Главная Статьи ИЛМОМӮЗӢ АЗ НАЗАРИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ИЛМОМӮЗӢ АЗ НАЗАРИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ИЛМОМӮЗӢ АЗ НАЗАРИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
2018-03-29
3668

Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд: «Худо Он аст, ки ҳафт осмон ва аз замин монанди онро офарид, ҳукми Ӯ дар миёни онҳофуруд меояд, то бидонед, ки Худо бар ҳама чиз Тавоно аст ва (низ бидонед, ки) илмиХудо ҳар чизеро фаро гирифтааст» ( сураи Талоқ 12).

Парвардигор дар ин ояти карима ҳадафи офариниши дунёро тарбияти илмии инсон,  боло бурдани сатҳи илму маърифати ӯ нисбат ба ҳастӣ ва Худованд донистааст.

Худованд баъд аз он, ки Одам (а) –ро  офарид, ба ӯ илмҳоеро омӯхт, ки ҳатто фариштагон аз донистани он илмҳо оҷиз буданд. Ин илмҳо ва донишҳои Одам (а)  буд, ки ӯро аз фариштагон бартар кард ва мавриди эҳтиром ва икроми хосси онҳо қарор дод. Дар достони офариниши Одам (а) ҳам асилтарин масъала, масъалаи илму дониш дониста шудааст ва арзиши асосии инсон,  ҳамон илму маърифат ва дониши ӯ қаламдод шудааст. Дар ҳақиқат фариштагон ба ҳамин мақоми воло ва пурарзиши илму огоҳӣ ва маърифати Одам ( а) саҷда намудаанд. Мақоме, ки аз ҷониби Парвардигор ба ӯ ато гардид ва ӯро ҷонишини Худо дар рӯи замин гардонид: «Ва илми асмо (яъне илми асрори офариниш ва номгузории мавҷудотро) ба Одам (а) омӯхт, баъд онҳоро ба фариштагон арза дошт».

Паёми аввалин ва аслии дини муқаддаси ислом даъват ба хондан ва талаби илм аст. Дар аввалин оятҳое, ки ба Паёмбари ислом (с) нозил гардид, маҳз ба ҳамин масъала таъкид шудааст. Ҳамин тавр аввалин оятҳои Куръони карим дар тарғиби хондан ва донишомӯзӣ нозил шудааст, то ба ин васила инсон хеш ва Худои хешро шиносо шавад.

Чуноне ки Худованди ҷала ва аъло фармудааст: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид, инсонро аз хуни баста ва лахташуда офарид. Бихон (эй Паёмбар) ва Парвардигори ту каримтарини каримон аст. Ҳамон Худое, ки бо қалам (башарро) илм омӯхт, он чиро ки инсон намедонист ба ӯ ёд дод» (Сураи “Алақ”, оятҳои 1-5).

Ин ҷо ҳам Худованд офариниши аҷиби инсонро дар канори илмомӯзӣ  қарор додааст. Аз  ҳама  муҳимтар ин ки ин суханон дар оғози ваҳй ба Паёмбари акрам (с) қарор доранд, яъне Куръони карим - китоби ҳидояту роҳнамои башарият, ки муъҷизаи ҷовидонаи Паёмбар (с) аст ва бояд то абад посухгӯи ниёзҳои  инсонҳо бошад, бо суханоне дар бораи зарурати илмомӯзӣ оғоз  гардидааст. Яъне аслу асоси даъвати Паёмбар (с)-ро илму маърифат ташкил медиҳад ва ин амр зербинои тамоми дастурамалҳо, аҳком ва маъорифи исломӣ мебошад. Оғоз гардидани чунин китоби бузург ва ибтидои рисолати хотами паёмбарон Муҳаммади Мустафо (с) бо масъалаи илмомӯзӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки масъалаи мазкур дар назди Парвардигор мақому манзалати бисёр баланд дорад.

Оятҳои фаровони  Қуръони карим инсонҳоро ба тафаккуру тадаббур  дар ҳодисаҳои атроф даъват намуда, ин амалро роҳи расидан ба дастовардҳои илмӣ ва дар ниҳоят расидан ба саодати дунёву охират медонанд. Барои мисол, ду оятро дар канори ҳам баррасӣ мекунем:

«Ӯст Худое, ки заминро бигустард ва дар онҳо кӯҳҳо ва рӯдҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт- ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар ин ҳодисаҳои ибратҳо барои мардуме ҳаст, ки меандешанд»

Дар ин оят ба чанд падидаи табиӣ бо як нигоҳи илмӣ назар шудааст. Масъалаи густариши замин ва таносуби кӯҳҳову рӯдҳо дар он аз масъалаҳое  ҳаст, ки дар илми заминшиносӣ ва иқлимшиносии имрӯза мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Нақши кӯҳҳо ва рӯдҳову баҳрҳо дар ба вуҷудовардани шароити зиндагии муносиб дар кураи замин бисёр муҳим аст. Ҳар донишманде, ки ба ин падидаҳои табиӣ сару кор мегирад, ба ин хулоса меояд, ки тамоми кӯҳҳову рӯдҳову баҳрҳо бо ҳисоби дақиқ ва барномаи ҳисобшуда дар ҷойҳои лозимӣ қарор дода шудаанд, то шароити зиндагӣ дар дунё барои инсонҳо ва дигар мавҷудот фароҳам гардад. Ин масъалаҳо дар ҳақиқат инсонҳои дорои фикру андешаро ба худ ҷалб мекунанд ва онҳоро ба таҳқиқу тафаккури бештар фаро мехонанд.

«Онон, ки Худоро дар ҳоли истода ва нишаста ва ба паҳлу хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмон ва замин меандешанд (ва чунин натиҷа мегиранд): Эй Парвардигори мо! Ин ҷаҳонро беҳуда наофаридаӣ, ту поку муназзаҳӣ, моро аз азоби оташ нигаҳ дор».

Дар ҳақиқат агар инсон аз роҳи илм ва ба роҳи ба даст овардани маълумоти бештар аз дунёи атрофи худ ба он назар кунад, ҳатман  имони ӯ ба офаринандаи ин ҷаҳони зебо бештар мегардад. Ӯ ҳамчунин худро беҳтар мешиносад,  нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар қиболи ин ҳама неъматҳо беҳтар дарк мекунад. Аз Худо ба хотири ин ҳама шароити муносиби зиндагӣ ташаккур мекунад. Пас худошиносӣ дар ҳақиқат дар партави илму маърифат ба ҷаҳони табиат ва ҳодисаҳои он беҳтар ҳосил мегардад.

         Барги дарахтони сабз, дар назари ҳушёр,

Ҳар варақе дафтарест, маърифати Кирдигор.

(Саъдӣ Шерозӣ)

 

Ба ҳамин хотир Худованд дар Қуръони карим ҳадафи асосии фиристода шудани паёмбарон,  аз ҷумла Паёмбари ислом (с)-ро таълим ва тарбияти башар донистааст.

Толибилм ба мақсади худ аз илму дониш намерасад, магар ба фориғ  сохтани дил барои илм дар аснои таҳсил ва даст бардоштан аз он чи ӯро аз фаро гирифтани илм бозмедорад ва таҳаммули дурӣ аз наздикон ва Ватан, барои ин ки равобити зиндагӣ миёни наздикон толибилмро ба худ машғул медорад. Фармудаи Худованди мутаъол ишоратест, дар ин маврид: «Худованд дар даруни ҳеҷ фарде ду қалб қарор надодааст…»

Манзур ин аст, ки агар толибилме  ҷӯёи илм аст, бояд дили худро аз ҳар чизи дигар фориғ кунад, то илм дар он ҷой гирад. Имом Абуҳанифа (р) фармудааст: «дар роҳи илм ба гирифтани андак аз он чи ки ҳоҷат дорӣ, кумак ҷуста мешавад». Хатиби Бағдодӣ (р) фармудааст: «мустаҳаб аст, ки толибилм муҷҷаррад бошад, зеро вақте ҳамсар дошта бошад, дигар бояд дар фикри нафақаи зану фарзанд бошад ва наметавонад худро барои илм фориғ кунад» (Сафаҳот мин сабрил уламо. Қарочи 2006. Абдулфатоҳ Абуғудда).

 Диле, ки дучори фикр шуд, монанди ҷадвали обест, ки ба ҳар тараф меравад, қисмате ба замин мерасад, қисмате ҳаво аз он мегирад ва қисмате бо гармии офтоб бухор мешавад ва ба зироат намерасад, ки самаре ба бор оварад.

Илм ба даст намеояд, магар бо тавозӯъ ва фурӯтанӣ, толибилми ногузир бояд мутавозеъ бошад, махсусан бо устоди худ риояти адаб бинамояд, назараш бо устод назари эҳтиром бошад. Насиҳати устодро бипазирад, мисли он ки бемор насиҳати табиби доно ва ғамхорро мепазирад ва то он ҷо ки метавонад, дар хидмати устод бошад. Зайд ибни Собит (р) бар ҷанозае  намоз  хонд, вақте  маркаби  ӯро оварданд,  то савор шавад, Абдуллоҳ  ибни  Аббос (р) рикоби он маркабро гирифт. Зайд гуфт: «Эй писарамӯи Пайғамбари Худо, рикоби маркабро раҳо кун!». Ибни Аббос (р) гуфт: «инчунин мо бо уламо ва бузургонамон рафтор мекунем ва ҳеҷ вақт талаби илм ва такаббур бо ҳам ҷамъ намешаванд»(Сафаҳот мин сабрил уламо. Қарочи 2006. Абдулфатоҳ Абуғудда).

Доштани дили қобили илму фаҳм кифоя намекунад, то ин ки хуб гӯш  кунад  ва дили ӯ комилан ҳозир бошад, то он чи аз устод мешунавад, ба дурустӣ фаҳм кунад ва бипазирад ва миннату эҳсони устодро  қабул  дошта  бошад, агар  вақте  дар роҳи илм раъйи худаш бар коре бошад ва насиҳати устод бар хилофи он бошад, бар насиҳати ӯ рафтор кунад ва раъйи худро канор бигузорад.

Ҳазрати Алӣ (р) дар бораи таҳсил ва истифодаи илм фармудаанд: «Бародари азизам! Илмро ба даст намеоварӣ магар вақте ки шаш хислатро барои худ ҷамъ намоӣ, ман аз он шаш хислатро ба тафсил бароят баён ва равшан менамоям: Тезҳушӣ, ҳирс бар омӯхтан, кӯшиш ва иҷтиҳод, тӯша ва хӯрока, ҳамроҳи устод ва замони тӯлонӣ »(Таълимул мутаъаллимин. Аллома Зарнуҷӣ. Шогирди соҳиби Хидоя 315ҳ.)

Толибилм бояд матолиби зайлро риъоят намояд:

Навиштани ҳар фоида ва матлабе, ки муфид бошад, бинобар ин донишомӯз бояд ҳамеша дафтару  қалам бо худ дошта бошад, то ҳар масъалаи судманде, ки аз устод мешунавад, бинависад ва ҳар масъалае, ки худ истинбод мекунад, ёддошт намояд, зеро ки Паёмбар (с) фармуд: «Илмро бо навистан пойбанд намоед». (Хоким. Дар мустадрак. Адаби лунё ва дин. Абил Хасан. Моваруи. Қоҳира 2006.)

Доштани рафиқ ва ҳамдарсе, ки солеҳ ва кӯшо бошад, зеро дар урфият гуфтаанд: «бо касе, ки суст аст ва кӯшо нест, ҳамроҳ машав, чи бисёр шахси шоиста, ки аз ҳамроҳӣ бо ёри фосид табоҳ шудааст, хӯ ва хислати одами кавдан (танбал) ва сустунсур ба шахси кӯшо ва муҷтаҳид ба суръат мегузарад. Мисли ахтари оташ, ки чун дар хокистар ниҳода мешавад, хомӯш мешавад» (Шарҳи Таълим-ул-умутаъллимин.Усмони Позорӣ 315 ҳ.қ.)

Фароғати комил.

Имом Шофиъӣ (р) фармуд: «илмро ба даст намеорад, магар ҷавоне, ки дили ӯ холӣ аз фикрҳои парешон ва корҳои машғулкунанда бошад. Луқмони ҳаким, ки овозаи фазли ӯба ҳама ҷо расидааст, агар дучори тангдастӣ ва зану фарзанд мешуд, фарқ миёни коҳ ва сабза намедонист».(Шарҳи Таълим-ул-умутаъллимин.Усмони Позорӣ 315 ҳ.қ.)

Ба қавли Саъдии бузургвор: он кас, ки дучори зану фарзанд ва тангдастӣ аст, мегӯяд:

Эй гирифтори пойбанди иёл,

Дигар осудагӣ мабанд хаёл.

Шаб чу ақди намоз мебандам,

·         ӣ хӯрад бомдод фарзандам.

Канор гузоштани ғаму андӯҳ.

Uаму андӯҳ аз бемориҳои кушанда аст, ки тезҳушӣ ва ҳушёрии инсонро нобуд месозад ва ҳар фикри беҳудаеро ба бор меорад.

Мардумони Хуросону Мовароуннаҳр бо пуштибонии Сомониён пас аз ду аср талошу пайкор, аз нав дар арсаҳои сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангу ҳунар ҳузури худро эълом карда, дар канори эҳё ва давом додани тамаддуни бостонӣ аз оину суннати исломӣ ҳам нигаҳбонӣ карда, нобиғаву номдорони бисёреро дар тамоми арсаҳо ироа кардаанд. Сомониён накӯномтарин дудмон (хонадон)–и ҳукуматгари таърихи мост ва бешак рамзи ҷовидонагии ин даврон таъмини амнияти нисбӣ барои мардумон ва дастовардҳои азими фарҳангии он рӯзгор масҳуб мегардад.

Сомонпажуҳӣ сад сол инҷониб аз муҳимтарин мавзӯоти эроншиносӣ маҳсуб мегардад. Дар давоми сӣ соли охир дар қаламрави собиқ Шуравӣ, бахусус Тоҷикистон ба далели нақши боризи ин силсила дар эҳёи суннатҳои дерин ба омӯзиши таъриху тамаддуни ин даврон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Таҷлили 1100 солагии давлатдории Сомониён нуқтаи авҷи ин сиёсат буд. Таҳқиқоти густурдаву ҷомее, ки дарбардорандаи вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии рӯзгори Сомониён бошад, дар осори муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ сурат гирифтааст.

Ривоҷ ёфтани мактабу мадраса дар қаламрави ҳукумати онон яке аз сабабҳои маҳбуб гаштани силсилаи Сомониён гардида буд. Ба гувоҳи сарчашмаҳо дар шаҳру деҳоти зери назари Сомониён,  садҳо мадраса, ки ҷойгоҳи донишгоҳҳои имрӯзиро доштанд, амал мекарданд. Даромади ин муассисаҳо аз як тараф хайру эҳсон ва замину маконҳои вақфӣ бошад, аз тарафи дигар давлат низ барои нигоҳ доштани мадрасаҳо ва тарбияи олимон ҳиммат гумошта, ҳазорон динорро дареғ намедошт. Яке аз шартҳои шаҳр будан вуҷуди муассисаи илмӣ маҳсуб мегардид ва ҳар шаҳре бар дигаре қабл аз ҳама бо вуҷуди мадориси худ меболид. Мадраса ва мактаб дар ҳамаи асру замон вуҷуд дошт, вале бо равнақ будани кори ин ниҳод, ҳамеша гӯёи ин воқеият будааст, ки дар он аср илму фарҳанг чӣ ҷойгоҳе доштаанд.

Мавзӯоте  чун  мактаб ва омӯзиши ибтидоӣ, наҳва ва равишҳои таълими  хат,  муррабиён ва муаддибон ва вазоиф ва мақоми иҷтимоии онон, одоб ва русуми таълим ва тааллум, барномаҳои омӯзишӣ, ҷойгоҳ ва манзалати устодон ва донишмандон, равишҳои омӯзиш (аз қабили имло, баҳс ва мунозира) ва ғ. бо камоли тахассусӣ ва дар сатҳи бисёр матлуб мавриди пуштибонии давлати Сомонӣ қарор мегирифтааст. Дар сарчашмаҳои ин давра ва осори муҳаққиқон садҳо ҳодиса, санад ва ривоят, ки ҳамагӣ аз рушди фарҳанг ва хусусан низоми омӯзишу парвариш гувоҳанд, оварда шудааст.

Бояд бидонем, ки барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илмомӯзӣ  нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илм мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд: «Худо ононеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад»

Имом Uазолӣ дар китоби «Эҳёул-улум»- и худ мефармоянд: «Чизе, ки байни инсон ва чаҳорпо фарқ мегузорад, илм аст ва маҳз илм инсонро шариф медорад, на ин ки қувваи ӯ, зеро агар чунин мебуд, уштур аз инсон пурқувваттар аст, инсон на бо ҷуссаи худ шариф аст, зеро фил нисбат ба инсон ҷуссаи калонтар дорад, ҳамчунин на ба шуҷоати худ, зеро паланг аз инсон шуҷоати бештар дорад. Аз ин сабаб ягона чизе, ки ба инсон шараф меорад, илм аст.»(Имом Uазолӣ «Эҳёул-улум»).

Бузургон фармудаанд:

Пайи илм чун шамъ бояд гудохт

Ки бе илм Худоро натвон шинохт.

Шералӣ Миралиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Варзоб

Время намаза в Душанбе

18.05.2025

Подробнее
Фаджр03:32
Зухр12:40
Аср17:46
Магриб19:44
Иша21:14
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее