Маъракаву маросим дар шакли мақбул баргузор мешаванд

Сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар танзими анъана ва ҷашну маросим, ки бо раъйпурсии оммаи мардум қабул гардид, ҷойгоҳи махсус дорад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд, ки тамоми мардуми кишвар дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва ба ҷои овардани анъана ва ҷашну маросимҳо сарфакорона амал намоянд, аз тақлиди кӯркӯрона, таассуб, сарфи беҳуда канораҷӯӣ кунанд. Месазад, ки мо ифтихор ва иқрор намоем, ки имрӯз дар партави роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдату дӯстӣ байни ҳамдигари рўзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию пешрави Ватани аҷдодӣ сарчашмаи ифтихормандии мо ҳаст. Бо фазли Худованд ва кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат имрӯз, ки мо ба истиқлолияти давлатӣ расидем, лозим аст, ки дар масъалаи шинохти дурусти фарҳанги миллӣ, арзишҳои динию мазҳабӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои мардумӣ мувофиқи он дигаргуниҳои муфид, ки роҳандозӣ шудааст, амал намоем. Ин дигаргуниҳо ва тағйирот ҳамеша ба нафъи сокинони ҷумҳурӣ мебошад ва дар айни замон барои беҳтар гардидани некўаҳволии мардуми кишвар, боло рафтани сифати зиндагӣ ва аз паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» падида нав буда, аз назари аввал содда намояд ҳам, вале аз нигоҳи исботи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ниҳоят нозук аст. Ин қонун бо ҷалби васеи мутахассисон ва тамоми қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу кори гуногун аз тариқи воситаи ахбори омма ҳамаҷониба мавриди барассӣ, раду бадал ва мубоҳиса қарор дошт. Мо дар давоми 10 соли баъди қабули ин Қонун дидем, ки фоидаи ин қонун ба мардум то чӣ андоза расид. Масалан, як шахс баъди мусибате, ки ба сараш меояд, ғами мусибат як сӯ, аммо ғами гузаронидани ин маъракаҳо ӯро водор мекард, ки худро дар қарз ғӯтонда ғам болои ғам зиндагӣ кунанд. Пас қабули ин Қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо амри зарурӣ буда, мувофиқ ба дини мубини ислом мебошад, чунон ки Худованди мутаол мефармояд:
Қатъан исрофкунандагон бародари шайтон ҳастанд (сураи Исро, ояти 27).
Чунон ки шоир мегӯяд:
Зи ихвони шайтон шумор он касе,
Ки табзирро пеша созад басе.
Ва низ:
Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ к-аш башаб равған набошад дар чароғ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи 10 соли амалаш дари саодату рӯзгори хушро ба рӯи мардум боз намуда, дар ниҳоди хурду бузурги кишвар эҳсоси сарфаю сариштакориро ташаккул дод ва мардумро аз камбизоатӣ раҳоӣ бахшид.
Акнун шаҳрвандон метавонанд бо хароҷоти андаке маъракаҳои худро барпо карда, қисме аз маблағи сарфакардаашонро барои эҳтиёҷоти дигар харҷ кунанд. Дар маросимҳои дафну азодорӣ баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур хароҷот ихтисор шудааст. Маъракаҳо ва ё худоиҳои ёдбуди фавти майит, оши сари тахта, оши себегоҳина, ҳафт, бегоҳи душанбегӣ, панҷшанбегӣ дар шакли хеле мақбул ва маънавӣ ба чашм мерасанд. Маълум аст баъди қабули ин Қонун мардум дар зиндагӣ пешравӣ карда, аз сохтани хонаҳои замонавӣ то ба харидани мошинҳо хориҷӣ, инчунин дохил кардани фарзандонашон ба макотиби олии кишвар ва хориҷ аз он даст ёфтанд, ки ин ҳама аз юмну барокоти Қонуни танзим мебошад.
Маҳдӣ Хољаев,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии н. Қубодиён
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее