Ташна медонад, ки қадри об чист...

Сафари кории Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва оғози расмии фаъолияти Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз чанд ҷиҳат ифтихоромез буд. Зеро суханрониҳои Пешвои миллати мо борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо оҳанги хирадмандӣ ва дурбинӣ садо медиҳанд, ва дар дидаву дили ҳар фарди худшиносу Ватандӯст маскан доранд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ таъкид намуда буданд: «Кишвари мо солҳои зиёд дар самти ҳалли яке аз масъалаҳои глобалӣ, яъне об ба сифати ташаббускор ва пешсафу фаъол дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки моҳият ва аҳамияти ин иқдомро ҳамаҷониба тарғиб намоем».
Воқеан, боиси шукргузорист, ки Тоҷикистони биҳиштосоямон дар саргаҳи оби тоза ҷой гирифтаасту захираҳои фаровони обӣ насибамон гардидааст. Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар дунё мавқеи махсус дорад. Зимнан, доир ба ин масъала қайд кардан зарур аст, ки зиёда аз 3 миллиард аҳолии олам дар беш аз 80 мамлакат аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкилӣ мекашанд. Аз ин хотир, пазируфта шудани тадбири дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаи об дар доираи байналмиллалии сатҳи баланд имрӯзҳо ҷомеаи меҳнатии кишвар рӯҳбаландии афзунро ба миён овардааст. Боиси фараҳу сарфарозӣ ва ифтихормандию саодати мардуми Тоҷикистони азиз аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллати Муттаҳид доир ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об – барои рушди устувор солҳои 2018-2028» қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид ва бешубҳа ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аст, ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдому пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд.
Дар ҳақиқат нақши арзандаю созандаи сарвари маҳбуби Тоҷикистон ҷиҳати масъалаҳои ҳаёт аз ҷониби мардуми кишвар бебаҳо арзёбӣ гардидааст. Хоҳ дар масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, хоҳ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, умуман сиҳатии ҷомеа, устувории давлату миллат, пойдории сулҳу ваҳдати бебозгашт, ин ҳама ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои миллат аст. Мақому манзалати обро пос дошта, дар роҳи таъмини ҳамаи сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ ташаббус нишон додан аз нигоҳи дини мубини Ислом амали неку савоб ва писандида аст.
Аз нигоҳи исломшиносон бармеояд, ки дар Қуръони маҷид низ об дар сайри офариниш мартабаи муҳим дорад. Балки об аз ҷониби Худованд пештар аз ҳамаи дигар муъҷизоти олам офарида шудааст. Аз ин хотир дар сураи «Ҳуд» таъкид шудааст: «Ӯст, ки осмонҳою заминро дар шаш рӯз офарид ва Арши Ӯ бар рӯи об буд» (ояти 7).
Ин ташаббускориҳои сарвари давлатамонро сарварони мамлакатҳои дунё хеле хуб пазируфтаанд ва мо низ аз забони шоир Мирзо Рустамзода, ки дар «Қасидаи об» бахшида ба қабули Қатъномаи СММ зери унвони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» бахшидааст, мегӯем:
Ташна медонад, ки қадри об чист,
Хаста медонад, ки қадри хок чист…
Даштҳоро обёрӣ мекунем,
Ғаллакорӣ, боғдорӣ мекунем…
Ташаббуси олитарини Пешвои миллат аз Паёми навини ӯ боз ҳам меҳру муҳаббати мардуми кишварамонро бо халқҳои ҷаҳон пайваст намуд, ки дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар соли равон рӯзи ҷаҳонии об – 22 март расман оғоз ёфт.
Вазифаи ҳар як фарди ҷомеа дар он аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар нафас ҳавои Тоҷикистони азизамон расида, барои расидан ба ҳадаф ва нақшаву ниятҳои неки Пешвои миллат саҳми сазовори худро гузорад.
Мурод Аминов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи А.Ҳасанови н. Шаҳринав
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее