Пешвои миллат - номбардори миллат

Миллати тоҷик пас аз давлатдории Сомониён бо гузашти зиёда аз ҳазор сол боз соҳиби давлат шуд. Албатта дар баробари ифтихор аз ин бахти баланлд, пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу якпорчагӣ боиси мустаҳкамии миллат ва давлат мегардад.
Миллати тоҷик бо олимону шоирон ва мутафаккирони худ фахр дорад ва дар хориҷи кишвар бо камоли махсусияту фараҳмандӣ аз зодагони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Имоми Аъзаму Имом Бухорӣ будан сухан мекунему дар назди миллатҳои дигар соҳибқадрем ва соҳае нест, ки дар он фарди тоҷик саҳмгузор ва дар рушду пешрафт хидмат накарда бошад. Ва дар ҳар соҳа вақте китоби таърихро варақгардон мекунем, нобиғаҳои нотакрори миллатро дар пешрафти илму фан ва соҳаҳои гуногун дармеёбем.
Бо ифтихор мегӯем, ки имрӯзҳо на фақат миллати тоҷик, балки олами ҳастӣ аз ташаббускориҳои Пешвои миллат бохабар буда, Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускори рӯ ба рушд мешиносад, ки ин омил аз хизматҳои Ҷаноби Олӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик гувоҳ буда, дар олам нуфузи миллати моро боз ҳам боло бурда истодааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва 2018 – 2028 –умро Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” эълон кардааст. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин ду даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ташаббусҳои наҷиби Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд ва ба хотири хизматҳои шоистаи Пешвои миллати мо бо олитарин мкофоту ҷоизаҳо қадрдонӣ кардаанд. Аз ҷумла, барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Пас аз овардани далелҳои дар боло зикргардида бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки боз як фарзанди фарзонаи миллат, номбардорӣ миллати тоҷик, сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар олами миллати тоҷику тоҷикистониён арзӣ ҳастӣ карда, ки тоҷи тоҷикро бо омаданаш пурнуру мунаввар сохт ва миллати тоҷик бо ӯ фахр дорад ва ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешрафт саҳми сазовор гузошта ва ӯ сиёсатмадорест, ки дар муддати кӯтоҳ миллатро сарҷамъ ва муттаҳид намуд ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод ва ин сулҳи нодир имрӯз мавриди омӯзиши сиёсатмадорон қарор дорад ва инчунин тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид, ки ин ҳама мавқеи миллати моро дар арсаи сиёсӣ боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.
Нурулло Ҳидоятов
имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш.Конибодом
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее