Масъулияти мусалмон дар нигоҳдошти оила

Киро хона ободу ҳамхоба дуст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи уст.
Оила такягоҳи аслии низоми ҷомеаи фарҳангӣ ва динии ҷомеаи инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромии тану рӯҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Дар тӯли таърих мақоми оила хачун пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳама дину мазҳабҳо чун падидаи тағийрнопазир ба шумор мерафтааст. Аз дидгоҳи шариати исломӣ, ки охирин дини тавҳид ва яккахудоист, оила дар таҳқиқи рушд ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дошта, ислоҳи оилае дар ислоҳи ҷомеа ва фасоди оила дар фасоди ҷомеа таъсири худро мерасонад. Дар ояти сивуҳаштуми сураи “Раъд” Расули Акрам аз танҳо зистан ва канораҷӯӣ аз никоҳ наҳй намудааст. “Ва дар ҳақиқат пеш аз ту пайғамбароне фиристодем ва барои онҳо ҳамсарон ва насл гардонидем”. Никоҳ яке аз суннатҳои пағомбарон мебошад. Расули Худо аз ҷумла мефармояд, “Шахсе издивоҷ намояд, аз се ду ҳиссаи динни худро дар амони Худо баровардааст”. Ба гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Баҳри он майл аст аз мода ба нар.
То бувад такмили кори ҳамдигар,
Майл андар марду зан ҳақ зон ниҳод,
То бақо ёбад ҷаҳон з-ин иттиҳод.
Ҳадафи асоси никоҳ аз як ҷониб нигоҳдории иффат ва покдомании марду зани мусалмон буда ва аз ҷониби дигар ба вуҷуд овардани фарзандон ва насли солеҳ ва солими ҷомеа мебошад. Никоҳ ба он сурате, ки ислом мехоҳад, дорои ҳикматҳо ва осори зиёди маънавӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ дар ҳайёти инсон аст, ки муҳимтарини онҳо ба таври зер аст:
1) Қабл аз ҳама ҷомеъаро аз фасоди ахлоқӣ нигоҳ медорад.
2) Ба сабаби никоҳ насли башар аз завол ва қатъ шудан наҷот меёбанд.
3) Ба сабаби никоҳ шахсони ҷудогона ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа аз ҳаром (зино) ва махсусан аз сирояти бемориҳои ҷинсӣ аз қабили ВИЧ/СПИД дар амон мемонанд.
4) Никоҳ наслҳоро аз омехтагии насабӣ ҳифз ва генофонди миллиро покиза нигоҳ медорад.
5) Никоҳ барои тарбияи солими насли наврас ва танзими умури хонаводагӣ ба дӯши никоҳшавандагон масъулият мегузорад ва ин масъулияти онҳо дар тарбияи фарзандони ҷисман ва рӯҳан солим ва ислоҳи ҷомеъаи солим ва дорои ахлоқи наку таъсири зиёде дорад.
Агар Фалотуну Суқрот будаанд бузург,
Бузург буда парастори хурдии эшон!
Ба гоҳвораи модар ба кӯдакӣ бас хуфт,
Сипас ба мактаби ҳикмат ҳаким шуд Луқмон.
Давлатҷон Исоев,
имоми масљиди ҷомеи маҳаллаи Борбади ш. Душанбе
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее