Главная Статьи Маҳбуби дилҳо

Маҳбуби дилҳо

Маҳбуби дилҳо
2015-01-20
4119

Маҳбуби ҳама дилҳост, Муҳаммад (с)

Оё дар дунё арҷмандтар, бошарафтар, маҳбубтар ва мукаррамтар аз Муҳаммад (с) шахсе ҳаст?

Нест ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд!

Чаро?

Зеро ҳазрати Муҳаммад (с) муаллими башарият, пешвои роҳи ҳақ ва ҷудокунандаи ҳаққ аз ботил аст.

Ӯ пешвои шариате аст, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро бо тамоми ҷузъиёташ фаро гирифта, ҳуқуқи ҳар шахсро возеҳу равшан баён кардааст.

Ӯ касест, ки бар асоси далелҳои мӯътамади «Қуръон» инсонҳоро ба шинохти Худои якто даъват намуда, онҳоро аз бутпарастию ширк бозмедошт. Ҳеҷ тафовуте байни сиёҳпӯсту сафедпӯст, арабу аҷам, сарватманду бенаво, шоҳу гадо, солиму маъюб намегузошт, балки мегуфт, ки беҳтарини шумо касе аст,ки аз Худо битарсад ва парҳезгортар бошад.

Ӯ Паёмбарест, ки ҳамеша ба ростгӯию амонатдорӣ машҳур ва бо лақаби «Амин» маъруф буд.

Ӯ инсонҳоро аз рехтани хуни ба ғайри ҳақ, аз судхӯриву зино, хӯрдани моли ятиму луқмаи ҳаром, ғийбат, дурӯғу хиёнат, шаҳодати бардурӯғ ва дуздию зулм манъ мекард.

Ӯ мегуфт, ки ҳар амали инсон вобаста ба нияти ӯст ва инсон он подошеро хоҳад гирифт, ки қаблан онро ният карда буд. Пас агар амали инсон барои ризои Худо ва Паёмбари Ӯ буд, подоши сазовори худро хоҳад гирифт ва агар нияташ барои манфиати дунё буд, пас подош низ мувофиқи он хоҳад буд.

Ӯ инсонҳоро ба хайру эҳсон, риояти ҳаққи падару модар, меҳрубонии хешовандон,навозиш кардани ятимону хабаргирии беморон, парастории бенавоёну дӯстдориии меҳмон, эҳтироми ҳаққи ҳамсояву эҳтиёт дар тарозу, ҳалолкориву ростгӯӣ дар тиҷорату адл миёни фарзандон ва аҳли ҷомеа даъват мекард.

Паёмбари мо дар ҳама кор бар асоси фармудаҳои Худои якто, фазлу дониш ва ҳикмат амал мекарду худ бо рафтору кирдораш беҳтарин намуна барои гуфтораш буд.

Ҳеҷ гоҳ бидуни далел сухан намегуфт ва ҳар сухане мегуфт, бар манфиати насли башарият буд.

Аз ин рӯ, суханҳои ӯ чун нури дурахшон, ба мағзи дилу дида ҷой мегираду хонандаю шунавандаашро ба ваҷд меорад ва хушнуд месозад.

Ҳарчанд кинатӯзону бадхоҳони ҳазрати Муҳаммад (с) бо тамоми қувваю имкони худ мехоҳанд дар ҳаққи ӯ бадгӯиву иҳонат кунанд ва қадрашро паст созанд, монанди шахсе ки мехоҳад бо домани чиркину олудаи худ нури офтобро панаҳ кунад, ҳеҷ комёб намешаванд.

Зеро болобардорандаи номи Муҳаммад (с) Худое аст, ки фарогирандаи ҳамаи ашё, Ғолиби Боҳикмат ва Тавоно бар ҳама кор аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) умри чандон тӯлоние надид. Муддати умри ӯ ҳамагӣ 63 сол буд.

Аммо дар ин муддат чунон дигаргуние барои насли башарият овард, ки ҷаҳон собиқа ва назири онро ҳеҷ надида ва нахоҳад дид.

Паёмбари мо таҷҷассумгари олитарин сифатҳои инсонӣ буд.    

Дар китобњои сират рољеъ ба хулќу рафтори он њазрат чунин омадааст:

«Ҳазрати Паёмбар ҷуз бо ёди Худо наменишаст ва ё барнамехост. Дар маҷолис ҷоеро барои нишастани худ ихтисос намедод ва чун ба гурӯҳе мерасид, дар ҷойе, ки холӣ буд, менишаст ва дигаронро низ ба ин кор амр мефармуд. Ба тамоми ҳамсӯҳбатони хеш ба саҳми баробар таваҷҷӯҳ мефармуд, то ҳамнишини вай напиндорад, ки дигаре аз ӯ барои он ҳазрат гиромитар аст.

Агар Паёмбари акрамро (с)  касе барои арзи ҳоҷате менишонд ва ё аз он ҳазрат мехост, ки биистад, ҳазраташ он қадар ба ҳамон ҳолат сабр мекард, то шахси ҳоҷатманд худ бозгардад...

Маҷлиси Паёмбар (с) маҷлиси бародарӣ ва ҳаё, шикебоӣ ва амонатдорӣ буд, ки садоҳое дар он баланд намешуд, муҳаррамоти Илоҳӣ зери по намешуд ва аз лағзишҳои маъмулӣ дар он маҷлис хабаре набуд (касеро таъна зада ва тамасхур ва айбҷӯӣ намекарданд), балки бо тақво ба якдигар меҳр меварзиданд. Ба бузургсол эҳтиром ва ба хурдсол муҳаббат менамуданд, ниёзмандро мадад расонида ва бо ғариб унс мегирифтанд».

Хулқи азим, азамату бурдборӣ ва беҳтарин сифатҳои инсонӣ ва суханҳои ҳаққу нишонрас ва пурҳикмати он ҳазрат (с) буд,ки ӯро маҳбуби қалбу дидаи миллиардҳо инсонҳо ва махлуқи дигар намуда, қалбҳо мудом сӯзону дидаҳо шабу рӯз гирён дар фироқи он ёри маҳбубанд.

Ва ҳар шабонарӯз миллионҳо мардум бо қалби пур аз самимияту меҳр маротибе чанд мегӯянд: «Худовандо, бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад раҳмат нозил кун, ҳамогуна ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим раҳмат нозил фармудӣ!».

Время намаза в Душанбе

23.05.2025

Подробнее
Фаджр03:28
Зухр12:40
Аср17:51
Магриб19:48
Иша21:18
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее