ИФРОТГАРОӢ ВА ХУРОФОТПАРАСӢ ҶАҲОЛАТ АСТ
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду бепоён ба хотами пайғамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!
Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Дар ҷомеаи мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрату эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони имрўз роиҷ аст, ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба Ислом ва пайравони он аст. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони Ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба Ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.
Дар асл, ин ҳам даъвиҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни манфиатдор ба он мақсад нигаронида шудаанд, ки нуфузу эътибори исломро паст кунанд, арзишҳои онро дар муқобили арзишҳои умумибашарӣ қарор бидиҳанд. Инчунин бархе бетартибиҳо, муноқишаҳо ва низоъҳои мусаллаҳона, ки дар баъзе кишварҳо ҷараён дорад, натиҷаи фаъолияти ҳамин гурӯҳҳо буда, бевосита ҳадафи сиёҳкунии дини Исломро дорад.
Фаромўш набояд кард, ки тамоми аҳкому аркони дини Ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоят, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Ислом динест, ки рисолаташ раҳо кардани мардум аз таассубу хурофот, ғуломиву бардагӣ, нуқсу иллатҳои зиндагӣ ва бемаънавиётист. Рисолати дигари ин дини муқаддас наҷоти башарият аз беадолативу инқирози ахлоқӣ, нобаробариҳои табақотӣ ва истисмор аст. Рисолати баъдии ин дин ҷалби омма ба озодиву озодагӣ, фаро гирифтани илму фазл, олиҳимматӣ ва заҳмати ҳамешагӣ барои такмили зиндагист. Барои иҷрои ин рисолатҳо ба ҳар кас ҳуқуқҳои муайян дода шудааст.
қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва ходимони дин вобаста ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ мебошад. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд.
Бояд мо фаромўш накунем, ки дар натиҷаи ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ мо як бор хато кардем ва оқибати он ба ҳама маълум аст. Бинобар ин, баҳри пешгирии ифротгароии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Ба қавли Саъдии бузург:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст!
Дар ин замина ба Ватану миллати мо, ба сулҳу суботи мо, ба ҳаёти осоиштаи мо низ як идда ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ таҳдид мекунанд. Таҳририву салафӣ, доишиву наҳзатӣ ҳама дар каминанд. Ягона мақсади онҳо бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва шабакаҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд. Не, ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст!
Ислом зотан ва табиатан дини сулҳпарвару таҳкимбахшандаи субот аст. Ин қоида, яъне озодии эътиқод дар Қуръони азимушшаън низ сабт шудааст:
«Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест...» (ояти 256- и сураи «Бақара»).
Хотирасон кардан ба маврид аст, ки Ислом динест, ки рисолаташ раҳо кардани мардум аз таассубу хурофот, ғуломиву бардагӣ, нуқсу иллатҳои зиндагӣ ва бемаънавиётист. Рисолати дигари ин дини мубин наҷоти башарият аз беадолативу инқирози ахлоқӣ, нобаробариҳои табақотӣ ва истисмор аст. Рисолати баъдии ин дин ҷалби омма ба озодиву озодагӣ, фаро гирифтани илму фазл, олиҳимматӣ ва заҳмати ҳамешагӣ барои такмили зиндагист. Барои иҷрои ин рисолатҳо ба ҳар кас ҳуқуқҳои муайян дода шудааст.
Дар Қуръони карим дар ин маврид ишораҳои саҳеҳ рафтааст:
«Эй мардум! Ҳаройина Мо шуморо аз як марду як зан биофаридем. Ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишносед...» (ояти 13-и сураи «Ҳуҷурот»).
Дини мубини Ислом таъкид бар он мекунад, ки инсон бояд ҳадафи офариниши худро бидонад ва мақсади зиндагии хешро пайдо кунад. Дини Ислом хоҳони он аст, ки ҳамзистии нек байни башарият бояд пойдор бошад. Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро низ хоҳад шинохт.
Аз ин рӯ, ҳар як падару модар ва устодони мактабу коллеҷу донишгоҳҳо ва ходимони дин вазифадор ҳастанд, ки наврасону ҷавононро назорат намоянд, ба онҳо тарзи дуруст истифода намудани интернетро омӯзонанд.
Хомўшов ҷамолиддин – Сардори Раёсати фатво