Экстремизм ва терроризм – омилҳои хатарафзои аср

Экстремизм ва терроризм яке аз омилҳои даҳшатафкан ва хатарафзо дар ҷомеа буда, имрӯзҳо мардумон ва давлатҳои сайёраро ба таҳлука нигарон кардааст. Ин падидаи номатлуб ва мудҳиш ҷони ҳазорон ҷавонро ғорат карда, таъсири манфии беандоза ба ояндаи миллату давлат ва тақдири насли оянда гузошта истодааст.
Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Террорист шахсест, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.
Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатбори ин фаъолиятҳо Пешвои муаззами миллати мо қариб дар ҳама суханрониҳояшон муҳиммияти муборизаи муштаракро бо ин падидаи номатлуби қарни ХХІ таъкид менамоянд:
“Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экстремизму терроризмро аз мушкилоти ҷиддитарини инсоният баҳогузорӣ намуда, фаъолияти муташаккилонаи ҳамаи сохторҳои давлатиро дар ин самт воситаи асосии таъмини амният, оромиву осоиштагӣ ва поянда нигоҳ доштани давлатамон арзёбӣ мекунанд:
“Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни ХХІ табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" омадааст:
“Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд”.
Воқеан ҳам, бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ба нақша гирифта шудани баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардидааст, амри саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати кишвар мунтазам баҳри ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна амалҳои ифротгаро ва тундрав дар ҷомеа чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар воқеъ, чунин амалҳои ношоиста, ки ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд, дар таърихи кишвар саҳифаҳои доғдоре боқӣ гузоштааст. Мутаассифона, пайдоиши чунин ҷараёну равияҳои тундгарову хушунатомез ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф буда, ба номи поки он иснод меорад ва мардуми сайёраро бо роҳи фанду фиреб ба гумроҳӣ бурда мерасонад.
Худованди азза ва ҷалла дар Қуръони карим фармудааст:
–“Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой. Роҳи касоне ки бар онҳо инъом кардаӣ, на касоне ки бар онҳо хашм гирифта шуд ва на гумроҳон” (Сураи “Фотиҳа”, ояти 6-7).
Қобили зикр аст, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамон дастоварди бузурги истиқлолият буда, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар аст, ки миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст. Хушбахтем, аз он, ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар мебарем ва аз забони шиор мегӯем:
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Мавзуна Бекназарова,
сармутахассиси Кумита
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее