Главная Статьи Силаи Раҳм ва ҳукми он дар шариъати Ислом

Силаи Раҳм ва ҳукми он дар шариъати Ислом

Силаи Раҳм ва ҳукми он дар шариъати Ислом
2024-10-12
80

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Ҳамду сано Худовандро, ки аз обе инсон офарида байни онҳо қаробату хешӣ қарор дод. Ўро ҳамду шукр мегўем. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ѓайри Худованди ягонаи бешарик, ки илмаш ҳамаро фаро гирифтааст. Ва шаҳодат медиҳам, ки Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад банда ва фиристода ва беҳтарини махлуқоти Ўст, ки дорои мартабаи баланд ва фазилати бузурге мебошад. Салавоту салому баракоти Худованд бод бар Ў ва тамоми хонадону ёронаш. Аммо баъд...

        Шариъати ислом дар мавриди силаи раҳм ё иртиботи қавӣ доштан бо хешовандонро таъкиди хоссе намудааст. Дар оятҳои гуногӯне онро бо ваъидҳои шадидуллаҳне барои мо мусалмонон баён доштааст.

         Худованд мефармояд: 

        «Эй мардум, аз он Парвардигоратон, ки шуморо аз як нафар офарида, аз он ҳамсарашро офарид ва аз домони эшон мардону занони зиёде офаридааст, битарсед. Ва битарсед аз Худое, ки ҳамдигарро ба номи ў мепурсед ва аз тарки силаи раҳм, ҳамоно, ки Худованд муроқиби шумост» (сураи Нисо, ояти 1).

         Ў шуморо аз як ҷон офаридааст. Худои шумо як аст ва аслатон як аст. Шумо як оила ҳастед, ки аз он мардону занони зиёде мебароянд, то бо ҳам якҷо вохўранд ва робитаи шумо як бошад. Баробарӣ ва дастгирии ҳамдигар ҳам аз ҳамин ҷо сар мезанад. Барои ҳар инсон хешону наздиконаш пуштибон ва такягоҳ ба шумор мераванд.

         Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: «Инҳо ҳам хешони туянд. Ту бо онҳо калону бузург мешавӣ. Дар сахтиҳо дастгири туанд. Ту бузургони эшонро азиз дору беморони онҳоро хабар гир ва мушкилоти онҳоро бартараф намо. Коре накун, ки дар назари хешонат аз ҳама бадтар бошӣ».

         Худованд ҳар ҷо, ки ба тавҳид амр намуда, аз ширк дур карда бошад, ҳамроҳаш накўӣ бо волидайн ва хешонро овардааст.

         Чунонки Худованд мефармояд: «Шумо Худовандро ибодат намуда, ба Ў касеро шарик наёваред. Ва бо волидайн накўкор бошед ва бо хешон, ятимон, бечорагон, ҳамсоягони наздик, ҳамсоягони ҳампаҳлў, дўстони ҳампаҳлў ва мусофирон ва зердастонатон. Ҳамоно, ки Худованд мутакаббирони фахрфурўшро дўст намедорад» (сураи Нисо, ояти 36).

        Инчунин Худованд мефармояд: «Ва Худованд дастур додааст, то ѓайри ў касеро ибодат накунед ва бо волидайн накўкор бошед» (сураи Исро, ояти 23).

        Худованд дар давоми ояти боло мефармояд: «Ва ту ҳаққи хешон, мискинон ва мусофиронро адо намо» (сураи Исро, ояти 23).

        Хонандаи гиромӣ бояд донист, ки силаи раҳм ҳаққест бар болои ту барои ҳар касе, ки бо ту риштаи пайванди хешӣ дорад. Ҳар қадар ин ришта наздиктар бошад, ҳамон қадар ҳаққаш бештар мегардад. Инсон бояд аз модар шурўъ кунад, баъд падар, баъди он хеши наздик ва ѓайра...

         Роҳи анҷом додани ҳаққи хешовандӣ он аст, ки бо онҳо дўстӣ намуда, бо дили васеъ ва қалби солим муомала намоӣ. Худованд ба зану шавҳар, ки асли оила ва решаи он ба шумор мераванд, танҳо ҳамин сифатро бештар миннат намудааст, ки дар байни онҳо дўстию меҳрубонӣ эҷод кардааст. Худованд мефармояд:

       «Яке аз нишонаҳои қудрати Худованд он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсарон офарид, то ба онҳо ором гиред ва дар миёнатон дўстию меҳрубониро эҷод намуд» (сураи Рум, ояти 21).

        Асли тамоми алоқа ва робита, дўстию меҳрубонист, ки агар он нобуд шавад, ришта канда мешавад ва фасод ҳукмрон мегардад ва лаънати Худо он ҷо меояд. Худованд мефармояд: «Ва онҳое, ки пас аз паймон бастан бо Худо паймоншиканӣ мекунанд, пайвандҳоеро, ки Худованд ба истиқрорашон амр намудааст, қатъ мекунанд ва дар рўи замин фасодкорӣ мекунанд, дар сарои дигар гирифтори лаънат ва бадфарҷомӣ мешаванд?» (сураи Раъд, ояти 25).

        Силаи раҳм сабаби баракат дар ризқ ва барор дар зиндагӣ буда, Худованд иззату обрў ва ҳайбату бузургиро тавассути он баланд мекунад. Имом Аҳмад ва Ибни Моҷа аз ҳадиси ҳазрати Оиша (р) дар ҳадиси марфуъ чунин ривоят мекунанд: «Силаи раҳм, рафтори накў ва ҳамсоягии хуб шаҳрҳоро ободу умрро зиёд мекунад». Тамоми ровиёни ин ҳадис аҳли сиққа мебошанд.

        Ҳоким аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар кӣ мехоҳад умри дароз дида, ризқаш фаровон бошад ва бо марги бад гирифтор нашавад, пас бояд аз Худованд битарсад ва силлаи раҳм намояд».

        Дар ҳадис омадааст: «Силаи раҳм омили муҳаббат дар оила ва баракат дар мол ва зикр баъди мурдан аст» (Ривояти Тирмизӣ). Яъне, силаи раҳм сабабгори асосии умри дароз дидан ва баракат дар молу ҷон мегардад. Бо силаи раҳм, дўстӣ мустаҳкам гашта, муҳаббат афзун мегардад ва риштаи қаробат қавӣ гашта, душманӣ аз байн меравад ва хуррамӣ дар оила ҳукмфармо мегардад.

        Дониста бошед, ки силаи раҳм ва накўӣ бо хешон, роҳҳои гуногун ва услубҳои зиёде дорад ва касе наметавонад даъво кунад, ки ман тавони иҷрои онро надорам. Вохўрӣ бо чеҳраи кушод, муомилаи хуб, сухани хуш ва табассум ҳама силаи раҳм ба шумор меравад. Ба зиёрат рафтан, алоқаҳоро барқарор намудан, аз аҳволи ҳамдигар бохабар шудан, гуфтугўи телефонӣ, номанависӣ, ба бечорагон дасти кўмак дароз кардан, эҳсон намудан, ба ҳамдигар ҳадя додан ҳам, силаи раҳм аст. Якдигарро бахшидан, айби ҳамдигарро нодида гирифтан, ба ҳоли ҳамдигар нахандидан, аз адлу инсоф кор гирифтан ҳангоми алоқаҳо ва барои ҳамдигар дуои хайр намудан, айни силаи раҳм аст.

        Бо вуҷуди ин ҳама гуфтаҳо ва бо вуҷуди фаровон будани ин ҳама ояту ҳадисҳо дар мавзўи силаи раҳм, мардуми зиёдеро мебинем, виҷдони онҳо мурдааст ва аз роҳи росту адлу инсоф дур мондаанд. Онҳо на парвои хешовандон доранд ва на дар фикри силаи раҳм ҳастанд, ҳатто намедонанд хешонаш киҳоянд? Айбу ор аст барои он касе, ки Худованд барояш мартабаи баланд, ризқу рўзии фаровон дода бошад, вале ў хешони худро мункир мешавад ва ё худро аз эшон болотар шуморида, ба сўи онҳо бо чашми таҳқиромез назар мекунад.

         Аҳёнан чунин ҳам мешавад, ки аз нисбат додан ба онҳо худдорӣ мекунад. Ў на ба онҳо некӣ менамояд ва на ба мўҳтоҷонашон дасти кўмак дароз мекунад. Силаи раҳмро буридан, бадбахтӣ ва харобӣ меорад ва боиси гирифтор шудан ба лаънати илоҳӣ гашта, сабабгори асосии кўр шудани чашму дил мегардад. Худованди мутаъол мефармояд: 

        «Пас, (эй мунофиқон), агар ҳоким шавед, аз шумо ин таваққӯъ аст, ки дар замин табоҳкорӣ кунед ва қатъи хешовандӣ намоед. Ин ҷамоа ононанд, ки Худо онҳоро лаънат кард, пас, онҳоро кар сохт ва чашмҳояшонро кӯр кард. (сураи Муҳаммад, оятҳои 22-23).

         Қатъи силаи раҳм яке аз гуноҳони кабира ба шумор меравад ва уқубати онро Худованд фавран дар ҳамин дунё пеш аз охират хоҳад дод. Абудовуд ва Муслим ҳадиси шарифе овардаанд, ки аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки фармуданд: «Ҳеҷ гуноҳе нест, ки Худованд соҳиби онро ҳам дар дунё уқубат диҳад ва ҳам дар охират ба ѓайр аз ситам ва буридани силаи раҳм».

          Аз Ибни Масъуд ривоят мекунанд, ки баъди намози субҳ дар ҳалқае нишаста буд ва гуфт: Ман касонеро, ки қатъи силаи раҳм мекунанд, ба Худо савганд медиҳам, то аз миёни мо берун шаванд, зеро ман мехоҳам дуо кунам, аммо тамоми дарҳои осмон ба рўи касе, ки қатъи силаи раҳм мекунад, бастаанд.

        Чизе, ки савобу аҷраш аз ҳама пештар ба инсон мерасад, ин некӣ кардан ва силаи раҳм аст. Чизе, ки аз ҳама пештар азобаш ба инсон мерасад, ин ситам ва қатъи силаи раҳм аст.

         Аз ҳамин сабаб, мебинем баъзе инсонҳои аз хайр бенасибро, ки бо андак сабаб алоқаи худро бо хешовадонаш қатъ мекунад. Ин корро ё бо шунидани сухане, ё чизи бемаъние, ки аз онҳо дидааст, анҷом медиҳад. Чунин инсонҳо бехабар аз онанд, ки шояд ин корашон сабабгори асосии омадани бало бар сари онҳо, ё бар сари хонаводаашон гардад. Аз имкон берун нест, ки маҳз ба сабаби ин корашон гирифтори лаънати Худованд қарор гиранд ва баракат аз ризқу рўзияшон дур шавад.

         Ҳазрати Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн фарзанди худро чунин васият мекард: «Ҳаргиз бо касе, ки қатъи силаи раҳм мекунад, ҳамсўҳбат машав, зеро ман ўро дар се ҷои китоби Худо малъун дидам».

         Шумо аз Худованди мутаъол битарсед, ҳамеша бо хешовандон силаи раҳм намоед. Хешовандон дар қаробат ва наздикӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳар қадар инсон ба ту наздиктар бошад, ҳамон қадар силаи раҳм намудан бо ў бештар бояд анҷом шавад. Ҳамеша бо онҳо некӣ намоед, агарчӣ онҳо бо шумо бадӣ кунанд. Шумо алоқаро бо онҳо мустаҳкамтар намоед, агарчӣ онҳо алоқаро бо ту канда кунанд. Агар шумо ин корро анҷом диҳед, албатта Худованд баракатро бар сари шумо бештар меорад ва ризқи шуморо фаровонтар мекунад ва дар умри гарони шумо баракат дода, онро дароз хоҳад кард.

         Худованд мефармояд: 

       «Ҳамоно, Худованд ба адлу эҳсон ва бахшиш ба наздикон амр менамояд. Ва аз фоҳишагӣ ва бадӣ ва ситамгарӣ манъ мекунад. Ў шуморо панд медиҳад, шояд ки панд бигиред». (сураи Наҳл, ояти 90).

        Ту албатта хешони наздик дорӣ. Ту хоҳар, бародар, амак, амма, таѓо, хола дорӣ. Ҳар яки инҳо дорои чанд фарзанд мебошанд ва ѓайри инҳо боз дигар хешон ҳам дорӣ. Ту бо онҳо чӣ алоқа дорӣ, оё онҳоро мешиносӣ?

          Оё ту бо онҳо робита дорӣ? Оё ҳаққи онҳоро адо мекунӣ ва ё парвои ҳаққи онҳо надорӣ? Ман бовар намекунам, ки ту дар фикри онҳо набошӣ, дар сурате, ки аз Худованд метарсӣ ва умеди савоби ўро мекунӣ ва ту яқин медонӣ, ки Худованд барои онҳое, ки ҳаққи хешонро мешиносанд ва пос медоранд, чӣ накўиҳое дар дунё ва қиёмат омода намудааст. Аммо агар ту силаи раҳмро қатъ намоӣ, дар ин сурат гумон намекунам, ки дар бораи уқубати он чизе бидонӣ ва илло ҳаргиз даст ба он намезанӣ.

           Худованд ваъда кардааст, ҳар кӣ алоқаро бо хешовандонаш қавӣ кунад, Худованд алоқаашро бо ў қавӣ мекунад ва ҳар кӣ алоқаашро бо хешонаш канда кунад, Худованд алоқаашро аз ў мебурад. Пас кист он мусалмоне, ки мехоҳад Худованд алоқаашро аз ў канда кунад ва намекўшад, то алоқааш бо Худованд мустаҳкам гардад.

          Ҳазрати Абуҳурайра аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Худованд тамоми махлуқотро офарид. Чун аз офаридан фориѓ шуд, силаи раҳм гуфт: Ин аст мақоме, ки ба ту паноҳ мебаранд аз буридани он. Гуфт бале, оё намехоҳӣ, то бипайвандам бо ҳар кӣ туро пайваст карда ва бибуррам аз ҳар кӣ туро бурад? Силаи раҳм гуфт: Оре, Эй Парвардигори ман. Худованд гуфт: Ин насиби туст. Абуҳурайра мегўяд: Агар бихоҳед ин оятро бихонед: «Шояд шумо вақте вазифадор шудед, дар замин фасодкорӣ кунед ва силаи раҳмро қатъ намоед» (сураи Муҳаммад, оятҳои 22-23), (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

          Ибни Касир дар тафсири ин ояти муборак мегўяд: Ин оят наҳй мекунад аз фасод кардан дар рўи замин ва аз кандани риштаи қаробат. Балки Худованд бо ин ояташ мефармояд, то дар замин ислоҳкорӣ намоем ва алоқаи хешовандиро қавӣ гардонем. Қавӣ намудани алоқа бо гуфтору рафтор ва бо сарфи мол сурат мегирад. Дар бораи гуфтаҳо ҳадисҳои саҳеҳ ва ҳасани зиёде омадааст.

          Силаи раҳм аз Худованд аст. Шумо онро бипайвандед, то Ў бо шумо бипайвандад. Зеро агар инсон раҳмати илоҳиро аз даст диҳад, ба кадом раҳмати дигаре умеду орзу дорад?

         Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Силаи раҳм наздикие дорад бо Худованд ва Худованд гуфтааст: Ҳар кӣ туро пайванд кард, ман бо ў мепайвандам ва ҳар кӣ туро канда кард, аз ў канда мешавам» (Ривояти Бухорӣ). Силаи

раҳм худ ҳамеша дуо мекунад, ё ба фоидаи соҳибаш ва ё ба зарари ў. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Силаи раҳм дар Арш овезон шуда, дуо мекунад, ки Худоё, ҳар кӣ силаи раҳм кунад, Худованд бо ў сила кунанд ва ҳар кӣ силаро қатъ кунад, Худованд аз ў алоқаро барканад» (Ривояти Муслим).

          Хонандаи гиромӣ мўъмини ҳақиқӣ ҳамеша силаи раҳм мекунад ва ҳаргиз онро намеканад, балки мекўшад, то онро қавитар ва мустаҳкамтар созад, агарчӣ тарафи муқобил дар ин кор муқассир бошад. Зеро мўъмин ба сухани Паёмбараш итоат мекунад, ки мефармояд: «Ҳар кӣ имони ба Худо ва рўзи қиёмат дошта бошад, бояд силаи раҳм кунад ва ҳар кӣ имони ба Худо ва рўзи охират дошта бошад, бояд ё сухани нек гўяд, ё хомўш истад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

          Шояд баъзе инсонҳое ҳастанд, ки хешони зиёде доранд, вале бо онҳо алоқа намекунанд, на ба зиёраташон мераванд ва на онҳоро ба хонаашон даъват мекунанд ва на ба онҳо фоидае мерасонанд. Агар аз ў сабаби ин корашро пурсӣ, ў кори кардаашро хуб ҳисобида, даъво мекунад, ки онҳо ба хонаи ман наоянд ва дар маъракаҳои худ маро даъват накунанд, чаро ман ба хонаи онҳо равам ва чаро онҳоро ба хонаи худ даъват кунам? Ё мегўянд: Ман ба онҳо садҳо маротиба хубӣ кардам, вале онҳо ба ман ҳамеша бадӣ мекунанд. Ман борҳо ба хонаи онҳо рафтам, вале онҳо боре ҳам ба хонаи ман наомаданд. Чанд бор рафтам, дар хона набуд ва чанд бор даъваташ кардам, наомад. Пас чаро худро заҳмат медиҳам? Ў ин баҳонаҳоро пеш меорад, вале аз дастуроти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам бехабар аст, ки дар ҳақиқат силаи раҳми комилро на он кас ба ҷо меорад, ки дигарон ўро бо ин кораш ташаккур гўянд, ки чун дигарон алоқа карданд, ў низ алоқа кунад ва агар алоқаро буранд, ў низ бибурад. Балки воҷиб он аст, ки инсони мусалмон бояд алоқаашро бо хешон ҳамеша нигоҳ дорад, агарчи дигарон ҳаққи ўро адо накунанд ва ўро нодида гиранд.

          Абдуллоҳ ибни Амр ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Силаи раҳмро на касе ба ҷо овардааст, ки ба сабаби силаи раҳм карданаш ўро мукофот диҳанд, балки он касеро мегўянд, ки алоқаро пайваст мекунад, дар ҳоле, ки дигарон онро канда мекунанд». (Ривояти Бухорӣ).

         Ибни Ҳаҷар дар бораи ҳадиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам, ки фармуданд: «Силаи раҳмкунанда шахсеро намегўянд, ки ба сабаби силаи раҳм карданаш ўро мукофот диҳанд» чунин мегўяд: Барои он кӣ ў касест, ки ба дигарон ҳамон қадар медиҳад, ки ба ў медиҳанд. Абдурозиқ аз ҳазрати Умар дар ҳадиси мавқуф чунин ривоят мекунад: «Силаи раҳмкунанда касеро намегўянд, ки бо касе робита кунад, ки бо ў робита мекунад, зеро ин қисос аст. Яъне, муъомилаи мисл ба мисл аст. Вале силаи раҳмкунанда касеро гўянд, ки алоқа кунад бо он кас, ки алоқаро

кандааст».

        Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки марде ба назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам омада гуфт: «Ман хешони зиёд дорам, бо онҳо риштаи хеширо пайванд мекунам, вале онҳо онро қатъ мекунанд, ман ба онҳо некӣ мекунам ва онҳо ба ман бадӣ мекунанд ва ҳамеша бо онҳо бо ҳилм муомила мекунам ва онҳо бо ман бо ҷаҳл муомила доранд. Пас Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Агар гуфтаи ту рост бошад, гўё ту бар даҳони онҳо хокистари сўзон мепошӣ. Дониста бош, ки агар ту чунин бошӣ, Худованд ҳамеша пуштибони туст» (Ривояти Муслим).

        Имом Нававӣ мегўяд: Гўё ба даҳони онҳо хокистари гарм мепошӣ, яъне, онҳо ба сабаби ин корашон чунон алам мекашанд, ба монанди касе, ки хокистари гармро ба даҳон мекунад. Ин азобро на ба сабаби ин накўкор мекашанд, балки ба сабаби бадии кардаи худ, ки силаи раҳм

намекунанд ва ба ин мард ҷафо мекунанд.

        Хонандаи азиз, умед дорам, ки ту ба монанди ин марди бузург силаи раҳмро чизи муҳим меҳисобӣ ва умед дорам, дар байни хешони ту ба монанди хешони ин мард шахсони кинагир набошанд. Вале агар чунин хешон дошта бошӣ, ин кор боиси он нагардад, ки ту алоқаатро бо онҳо канда кунӣ, ба онҳо некӣ накунӣ ва дониста бош, ки ҳамеша дар вақти пайванд кардани алоқа бо хешон Худованд ҳамроҳи туст.

        Хонандагони гиромӣ баъди ин ҳама гуфтаҳо, ҳамеша ба ёд оред, ки силаи раҳм сабаби зиёд гардидани ризқу рўзӣ ва дароз шудани умр аст.          Ҳазрати Анас ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар кӣ орзу дошта бошад, ки ризқаш зиёд ва умраш дароз шавад, бояд силаи раҳм намояд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

          Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Насаби худро ба андозае бояд бидонед, ки бо он силаи раҳм кунед, зеро силаи раҳм муҳаббатро дар оила зиёд намуда, баракатро дар мол ва дарозиро дар умр меорад» (Ривояти Тирмизӣ).

         Худованд мову шуморо аз ин ҳама насиҳатҳои Қуръону аҳодис суд бахшад. Ман суханамро дар ин ҷо поён медиҳам ва аз Худованд барои худам ва барои шумо омўрзиш металабам. Барои он кӣ ба комёбии омўрзишталабон бирасед, аз Худованд ҳамеша омўрзиш талабед, ки ў омўрзандаи меҳрубон аст.

Время намаза в Душанбе

16.10.2024

Подробнее
Фаджр05:03
Зухр12:40
Аср16:00
Магриб17:56
Иша19:26
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее