Главная Статьи ВАСФИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ

ВАСФИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ

ВАСФИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ
2024-02-14
471

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду ситоиши беадад Худованди ягонаро сазовор аст ва дуруду саломи бениҳоят ба Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Саъйу талош кардан баҳри ободонии ҷомеа ва зиндагии саодатмандона барои ҳар фарди мусулмон ҳатмӣ ва зарур аст. Чунки дунё киштзоре барои ҷаҳони охират аст ва ҳамон тавре ки маълум аст, кишоварз ҳамеша мекўшад, то киштзораш обод бошад, дар нигоҳубини он аз тамоми васоил ва имкониятҳо истифода мебарад, то ки офату зараре ба он нарасад. Ҳадафи мусулмон аз кору пайкораш дар ин дунё сер доштани бадани хеш аз рўзии ҳалол, боздоштани он аз луқмаи ҳаром, эҳсону некӣ кардан ба афроди ҷомеа ва ободии замин аст.

Худованди ҳаким дар Қуръони карим бандагонашро ба талаби ризқи покиза ва меҳнати ҳалол таблиғ намуда, аз бандагон мехоҳад, то онҳо мардумфиребӣ, дуздӣ, ҳиллаву найранг накунанд, балки мисли фиристодагони Худо бо дастранҷи худ зиндагӣ намоянд. Абўҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамоно агар яке аз шумо пуштаи ҳезуме бар дўшаш ҳамл кунад, барояш беҳтар аст аз ин, ки аз касе қасди талабидан кунад, ки ба вай бидиҳад ва ё аз ў манъ кунад».

Ҳама паёмбарони Худо, ки барои умматони хеш намунаи ибрат буданд, бо меҳнати ҳалол ризқи худро ба даст меоварданд. Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Довуд (а) ҷуз аз дастранҷи худ чизе намехўрд».

Абўҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд: «Закариё (а) наҷҷор (дуредгар) буд».

Миқдод ибни Маъдикариб (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳеҷ кас таъомеро нахўрда, ки беҳтар аз дастранҷи худи ў бошад ва Паёмбари Худо Довуд алайҳиссалом аз дастранҷи худ мехўрд».

Як рўз марде назди Пайғамбар (с) омада аз ў дархости пул кард. Он Ҳазрат (с) фармуд: «Оё дар хона чизе дорӣ?» Мард гуфт: «Оре, палосе дорам, ки қисмате аз онро ба тан карда, қисматеро паҳн мекунам ва пиёлае, ки дар он об менўшам». Расули Худо (с) фармуд: «Онҳоро назди ман биёвар!» Мард рафт ва он ашёро овард. Пайғамбар (с) фармуд: «Кӣ ин ашёро мехарад?» Марде посух дод: «Ман онҳоро ба як дирҳам мехарам». Он Ҳазрат (с) фармуд: «Касе ҳаст, ки бештар аз як дирҳам барои онҳо бипардозад?» Ин суханро ду ё се бор такрор намуд. Марди дигаре гуфт: «Онҳоро ба ду дирҳам мехарам». Расули Худо (с) онҳоро ба он мард дод ва ду дирҳамро гирифта ба марди фақир доду фармуд: «Бо яке барои хонаводаат ғизое бихар ва бо дигаре тешае харида, бо он назди ман баргард». Он мард тешае харида, назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) даст бар пушти ў ниҳоду фармуд: «Бираву ҳезум ҷамъ намо ва онро бифурўш ва то понздаҳ рўз туро набинам». Он мард рафт ва ба ҷамъ кардани ҳезум ва фурўхтани он машғул шуд. Пас аз он ки даҳ дирҳам гирд оварда, либосу ғизо харид, ба назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) фармуд:

 «Ин барои ту беҳтар аз он аст, ки гадоӣ бар чеҳраат нишоне дар рўзи қиёмат бигузорад. Дархости кумак ва суол ба ҷуз дар се маврид ҷоиз нест: Барои касе, ки дучори фақри шадид бошад ё соҳиби қарзи бисёр ва ё касе, ки хунбаҳо дар зиммааш бошад». (Ривояти Абўдовуд).

Чунончи маълум аст, дини мубини Ислом дини кору амал ва саъйу кўшиш аст, кору талош барои ҳам дунё ва ҳам охират. Худованди Мутаъол мефармояд:

 «Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоҳи) сарои охиратро биҷўй ва аз дунё ҳиссаи худро фаромўш макун». (Сураи «Қасас», ояти 77).

Дар ин оят Худованд бандагонашро хотиррасон мекунад, ки неъматҳо ва зарфиятҳову истеъдодҳои ҷисмию равонии ба онҳо атокардаи ўро истифода намуда, ҷаҳони охираташонро обод созанд ва ҳамзамон барои ободонии дунё саъйу талоши худро дареғ надоранд. Дар ояти дигаре Худованди Мутаъол мефармояд:

 «Ў Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рўи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихўред. Ва барангехтан ба сўи Ўст». (Сураи «Мулк», ояти 15).

Агар ба зиндагонии пайғамбарони илоҳӣ назар андозем, мебинем, ки ҳамаи онҳо касбе доштанд ва ба василаи ин амали дасташон ҷомеаро обод мекарданд. Ҳазрати Одам (а) ба кишоварзӣ, Нўҳ (а) ба дуредгарӣ, Идрис (а) ба дўзандагӣ,  Мўсо (а) ба чўпонӣ, Довуд (а) ба зиреҳсозӣ, Сулаймон (а) ба сабадбофӣ ва ҳазрати Пайғамбар (а) ба чўпонӣ ва тиҷорат машғул буданд. Расули Худо (с) дар бисёре аз корҳо бо саҳобагон ширкат меварзид ва кору пайкор мекард.

Рўзе саҳобагон дар ҳузури Пайғамбар (с) нишаста буданд, марди танумандеро диданд, ки бо шитоб меравад ва дар кораш ҷаҳду кўшиш мекунад. Асҳоб аз шўру нишоти он мард ба тааҷҷуб афтода гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ, эй кош ин ҳолро дар роҳи Худо медошт». Пайғамбар (с) фармуд:

 «Агар барои ба даст овардани рўзӣ барои фарзандони хурдсолаш баромада бошад, пас дар роҳи Худост, агар барои падару модари пираш баромада бошад, низ дар роҳи Худост, агар берун омаданаш барои он бошад, ки худро аз гадоӣ кардан ҳифз намояд, пас дар роҳи Худост, вале агар ба хотири риё ва фахрфурўшӣ баромада бошад, пас дар роҳи Шайтон қарор дорад». (Ривояти Табаронӣ).

Шоире фармудааст:

Қадри ту аз кўшишу корат барояд бар фароз,

Шаб нахобад он ки майлаш сўи боло рафтан аст.

Орзўи қадри воло бе талошу ранҷи даст,

Сарфи умри хеш андар хаёли воҳӣ аст.

Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегўяд: «Барои дунёят чунон кор кун, ки гўё ба таври ҳамеша зинда ҳастӣ ва барои охиратат чунон кор кун, ки гўё фардо мемирӣ».

Худованди мутаъол бандагони худро дар баробари адои маросими ибодот ба кору пайкор дар умури зиндагӣ дастур дода, мефармояд:

 «Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед». (Сураи «Ҷумъа», ояти 10).

Фарди мусулмон дар ҳар шароите, ки бошад, аз кору амал ва ободсозию созандагӣ набояд даст кашад, зеро Расули Худо (с) мефармоянд:

 «Агар қиёмат дар ҳолати барпо шудан бошад ва шохаи хурмое дар даст доштед, агар пеш аз барпо шудани қиёмат онро шинонида тавонистед, пас ҳатман онро шинонед». (Ривояти Аҳмад).

Инчунин пешвои мазҳаб Имоми Аъзам мегўянд: «Аз роҳҳои дуруст ва касби ҳалол мол ба даст овар

Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармудаанд:

«Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ў вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кўшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».

Пас моро зарур аст, ки ба тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рў оварем.

Аз ин рў, ҳамаи моро зарур аст, ки бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намуда, дар тарбияи фарзандон ва ободии ватани худ саҳмгузор бошем.

Пас ҳар фарди мусулмонро зарур аст, ки бо фикру андешаи созанда баҳри ободӣ ва пешрафти ҷомеа бикўшад, то ба ин васила саодати ҷомеаро таъмин созад ва ризои Парвардигори ягонаро ба даст оварад.

Время намаза в Душанбе

23.11.2024

Подробнее
Фаджр05:38
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее