Главная Статьи ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДУРНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДУРНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДУРНАМОИ  РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
2025-01-11
16

Ҳамду сано Худовандро, дуруду салом ва баракоти бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва хонадону ёронаш.

Парвардигор дар қуръони карим ояти 7-и сураи «Иброҳим» мефармояд: «Ва из тааззана раббукум лаин шакартум лаазиданнакум ва лаин кафартум инна азоби лашадид», яъне ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шумо ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато фармудаам шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам…

ҳар неъматеро, ки Парвардигор барои мо арзонӣ фармудааст, бояд онро пос дошта, шукри онро ба ҷо орем. Мо ҳамагон неъматҳои додашудаи Худовандро ба хубӣ медонем. Яке аз ин неъматҳои илоҳӣ, зиндагонии осудаи мардуми шарифи тоҷик дар шароити сулҳу субот, тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ, фазои озодонаи изҳори андеша, афкори шахсӣ ва озодии дину ақида мебошад.

Рӯзи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Паёми Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар пахш гардида, ҳамагон аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки баҳри беҳтар гардонидани сатҳи некўаҳволии мардум, ҳамаи донишу малакаамонро истифода бурда ба халқ хидмат кунем, то халқи ин кишвар ҳамеша хурсанд бошанд. Дар ҳақиқат хидмат ба халқи Худо, яке аз амалҳои беҳтарин дар назди Парвардигор ба ҳисоб рафта, он нафари хидматкунанда беҳтарин ва маҳбубтарин банда дар пешгоҳи Худованд ба шумор меравад. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Беҳтарин инсон дар назди Парвардигор ҳамоне аст, ки барои мардум некӣ ва хидмат мекунад» (ривояти Табаронӣ).

Агар ба Паёми Роҳбари давлат хуб эътибор дода, ба тарозуи ақлу имон баркашем, дар ҳақиқат мефаҳмем ва дарк мекунем, ки ҳама маншаъ аз қуръону суннат аст. Он чиро, ки ҳадафу мақсади дини Ислом аст, Пешвои миллат ҳамонро баён карданд, аз он ҷумла: шукргузорӣ аз неъматҳои сулҳу субот ва амну оромӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн (хоссатан модаронро зиёдтар зикр карданд, ки Пайғамбар с.с. низ модарро зиёдтар зикр кардаанд), таълиму тарбияи фарзандон, соҳиби касбу ҳунар ва одобу ахлоқи хуб кардани онҳо аз ҷониби падару модар, тозаю озода нигоҳ доштани макони зист, некию хубӣ кардан ба мардум, ҳифзи марзу буми Ватан, риояи урфу одатҳои неки ниёгон, шароити хуби зиндагиро барои мардум фароҳам овардан ва хиёнату ношукрӣ накардан ва ғайра. ҳама панду насиҳат ва роҳнамоиҳо дар ин Паём, маншаъ аз воқияту ҳикмат аст.

Яке аз муҳимтарин масоил, ки падару модар дар зиндагӣ мебоист ба он таваҷҷуҳи комил дошта бошанд, тарбият ва омўзиши илму дониш ба фарзандон аст. Тарбияи фарзанд кори басо душвор буда, онро аз рўзҳои аввали ҳаёт бояд шурўъ намуд. Мутаассифона баъзе волидон ба дарки ин маънӣ намерасанд ва ба тарбияи фарзандонашон аҳамият намедиҳанд. Андешаи волидон дар мавриди он, ки кўдакро баъди боақл шуданаш тарбият намуда ба роҳи дурусти зиндагӣ равона кардан лозим аст, комилан ғалат аст. Табиист, ки волидон бо рафтори худ ба ҳолати рўҳии кўдак ва мафкураи ў таъсир мерасонанд. Аз рафтори падару модар сифати ахлоқу одоби кўдак вобастагӣ дорад, ки дар ин замина мутафаккири бузург Имом ғаззолӣ (р) чунин гуфтаанд:

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис аст ва нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки бикорц бирўяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд».

ҳамчунин Пайғамбарамон (с) оиди таълиму тарбияи фарзандон ва некў гардондани одобу ахлоқи онҳо, барои волидайн дастуру супориш ва роҳҳои пурсамареро нишон додаанд. Аз он ҷумла Анас ибни Молик аз он ҳазрат (с) чунин ривоят карданд: «Фарзандонатонро ҳурмату эҳтиром ва икром намоед ва одобу ахлоқи онҳоро некў намоед». (ривояти Ибни Моҷа) Инчунин фармудаанд: «Падару модарон барои фарзанд аз одобу ахлоқи некў дида, дигар ҳеҷ чизи қимату арзишмандеро ҳадя карда наметавонанд» (ривояти Тирмизӣ).

Сарвари давлат дар паёми навбатиашон ҳамчунин оиди боз ободу зебо кардани ин кишвари азизамон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист таъкид карда гузаштанд, ки мо бо дасти худамон ин диёри биҳиштосоямонро бунёд ва ободу зеботар мекунем. Мо мардуми мусулмон бояд мо ба тозаю озодагӣ ва хушмуомилагию хушрафторӣ хеле ҷиддӣ эътибор диҳем. Зеро меҳмонону сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, маданияту урфу одат ва рафтору кирдори мардуми моро дида, ба миллати мо ва ба мусулмонии мо баҳо медиҳанд.

Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои сарвари худ тамоми мушкилоту монеаҳоро паси сар карда, бо заҳмату мардонагӣ ва ғайрату шуҷоат ба ҳадафи хеш ноил гардид. Мардуми тоҷик бори дигар номус, виҷдон ва ҳимматбаландии худро исбот намуд, зеро ин миллат бо хиради худододӣ, меҳнатдўстиву фидокорӣ пайваста дар пайи амалҳои созандагию ободкориҳост. Роҳнамоиҳои Пешвои миллат низ ба ҳамин самт нигаронида шудааст. Мову шумо ҳар як нафаре, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ медонад, вазифадорем беш аз пеш заҳмат кашида баҳри ободии ватани азизамон хидмату ҳиммати худро дареғ надорем. ҳамчунон ки Парвардигори бузург дар яке аз оятҳои қуръони маҷид мефармояд:  «Худованд сарнавишт ва ҳолату гирифториҳои ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то он замоне, ки он қавм ҳолати худро тағйир диҳанд». (сураи Раъд, ояти 11).

Инчунин зимни ироаи худ Пешвои миллат ба ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи давлату миллат ба шумор мераванд низ таваҷҷуҳ намуда, изҳор доштанд, ки “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.

Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.

Ба ҳамин хотир мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дастуру супоришҳои Роҳбари давлатамонро сармашқи кори хеш намуда, ба ҳар гуна дасисаву фитна ва фиребу найрангҳои душманону хоинон дода нашавем ва пайваста барои ободиву созандагӣ, амнияту оромии Ватани азизамон ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзандаи худамонро гузорем. Зеро зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтару хубтар ва осудаву хотирҷамътар намекунад.

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее