ҳашт ҳазор ҳоҷати ӯро раво гардонад, ки хурдтарин ҳоҷат ин бувад, ки ӯро раҳмат кунад ва бузургтарин он бувад, ки дидори Худашро каромат фармояд.
Аз Худованди меҳрубон масъалат ва умед дорем, ки моро дар ин моҳи пурхайру бобаракат тавфиқи анҷоми корҳои хайр ато фармуда, гуноҳонамонро биёмурзад ва ба моҳи мубораки Рамазон бирасонад. Омин.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее