ҚУРЪОН: “...НИЗОЪ МАКУНЕД, КИ БУЗДИЛ ШАВЕД...”

Яке аз неъматҳои бузургтарине,ки Парвардигори меҳрубон дар дунё барои бандаҳояш ато кард, ин Ватан мебошад. Ва барои пешрафту шӯҳрату шаҳомати Ватанро нишон додан, сулҳу сарҷамъиву якдигарфаҳмиро ато кард. Ва бароӣ нишон додани шӯҳрату шаҳомти чунин Ватани зебо ва соҳиб шудан ба сулҳу сарҷамъиву амну амният чунин Сарвари миллатро ато кард. Шукргузорӣ ва қадргузорӣ кардани ин неъмати бебаҳо барои ҳар яки мо ҳам фарз аст ва ҳам қарз.
Алҳамдулиллоҳ ҳар яки мо мусалмон ҳастем, ва уммати ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом ҳастем ва дар мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам ҳастем. Ва ҳаряки мо итоаткунандаи фармудаи Парвардигори меҳрубон бошем, ки дар китоби муқаддаси худ чунин гуфтааст: Ва ба Худову расули Ӯ фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ ки Худо бо шикебоён аст (сураи Анфол, ояти 46). Ичунин Худованд дар ояти 59-уми сураи Нисо чунин гуфтааст: Эй мӯъминон аз Худованд итоат кунед ва аз Пайғамбар (с) ва соҳибони амр (сарвари давлат) итоат намоед.
Солҳои 1990 нафароне пайдо шуданд, ки дини исломи муқддасро ниқоби рӯи худ сохта, бо нақшаи “Ихвонул муслимин” ҳизбе ташкил карданд, ки сӯистифода аз дини мубини ислом Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номгузорӣ карданд.
Метавон гуфт, ки ташкилоти ифротии Ихвонулмуслимин яке аз муассисони гурӯҳи Салафия, Ваҳҳобия, Таблиғия, Ҳизбуттаҳрир, Ҳизби наҳзати ислом, ва ДОИШ мебошад, ки мақсади асосии инҳо хилофи гуфати худои меҳрубон буда, низоъ, ихтилоф, ва вайрон намудани амнияти мардум аст ва итоат накардани соҳибони амр, яъне соҳибони мазҳаб ва сарвари давлат аст.
Солҳои 1990-ум ин гурӯҳи маҳрумгашта аз неъматҳои Парвардигор, бо итоат накардани амри Парвардигори меҳрубон болои сари мардуми тоҷик низоъ ва кашмакашиҳо оварданд, ки қудрат ва ҳайбати давлат қариб буд аз байн равад.
Дар натиҷа хунрезиҳои зиёде байни мардуми тоҷик сар зад. Аз куштори бародар бародарро, сарсониву бе хонаву ҷо мондани мардуми тоҷик парвое надоштанд. Чунки мақсади онҳо хароб гардонидани ин Ватани муқаддас буд.
Далели террорист ва экстрамист будани инҳо, итоат накардани фармудаҳои парвардигор ва силоҳ бардоштан ба сӯи давлату миллати бегуноҳ аст. Хунрезӣ яке аз гуноҳҳои кабира буда, онро Худои меҳрубон ба гуфтаи худаш ҳеҷ гоҳ намебахшад!
Ҷавонмардии сарвари давлатамон ин буд, ки барои аз нав барқарор ва сарҷамъ намудани давлату миллат сулҳу ваҳдатро пеш гирифтанд ва он қотилони хунхорро мавриди авф қарор дода мусолиҳа карданд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин гурӯҳи кӯрнамак ба қадри некиҳои Ҷаноби Олӣ нарасиданд...
Бори дувум бо ихтилофоту низоъандозӣ бо сардории М. Кабирӣ аз итоати Худои мерубон баромада, ниятҳои фосиди худро ҷорӣ карданӣ шуд. Аммо ба назари раҳмати Худои меҳрубон ва бо дуои азизону пешвоёну бо љонбозињои ҷавонмардони Ватанамон нияти ин гурӯҳи хунхор амалӣ нагашт.
Ҷаноби Расулуллоҳ алайҳиссалом дар мавриди ин гуна террористону экстремистон чунин гуфтаанд: “Баъд аз гузаштани ман мардум ба 73 гурӯҳ тақсим мешаванд. Танҳо як гурӯҳ аз ҷумлаи уммати ман дохили ҷаннат мешаванд 72 гурӯҳи боқимонда гирифтори оташи дӯзахтанд, он гурӯҳи наҷотёбанда пайрави суннатҳои ман ва пайрави асҳоб ва тобиъин ва табаътобиъини ман ҳастанд...
Аз ҷумлаи ин тобиъинҳо пешвои шариату тариқат Ҳазрати Имоми Аъзами (рҳ) мебошанд, ки тамоми мардуми мо дар мазҳаби ин шахси шариф ҳастем.
Беҳуда ҷаноби олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумхуҳрии Тоæикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтаанд, ки “террорист дин, мазҳаб ва Ватан надорад”.
Далели ин гуфтаҳояшон оятҳои дар боло овардашуда аст, ки ин гурӯҳҳо на итоати Парвардигори мерубонро кард, на итоати Пайғамбари (с) шафоатхоҳи рӯзи қиёматро кард, на итоати имоми Аъзамро кард ва на соҳибони амрро кард.
Худованди меҳрубон ҳаммаи мусалмонҳо, бахусус миллати моро аз шарру фитнаҳои ин гурӯҳҳо дар паноҳи худаш нигоҳ дорад.
Ҷаъфар Бақоев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
«Мавлоно Усмони Чархӣ»-и
ш. Истаравшан
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее