АЗ СИЁСИКУНИИ ДИН ДАСТ КАШЕМ...

Худованд Паёмбарашро фармуда буд, то бо камбағалону заъифони муъмин ҳамнишин бошад ва аз онҳо гузашта, бо бадон ҳамнишинӣ накунад. Имрӯз ҷараёнҳои гуногуни қудратталаби ба ном исломӣ мусулмононро ба сӯи ғафлат мекашанд. Ҳамин буд, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусулмонон ҳамчун террорист шинохта шуда, аксари мардуми ҷаҳон аз мусулмонон ҳазар доранд. Мисоли ин гуфтаҳо воқеоти аз дасти аъзои гуруҳҳои мамнуъ, ки дар давлатҳои ҷангзадаи исломӣ ба назар мерасанд, буда метавонад. Аслан чунин амалкардҳои разилона хоси ислому мусулмонӣ нест, зеро мусулмон бояд беозор бошад, мусулмон бояд накукор бошад, на бадкор. Чунки дини ислом мусулмонро ба накукорӣ ва якдигарфаҳмӣ, тинҷӣ, оромӣ, хулқи наку, даъват мекунад. Чунки Пайғомбари Акрам (с) гуфтааст: «Ман қатала муъминан мутаъамидан фақат кафара», яъне ҳар касе муъминеро барқасд бикушт, пас куфр варзид. Аз ҳамин ҷиҳат ҷавононро ҳушдор диҳем, ки аз ин равияҳо эҳтиёт карда, гирифтори чунин домҳо нашаванд. Боре таамул кунед, ки дини ислом чунин дини озору вайронкориву хунрезӣ нест. Худованд аз бандагони худ дӯстию рафоқат, некию накукорӣ, раҳмату шафқат ва дигар хислатҳои инсониро мехоҳад. Пайғамбари Худо (с) дар ҳадиси гуҳарбори худ мусулмононро пайваста ба сўи хулқи ҳамида тарғиб мекарданд. “Иннамо буъисту лиутамима макоримал ахлоқ”.
Дониста бошед, ки золиму хунхор на ба раҳмати Худои таъоло сазовор мешавад ва на рӯи биҳиштро мебинад. Имоми Аъзам маргро ихтиёр кард, аммо мардумро нашуронид. Бар зидди ҳукумати вақт тарғиб накард. Ободии Ватан, пешрафт, тараққиёт, хушбахтии фарзандон ва умеди ояндаи нек танҳо ба тинҷию оромӣ, сулҳу салоҳ аст. Бо пайравӣ ба ҳар гуна равияву ҳизб чун гурӯҳи мамнуъи террористии ҲНИТ, ки тафриқаву ихтилоф асли фаъолияташ аст, ба натиҷае намерасем. Биёед сиёсисозии дини мубини исломро, ба ҳизбу ҳаракатҳо қисмат кардани онро як сў монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, ҷавоноро насиҳат дода, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоем. Дар ин ҳолат, ҳам дунё ва ҳам охирати мо обод мегардад . Чунонки гуфтаанд: “Дил ба Ёру даст ба кор.
Тоҷиддин Абдусаломов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
домулло Неъматуллои н. Тоҷикобод
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее