МУНОСИБАТИ ИСЛОМ ВА ПАЁМБАРИ АКРАМ (С) БА ВАРЗИШ

“Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии
давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад”.
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон.
Бозиҳое, ки Паёмбари бузургвор ба манзури тақвият ва шодии рўҳии мусалмонон иҷозат додаанд, балки намунаи ибрати уммати ислом буданд, бисёр аст ва барои шиносоӣ бо он ба ҳаёти Паёмбари гиромиқадр ва асҳоби гиромиқадрашон менигарем, ки барои уммат он далели раднашаванда мебошад. Бояд зикр кард, ки ба ҷо овардани ин бозиҳо рӯҳияи мусалмононро барои анҷоми воҷибот ва соири ибодоти дигар қавитар месозад ва мӯҷиби ирода ва нерӯи бештаре мегардад ва ҳамаи он варзишҳое ҳастанд, ки дар олами ҳастӣ машҳуру маълум буда, аз рӯи он мусобиқаҳои ҷаҳонию олимпӣ гузаронида мешавад.
Гӯштингирӣ
Бо ривояти Абўдовуд Паёмбари гиромиқадр бо як нафар, ки номаш Рикона буд ва ба қудрат ва зӯри бозу маъруф буд, гӯштин гирифтанд. Дар ривояти дигар омадааст, ки Паёмбар бо Рикона гӯштин гирифтанд ва ӯ қавӣ ва боқувват буд, гуфт: Ҳар касе афтод, гӯсфанде бидиҳад. Паёмбар ӯро ба замин заданд. Гуфт: Дубора гӯштин бигирем. Паёмбар ин дафъа низ ба замин заданд. Боз тақозои гӯштингирӣ кард ва дафъаи севум низ уро ба замин заданд. Гуфт: Ба аҳли хонадон чӣ бигӯям? Бигӯям, ки яке аз гӯсфандҳоро гург бурд ва яке гум шуд ва аммо барои гӯсфанди сеюм чӣ бигӯям? Паёмбар фармуданд: Мо шикаст ва зарар, ҳар дуро бар ту бор намекунем, гӯсфандҳоятро бо худ бубар.
Аспсаворӣ ва шиноварӣ
Дар ҳадис омадааст:”Ҳар чизе, ки зикри Худо набошад, беҳуда ва беарзиш аст, магар чаҳор хислат: Омаду рафти инсон байни ду нишонае, ки барои тирандозӣ аст, таълим додани асп, бозӣ ва шӯхӣ бо ҳамсар ва фарзандон, омӯхтани шиноварӣ ба фарзандон” (Табаронӣ).
Ҳазрати Умар (Худо аз эшон розӣ бод) мефармоянд:” Шиноварӣ ва тирандозиро ба бачаҳоятон ёд диҳед ва ба онҳо дастур диҳед, то ба ҳангоми аспдавонӣ худашонро бар пушти онҳо маҳкам нигаҳ доранд”.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят шудааст: ”Паёмбар дар байни аспсаворон мусобиқа қарор доданд ва ба барандаи мусобиқа ҷоиза доданд” (Аҳмад).
Аз ин далелҳои овардашуда бармеояд, ки Паёмбари бузургвор ҳамеша пайравони исломро ташвиқ ба обутоби бадан ва варзиш мекарданд ва ҳатто худ дар он иштирок намуда, намунаи уммат буданд. Чунончи Имом Аҳмад қиссаи дар мусобиқаи аспдавонӣ иштирок ва ғолиб омадани Паёмбар (с)-ро нақл мекунанд ва миллати тоҷик низ шоҳиди он аст, ки Пешвои тоҷикони дунё давомдиҳандаи суннати Паёмбари гиромиқадр буда, ҳамеша дифоъ аз ислому мазҳаб мекунанд ва дар ҷодаи варзиш низ бо роњнамоиҳо ва тавсияҳои худ ҳамеша мардумро ба варзиш ва солимии бадан, ки он солимии миллат аст, даъват менамоянд ва ин худ дуои некро дар ҳаққи Пешвои миллат барои моён ҳатмӣ мегардонад.
Нурулло Ҳидоятов
имомхатиби масҷиди ҷомеи
Тезгузари шаҳри Конибодом
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее