Главная Статьи ТАНЗИМ ЭҲСОСИ НАВИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИРО БА ВУҶУД ОВАРДААСТ

ТАНЗИМ ЭҲСОСИ НАВИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИРО БА ВУҶУД ОВАРДААСТ

ТАНЗИМ ЭҲСОСИ НАВИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИРО БА ВУҶУД ОВАРДААСТ
2018-02-12
3148

Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама гуна иқдомоти нав дар тӯли таърих асосан бо душворӣ ба тору пуди муносибатҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, пайваставу оҳиста амалӣ мегарданд. Масъалаи танзим низ аз ҳамин иқдомоти иҷтимоист. Бо татбиқи қонуни танзим ҷомеаи Тоҷикистон аз мушкили фано шудан дар гирдоби сарфу харҷи беманфиат ва бидуни мақсад раҳо ёфт. Тибқи омори мақоми ваколатдор, баъди ба ҳукми амал даромадани қонуни мазкур ҳудуди 31 миллион сомонии маблағҳои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бо заҳмату машаққат ба даст омадаанд, сарфа шудаст. Агар ин рақами бузургро ба сари хонаводаҳо тақсим кунем, ҷамъан маълум мешавад, ки ҳазорон оила аз хавфи камбизоат шудан раҳо шудаанд.

Воқеан, ҳар инсони соҳибшуур на барои он зиндагӣ мекунад, ки дороиашро танҳо сарфи расму ойинҳои бемантиқ кунад, балки ӯро боистӣ дар саодатмандии оила ва фарзандони хеш, таъмини шароити дурусти зиндагӣ, таҳсил ва тарбия саҳим бошад ва агар саъю талоши шод намудани арвоҳи гузаштагонашро дошта бошад, пас ҳамон тавре, ки Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар нишасти хабарии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ изҳор намудааст, бояд барои обод намудани маҳалли зистбарои дастгирии соҳаи маорифмактабсохтани ягон иншоотекиҷомеа ба он эҳтиёҷ дорад, ё ин ки барои кумак ба ятимону бепарасторон, оилаҳои бепадару модар, хуллас, барои баровардани эҳтиёҷи онҳое сарф кунанд, ки муқаррароти шаръӣ муайян кардааст.

Инҳо амалҳои хайру савобе ҳастанд, ки ҳам ба шод шудани рӯҳи гузаштагон ва низ ободии дилҳои ранҷур мусоидат хоҳанд кард. Ё худ бар ивази оро додани дастархон дар маросими азову мотам сохтани роҳе, ки мардум ҳамарӯза аз он гузар хоҳанд кард, як олам манфиат дорад. Аввал ин ки ин амал садақаи ҷория маҳсуб мешавад, баъдан то вақте ки он роҳ боқист, худи мардуми раҳгузар ба арвоҳи он шахси фавтида дуову фотиҳа хоҳанд кард ва номи неки ӯ мудом дар ёдҳо зинда боқӣ хоҳад монд.

Азизуллоҳ Мирзозода дуруст гуфтаанд, ки маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ як шакли хеле мувофиқ ва пуртаъсир аст, ки вақтҳои охир бо татбиқи қонуни танзим оммавӣ шуда истодааст. Манфиати чунин хайрия ҳамин аст, ки меҳру муҳаббати одамонро ба ҳамдигар бештар карда, дар ниҳоят накуномӣ ва эҳтироми доимиро ҳосил мекунонад. Дини мубини ислом ҳамгуна масъалаҳоро вобаста ба баргузории расму ойинҳои азодорӣ ва дигар тадбирҳои тӯю сур ҳаллу фасл кардааст ва аз муқаррароти дин чунин хулоса бармеояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба исрофу худнамоишдиҳӣ роҳ додан мумкин нест.

Мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он ҳақиқат аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ бирасем ва онҳоро бо тақозои ақлу андешаи солим истифода намоем, чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо ва азову мотам муассиртарин омили баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меояд. Калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст, ҳамон тавре ки дар ҳадиси муборак омадааст: «Моли муъмин чун хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам аст».

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ

С. Абдуқодирзода

Время намаза в Душанбе

19.05.2025

Подробнее
Фаджр03:31
Зухр12:40
Аср17:47
Магриб19:45
Иша21:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее