Главная Статьи НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТАИ ХАЛҚҲО

НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТАИ ХАЛҚҲО

НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТАИ ХАЛҚҲО
2023-10-25
688

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду бепоён ба хотами пайғамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

          Дини мубини Ислом имконоти бузург дар соҳаи муколамаҳои миёни фарҳангу тамаддунҳо, миёни низомҳои мухталифи иҷтимоӣ ва адёни гуногун дорад ва аз ин имконот доиман истифода мекунад, вагарна тӯли 14 аср солиму тавоно то даврони мо намерасид. Ҳоло вазъият ба дараҷаест, ки ба ҷуз ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмиву арҷгузорӣ ба таҳаммули якдигар роҳи дигари нигаҳдошти сулҳу субот ва зиндагии шоиста дар ин сайёра вуҷуд надорад.

Ислом зотан ва табиатан дини сулҳпарвару таҳкимбахшандаи субот аст. Ин қоида, яъне озодии эътиқод дар Қуръони азимушшаън низ сабт шудааст:

«Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест...» (ояти 256- и сураи «Бақара»).

   Мукаммалтар дар ин мавзӯъ дар оёти гуногуни ин китоби муқаддас ишораҳо рафтааст. Чунонки Худованд мефармояд:

«...Ҳидоят аз гумроҳӣ мушаххас шудааст. Пас, ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки гусастанаш набошад. Худо шунаво ва доност (идомаи ояти 256-и сураи «Бақара»).

        Воқеан, Қуръони бузург масоили даъватро хеле бо лаҳни гуворову мулоим ба зеҳни умум расонидааст:

«Мардумро бо ҳикмату панди неку ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала бикун, зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Ў каҷрав шуданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад» (ояти 125-и сураи «Наҳл»).

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Бори дигар хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дини мубини Ислом имконоти бузург дар соҳаи муколамаҳои миёни фарҳангу тамаддунҳо, миёни низомҳои мухталифи иҷтимоӣ ва адёни гуногун дорад ва аз ин имконот доиман истифода мекунад. Аввалин чизе, ки Қуръони карим мардумро ба он даъват мекунад, сулҳ аст. Вақте ки дар паҳлуи як фарди мусалмон ғайримусалмон зиндагӣ мекунад, ба он роҳ додан лозим нест, ки эҳтиром нисбат ба ӯ камтар бошад. Ин ҷо бояд ягон маҳдудият набошад.

Дар ҷаҳони имрўза аксари муассисаю созмонҳои динӣ рў ба гуфтугў ва муколама ниҳоданд. Калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ майл ба ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои исломӣ дар масъалаҳои муҳими замон: пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза ба бемориҳои сангини аср, мубориза бо терроризм, расонидани кўмак ба мардуми камбизоату бенаво ва ғайраро доранд. Онҳо ва инчунин созмонҳои исломӣ дар фикри онанд, ки фарқиятҳои эътиқодӣ набояд монеъа ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ, маориф ва тандурустӣ, фарҳанг гарданд. Ин амалест, ки мутафаккирони дин дар асрҳои миёна барои инкишофи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҳам барои инкишофи фарҳанги исломӣ анҷом додаанд ва намунаи барҷастаи он осори Имоми Аъзам аст.

Имоми Аъзам Абўҳанифа барои густариши Ислом дар байни қавмҳои ғайри араб хидмати беназир намудааст. Бешубҳа, таҳаммулпазир будани мактаби фиқҳии ў боиси гароиши қавмҳои зиёде ба Ислом гардидааст. Имоми Аъзам бар пояи ин асли қуръонӣ эҳтироми ҳувияти фарҳангии қавмҳои дигарро таъмин намуд.

Оятҳои қуръонӣ мардумро даъват мекунанд, ки ба ин дастуроти олии маънавию ахлоқӣ ҷалб гарданд, зеро ин китоби осмонӣ модел ё қолаби махсуси таълимоти ахлоқист, ки иҷрои онҳо дунёро ба ҳамоҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру шафқат ва ҳамзистии осоишта меорад. Ҳадафи мусалмон накукорӣ ба хотири манфиати тамоми башарият аст. Инсони эътиқодманди ақоиди исломӣ вазифадор аст, ки бо дилу нияти нек ва раҳму шафқати инсонӣ ба олами атроф муносибат карда, дар иҷрои амалҳои шоистаи инсонӣ бо дигар ҳамдинону ҳаммазҳабон дар сабқат бошад. Зеро Худованди бузургу тавоно дар Қуръони маҷид фармудаанд:

«Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики Ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта, Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст надорад» (ояти 36-и сураи «Нисо»).

Ё худ дар ҷойи дигар:

«... Ва дар некукорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки уқубати Худо сахт аст» (ояти 2-и сураи «Моида»).

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрату эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони имрўз роиҷ аст, ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба Ислом ва пайравони он аст. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони Ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба Ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.

Ҳолиё дар ҳама расонаҳои иттилоотӣ, ба вижа дар васоити ахбори мамолики Ғарб Ислом мавриди таҳоҷуми ниҳоят зишту беадолатона қарор гирифта истодааст. Мухолифону бадхоҳони ин дини мубин бо ҳазорон рангу тобиши сухан он ақидаи ботилро мудом расонаӣ мекунанд, ки гӯё Ислом низоми эътиқодии ғайриилмист, таълимоти он аллакаи куҳна шуда, башариятро ба асрҳои миёна бозмегардонад. Ҳамчунин афкори иҷтимоие ҳосил кардаанд, ки муносиботи Ислом ба муҳити атроф ва ҳаводиси айём сабаби ба вуҷуд омадани ҷангу хунрезиҳо ва муноқишоту ихтилофоти хатарбор гардидааст.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – Ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо Ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд.

Дар асл, ин ҳам даъвиҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни манфиатдор ба он мақсад нигаронида шудаанд, ки нуфузу эътибори исломро паст кунанд, арзишҳои онро дар муқобили арзишҳои умумибашарӣ қарор бидиҳанд. Инчунин бархе бетартибиҳо, муноқишаҳо ва низоъҳои мусаллаҳона, ки дар баъзе кишварҳо ҷараён дорад, натиҷаи фаъолияти ҳамин гурӯҳҳо буда, бевосита ҳадафи сиёҳкунии дини Исломро дорад.

Фаромўш набояд кард, ки тамоми аҳкому аркони дини Ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоят, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

 Ислом динест, ки рисолаташ раҳо кардани мардум аз таассубу хурофот, ғуломиву бардагӣ, нуқсу иллатҳои зиндагӣ ва бемаънавиётист. Рисолати дигари ин дини мубин наҷоти башарият аз беадолативу    инқирози  ахлоқӣ, нобаробариҳои табақотӣ ва истисмор аст. Рисолати баъдии ин дин ҷалби омма ба озодиву озодагӣ, фаро гирифтани илму фазл, олиҳимматӣ ва заҳмати ҳамешагӣ барои такмили зиндагист. Барои иҷрои ин рисолатҳо ба ҳар кас ҳуқуқҳои муайян дода шудааст.

Дар Қуръони карим дар ин маврид ишораҳои саҳеҳ рафтааст:

«Эй мардум! Ҳаройина Мо шуморо аз як марду як зан биофаридем. Ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишносед...» (ояти 13-и сураи «Ҳуҷурот»).

Дини мубини Ислом таъкид  бар он мекунад, ки  инсон бояд  ҳадафи офариниши  худро бидонад ва мақсади  зиндагии хешро пайдо кунад.  Дини  Ислом хоҳони он аст, ки  ҳамзистии нек  байни башарият бояд пойдор бошад. Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро  низ хоҳад шинохт.

Паёмбари Ислом (с) аз аввали интишори ин дини муқаддас ҳамзистии арзишҳои ҳамаи дину миллатҳо, минҷумла дар ҳамаи замону макон баробарии инсонҳоро эълон карда гуфтанд: «Байни Арабу Аҷам фарқе нест магар ба худотарсӣ». Ва дар ҳадиси дигар мегӯянд: «Ҳамаи шумо аз Одам ва Одам аз хок офарида шудааст». Агар мо аз рӯи адолат нигоҳ кунем, дини мубини Ислом дини тинҷию оромӣ, дини инсонпарварӣ, дини иззату эҳтиром байни ҳамаи одамон мебошад.

Дини Ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намудааст. Ислом ба воситаи фарҳангҳои бумӣ, фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.

Раиси Шўрои уламо

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее