Главная Статьи Қатъи фаъолияти ҳнит амри саривақтӣ ва дурбинонае буд

Қатъи фаъолияти ҳнит амри саривақтӣ ва дурбинонае буд

Қатъи фаъолияти ҳнит амри саривақтӣ ва дурбинонае буд
2018-01-31
3063

Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои исломӣ ҷангҳо миёни мазҳаби суннӣ ва шиа  ҷараён гирифтааст, ки ин омил метавонад ба тинҷиву оромии кишварҳо халал ворид созад.  Ин фитнаву тафриқаандозӣ бештар аз сӯи доираҳои манфиатталаб амалӣ гардонида мешавад, ки мутаассифона дар бештари вақт чунин гурӯҳҳо барои ба ин ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҷавонони сустирода истифода менамоянд.

Масалан, чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои даврӣ матлаберо дар бораи ваҳшиёна кушта шудани Абдуллоњ Солеҳ аз сӯи нерӯҳои Ҷумҳурии исломии Эрон мутолиа намудам. Баъди мутолиаи ин матлаб бори дигар дар ин андеша устувор гаштам, ки ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, гурӯҳу ҷараёнҳои манфиатхоҳ ва дар маҷмӯъ, давлатҳое, ки ба ҷои эҳтиром қоил шудан ба арзишҳои исломӣ, баръакс аз исломи мубин сӯистифода мекунанд, ҳамеша дунболи манофеи худ ҳастанду аслан на парвои ислом доранду на ёде аз мусалмонӣ.

Худоро шукр, ки бо роҳбарии хирадмандони Пешвои муаззами миллатамон имрӯзҳо дар Тоҷикистони азиз тинҷиву оромӣ ҳукмфармо буда, мардуми кишварамон бо хотирҷамъӣ дар баробари дигар умур ибодатҳои худро озодона анҷом медиҳанд, аз паси ризқу рӯзии ҳалол ва ободии кишваранд. Аммо мутаассифона баъзе инсонҳое ёфт мешаванд, ки ба хотири ба даст овардани боигариву луқмаи ҳароме худро роми доми гурӯҳҳои экстремистию террористӣ месозанд. Ва ҷавонони сустиродаи моро ба давлатҳои ба ном исломӣ фиристода, онҳоро ақида беақидаву аз мазҳаб бемазҳаб мегардонанд.  Баъдан, аз ҷавонони мо муриду мухлис тайёр намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ онҳоро ба кишвари мо бозпас мефиристанд.

Масалан, дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ иддае аз манфиатхоҳони ватанӣ бо дастгириҳои кишварҳои ба ном дӯст бо сӯистифода аз дини мубини ислом ҳизби сиёсӣ сохта, кору фаъолияти худро дар кишвари азизи мо ба роҳ монданд. Новобаста аз он, ки ҳамаи амалҳои зишту нангини онҳоро давлат бахшиду ба онҳо шонси фаъолият дод, аммо ин зумра кӯрнамакон боз ҳам моҳи сентябри соли 2015 даст ба амалҳои хунин заданд ва ин амр боис гаридид, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ қатъ гардад ва он ҳамчуни ташкилоти экстремистию террористӣ шинохта шавад.

Воқеан ҷои ташвишу нигаронист, ки дар кишварҳои мусулмоне, ки нооромиҳо идома дорад, таъсири бевоситаи манфиро ҳамеша гурӯҳҳое мерасонанд, ки худро ҳизби динӣ муаррифӣ намудаву аз аҳкоми ноби шариати исломӣ сӯистифода мекунанд. Ва ҷои шакку шубҳа ҳам нест, ки агар пеши роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ҳизби террористии наҳзат ҳам саривақт гирифта намешуд, кӣ медонад, онҳо чӣ корҳоеро дар кишвари мо анҷом меоданд...

Абду Ҳақназаров,

сархатиби масҷиди ҷомеи

марказии ш.Турсунзода 

Время намаза в Душанбе

20.05.2025

Подробнее
Фаджр03:30
Зухр12:40
Аср17:48
Магриб19:46
Иша21:16
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее