Главная Статьи Душмани қаттоли рўҳу ҷисму ҷон

Душмани қаттоли рўҳу ҷисму ҷон

Душмани қаттоли рўҳу ҷисму ҷон
2015-03-04
4724

Душмани қаттоли рўҳу ҷисму ҷон

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

      Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳаёт ин мубориза аст, мубориза бар зидди фисқу фуҷур, фасодкорӣ ва хоҳишоти  нафсу васвасаҳои шайтонӣ ва ғайра. Инсон дар ҳаёти хеш дар лаҳазоти гуногун бо воқеаҳо ва ҳодисаҳое рў ба рў мешавад, ки танҳо тавфиқи худовандӣ, ақли солим, дурандешӣ ва иродаи қавӣ метавонад ўро аз рафторҳои номақбул наҷот диҳад. Мутаассифона, баъзе шахсон пайи ҳавову ҳавас гашта, ба истеъмолу истифодаи маводи мухаддир машғул мешаванд, ки ҳаёти худро зери хатар мегузорад. Хонандагони гиромӣ огоҳанд, ки тавассути ВАО олимону донишмандон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ баромадҳо карда, аз оқибатҳои ногувори истеъмоли маводи мухаддир мардумро мефаҳмонанд, инчунин китобу рисола ва мақолаҳои зиёде аз тарафи донишмандони исломӣ ва ҳам ғайриисломӣ таълиф мегарданд. Вале мутаассифона, ба мушоҳида мерасад, ки баъзе ҷавонон ба чунин кори бад даст мезананд. Банда тасмим гирифтам, ки роҷеъ ба зарару зиёни ин маводи маргбор, ки ба рўҳу ҷисми инсон зарар мерасонад, инчунин ҳаром будани истифодаи он аз дидгоҳи дини муқаддаси Ислом, ки саршор аз ахлоқу маънавият аст, мухтасаран баъзе мулоҳизаҳоямонро ба хидмати хонандагон пешкаш намоем.

Зарари маводи мухаддир ба рўҳу ҷисми инсон

 

Ҳашишу ҳероин ва амсоли ин мавод, ки бо номи маводи мухаддир шинохта шудааст, аз ҷумлаи маводе ҳастанд, ки бо иттифоқи ҳамаи олимони исломӣ ҳаром дониста шудааст. Ин мавод ба ҷумлаи хамр мансуб дониста мешавад.

      Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд: «Ҳар чизе, ки ақлро аз байн бубарад, хамр гуфта мешавад». Истеъмоли маводи мухаддир ва машруботи алкоголӣ низ ба рўҳу ҷисми инсон зарари калон мерасонад. Истеъмоли доимии ин мавод бадани инсонро дар муддати кўтоҳ фалаҷу нотавон карда, саломатӣ ва ҳамоҳангии кори аксари узвҳои баданро аз байн мебарад. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки мағзи сари шахси истеъмолкунандаи машруботи алкоголӣ ва хусусан маводи мухаддир, батадриҷ карахт шуда, ақли ў кам ва хотирааш заиф мегардад. Бояд қайд намуд, ки шахсони нашъаманд дар муддати ниҳоят кўтоҳ, таи ду-се сол, ба куллӣ мубталои беморӣ мешаванд ва тамоми буду бошашро аз даст медиҳад. Ҳангоми истеъмоли он маводи заҳролуд асаби нашъамандон халалдор гашта, ғайраташон кам, хаёлашон парешон, хотираашон суст ва иродаашон заиф мегардад.

      Чунонки зиндагӣ нишон медиҳад, харид ва истеъмоли маводи мухаддир оқибат инсонро муфлис гардонида, қарздор ва хору зор мегардонад. Умуман нашъамандӣ ва бадмастӣ оқибат шахсро маризу бенаво карда, барои худ, хонавода ва барои тамоми ҷомеа дарди сар мегардонад. Аз ин рў, метавон гуфт, ки даст задан ба нашъамандӣ навъе худкушии тадриҷӣ мебошад, ки дини мубини Ислом онро сароҳатан маҳкум кардааст. Қуръони карим дар ин бора ба мусулмонон чунин амр намудааст: «Худро ба дасти худ ба ҳалокат нарасонед» (сураи «Бақара», ояти 195). Чунин зарароварӣ ба худ ва ҷомеа аз доираи таълимоти исломӣ берун буда, як навъи гуноҳ ба ҳисоб меравад.  Паёмбари бузурги Ислом сароҳатан фармудааст: «Бар худ ва бар дигарон зарар нарасонед!» (ривояти Имом Молик).

Зарари маводи масткунанда ба хонавода ва муҳити инсон

      Вақте ки инсон дар натиҷаи майзадагӣ ва нашъамандӣ сифатҳои пасти дар боло зикршударо пайдо мекунад, маълум аст, ки робитаи ў бо тамоми атрофиён, аз ҷумла бо падару модар, бародару хоҳар ва зану фарзандонаш бад шуда, оқибат ба вайрон шудани оила бурда мерасонад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки оилаҳои бадмасту нашъаманд ҳамеша муҳити ҷанҷолӣ ва нооромӣ дошта, барои тарбияи фарзандон макони номуносиб мебошанд. Албатта, нақши оила дар тарбияи фарзандон, хусусан нақши падару модар хеле бузург мебошад, ки ин мавзўи дигар аст. Аз қувваи мардӣ маҳрум шудани майзадагону нашъамандон низ боиси ғайриимкон шудани идомаи зиндагии оилавӣ гашта, ба вайроншавии оила бурда мерасонад, ки албатта вайроншавии як оила фоҷиаи хеле бузург буда, паёмадҳои манфӣ дорад. Ба ин восита шахси майзадаву нашъаманд на танҳо худро, балки аъзои оила ва хешу таборашро беобрў ва шармсор менамояд. Худ қазоват кунед, ки падару модари нашъаманд аз афъоли бади фарзандашон чи қадар азоби рўҳӣ мекашанд ва ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.  Лоиқ дар ин маврид бисёр хуб гуфтааст: Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад…

 

Зарари иҷтимоии маводи мухаддир

Шахсони нашъаҷалоб ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир яке аз зараровартарин тоифаҳои ҷамъият буда, барои аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон, зиёни ҳамаҷониба меоваранд. Метавон гуфт, ки нашъамандону майзадагон манбаи паҳншавии ахлоқи паст, сарчашмаи пайдоиш ва рушди бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемориҳои ҷинсии даҳшатноке, мисли ВИЧ/СПИД, ки имрўз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст, инчунин манбаи афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа мебошанд. Онҳо чун инсони зараррасон ҷомеаро заҳролуд мекунанд ва барои ҷомеа мушкилоти гуногун оварда, ҷомеа барои пешгириву табобати онҳо қуввату сармояҳои зиёди худро аз даст медиҳад.

      Бояд қайд намуд, ки бадмастӣ ва истеъмоли маводи мухаддир, пеш аз ҳама, ба бузургтарин сармояи миллату ҷомеа, яъне ақлу зеҳни инсонҳо таҳдид мекунад. Истеъмоли он инсонро аз фарҳангу маънавият холӣ ва ғуломи ҳалқабардўши ин мавод гардонида, аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ комилан бегона месозад. Мутаассифона, имрўзҳо тавассути васоити ахбори омма маълум мегардад, ки бештари боздоштшавандагон ва нашъамандон ҷавонон ҳастанд. Набояд фаромўш кард, ки  ҷавонон, ки беҳтарин умеди ҳар як миллату давлат ва нерўи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, мутаассифона, қисмате аз онҳо аз тариқи бехабарӣ тўъмаи ин раванди маргбор мегарданд. Бешак, маводи мухаддир ба ояндаи кишвар, маънавият ва насли ояндаи миллат таҳдиди ҷиддӣ дорад, зеро аз мардони заифу заҳролуд фарзанди солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда ҳеҷ фикри дурусте ҳосил намешавад. Ин маводи тиракунандаи ақл ва азбайнбарандаи бадани солим метавонад дар андак муддате кореро, ки душманон дар тўли солҳо ба он муваффақ нашудаанд, амалӣ кунад. Яъне миллати дорои фарҳанги ҳазорсоларо ба тўдаи кундзеҳну бехирад ва масту майзада табдил диҳад. Ин аст, ки имрўз масъалаи мубориза бо майзадагиву маводи мухаддир дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳувият ва умуман асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат мебошад.

      Худованд барои дарёфти роҳи саодати дунёву охират китобҳо ва паёмбарон фиристодааст, то инсонҳо роҳи некию хушбахтиро дарёфт намоянд. Бояд онҳое, ки ба ин роҳи хато рафтаанд, бедор шаванд ва ақли худро дуруст истифода намояд ва имрўзу фардои худро, ки бебозгашт аст, аз даст надиҳанд. Дар охир гуфтанием, ки Худованд ҳамаи инсонҳоро аз ин афъоли зишту фоҷеаи маргбор дар паноҳи худаш нигаҳбон бошаду ба роҳи равшани некбахтӣ ҳидоят кунад.

Время намаза в Душанбе

23.05.2025

Подробнее
Фаджр03:28
Зухр12:40
Аср17:51
Магриб19:48
Иша21:18
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее