Главная Статьи “САЛАФИЯ” – ТАҲДИДИ МУСТАҚИМ БА ҶОМЕА

“САЛАФИЯ” – ТАҲДИДИ МУСТАҚИМ БА ҶОМЕА

“САЛАФИЯ” – ТАҲДИДИ МУСТАҚИМ БА ҶОМЕА
2023-06-07
711

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

         “Ба дурустӣ, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, безорӣҷуз ин нест, ки кори онҳо ба Худо вогузор шудааст, сипас онҳоро аз он чи мекарданд, хабар медиҳад (сураи Анъом, ояти 159).

         Қуръони азимушшаън 1444 сол пеш моро огоҳ кардааст, ки дини комилро пароканда насозем, аз ин дин ба манфиатҳои хусусӣ сўистифода накунем, онро комилу бегазанд ҳифз кунем. Аммо дар ҷаҳони муосир қудратҳои алоҳида, созмону ниҳодҳои гуногун ҳамеша талош менамоянд, то ба ҷудо намудани мусулмонон ба фирқаву гурӯҳҳои гуногун бесуботӣ ва нооромиро дар кишварҳои мусулмоннишин ташкил намоянд. Пешвои миллат муњтарам Эмомоалї Рањмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, ки: “Бузургтарин хатарҳое, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд, таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани ислом аст”.

         Дар замони муосир яке аз хатарноктарин ташкилотҳои экстремистӣ – ин равияи динии “Салафия” ба шумор меравад. “Салафия” арзишҳои миллии аҳли башариятро зери по намуда, тавассути паҳн намудани ақидаҳои носолим мусулмононро муқобили ҳамдигар мешӯронад.

         Ташкилотҳои бераҳмтарини экстремистӣ ва террористӣ аз қабили гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ҳаракати исломии Туркистон», инчунин «Ихвон-ул-муслимин», «Ҷамоати таблиғ» ва амсоли инҳо тавассути ақидаи салафия амал менамоянд.

         Тибқи таълимоти салафия ба ҷуз онҳо дигар миллате ҳуқуқи зистан надорад ва арзишҳои миллии онҳо, марзу бум ва ватани онҳо бояд маҳв карда шуда, як давлате бо номи «хилофати исломӣ» бунёд гардад. Маҳз бо ҳамин ақида кишварҳои мусулмоннишин, ки мардумашон ҳаёти осоишта ба сар мебурданд, аз ҷониби пайравони салафия ба хоку хун кашида шудаанд.

         Салафиҳо мазҳабҳоро дар ислом қабул надоранд ва муқобили онҳо сарсахтона мубориза мебаранд. Онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Пешвоён ва назариясозони ин равияҳои такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи “бидъат” буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошад, як навъ “ширк” дар ақидаю ибодати мусулмонон ба ҳисоб меоянд.

          Мувофиқи ақидаи салафия бузургони фарҳангу адабиёти мо, яъне Аттору Мавлонову Саноиву Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Бедил ва дигарон ҳамагӣ «бидъаткор» ё «кофир» будаанд ва осори адабию ирфонии онҳо “гумроҳӣ” буда, хондани онҳо «куфр» аст.

         Яке аз шохаҳои хатарноки ин ҷараёни динӣ салафияи ҷиҳодии такфирӣ мебошад. Онҳо мусулмононро бо баҳонаҳои гуногун кофир ҳукм менамоянд ва рехтани хуни онҳо, талаву тороҷ намудани молу мулкашон ва ғулому каниз сохтани аҳли хонадонашонро раво медонанд.

         Ба ақидаи пайравони ташкилоти экстремистии “Салафия”, ҳамаи онҳое, ки тарзи ақида ва тарзи танги динфаҳмии онҳоро қабул надоранд, “кофир” мебошанд. Онҳо на танҳо пайравони динҳои дигар, балки тамоми мусулмононеро, ки ба тарзи такфирии фаҳмиши ислом пайравӣ накунанд, “кофир” ҳисоб мекунанд. Мувофиқи ин дидгоҳи танг, ҳатто мусулмононе, ки тамоми рукнҳои исломро ба ҷой меоваранд фақат ба хотири аз назарияи салафияи такфирӣ фарқ кардани назарашон ва ё аз онҳо андаке фарқ доштани тарзи ибодаташон, аз назари гурӯҳҳои такфирӣ ба категорияи “кофир” дохил карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар фаҳмиши онҳо тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистон, аз ҷумла, он падару модарони боимону ботақвои мо, ки зиндагии поки фариштавор доранд, “кофир” ҳисоб мешаванд, зеро эътиқоду ибодати исломии онҳо дар доираи мазҳаби ҳанафӣ буда, аз тарзи фаҳмиши салафияи такфирӣ пайравӣ намекунанд.

          Чунин фаҳмиши танг ва ба ғайр аз худ ҳамаро “кофир” донистани тоифаҳои ифротӣ дар таърихи мо борҳо такрор шудааст. Донишманди бузургвори мо Абуалӣ ибни Сино ҳанӯз ҳазор сол пештар аз ин гуна дидгоҳҳо ба танг омада, бо киноя гуфта буд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин тоифа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

          Дар ин маврид дар ҳадисе дар бораи хатари гурӯҳҳои такфирие мисли салафия чунин гуфта шудааст: «Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурӯғгӯ пайдо мешавандҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунандки на шумо ва на падару бобоёнатон онҳоро нашунидаедПас ҳушёр бошед ва хештанро аз шарри эшон нигоҳ доредто накунад, ки шуморо гумроҳ намудааз дин бегона созанд».

          Бояд дар хотир дошт, шаҳрвандоне ки ба сафи гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ, бахусус ташкилоти экстремистии Салафия ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Зеро муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла, аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, амалишавии ақидаҳои Салафия ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад!

          Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мегардад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ба ифротгароён ёрӣ мерасонад ва дар муқобили давлати худ, бар зидди мазҳаби аҷдодии худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватан, хоини мазҳаб ва хоини миллат мешавад!

        Ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бо нангу номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Зеро, онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд. Пас, густариши ақидаи салафия барои ҳар қишри ҷомеа, барои ҳар шаҳру деҳа, барои ҳар оила, барои ҳар шахс фоҷеа, таҳдид ва хатари мустақим аст.

         Бинобар ин, мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешаш гирифта нашавад, ҳамаи мо, бе истисно қурбонии он хоҳем шуд. Аз ин рӯ, мубориза бо тафаккури ифротгароёнаи салафия ва гурӯҳҳои ба он монанд ба манфиати шахсии ҳар яки мо, ифодагар ва ҳимоягари манфиати ҳар яки мо мебошад.

          Пас, бояд тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва на танҳо наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ, оилаи худ ва зану фарзанди худро таъмин намоянд. Ин аст, ки мубориза бо ифротгроӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ бояд ба кори ҳамаи мардум, ба як муборизаи бузурги умумимиллӣ табдил ёбад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

23.11.2024

Подробнее
Фаджр05:38
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее