Главная Статьи Дииш 1,5 миллиард мусулмонро муртадд медонад

Дииш 1,5 миллиард мусулмонро муртадд медонад

Дииш 1,5 миллиард мусулмонро муртадд медонад
2018-04-11
2938

Ҳукм ба куфр кардани як мусалмон масъалаи хеле ҷиддиву бузург буда, ҷоиз намебошад, ки мусалмон як нафареро ба он ҳукм кунад, дар ҳоле ки ӯ аҳли қибла ва дорои нишонаҳои имон бошад бошад. Паёмбари гиромиқадр мефармоянд:” Касе, ки монанди мо намоз бихонад ва ба тарафи қиблаи мо рӯй гардонад ва забиҳаи моро бихурад, ӯ мусалмон аст ва дар зиммаи Худо ва Расулуллоҳ аст” (Бухорӣ).

Паёмбари гиромиқадр (с) ҷиддияти ин масъаларо баён намуда, фармудаанд, ки замоне марде ба бародараш бигӯяд:Эй кофир! Агар ӯ аҳли куфр набошад, ба таҳқиқ куфр ба гӯянда боз мегардад (Бухорӣ).

Инчунин, дар ҳадис аз Паёмбари бузургвор омадааст, ки мефармоянд:”...Ва лаънат кардани мӯъмин ба монанди қатли ӯ аст ва шахсе мӯъминеро ба куфр айбдор кунад ва ба ӯ куфрро нисбат диҳад, ин баробари қатли ӯ мебошад” (Бухорӣ).

Барои ҳар як инсони солеҳу солим зарур аст, ки забони худро аз гуфтори бад ва рафтори бад нигаҳ дорад ва фаромӯш накунад, ки фардо дар пешгоҳи Худованди қодиру тавоно аз ҳар як гуфтору кирдори худ ҷавобгӯ буда, мувофиқи ҳаёти гузаронидаи худ ба дараҷаҳо мерасад ва агар он нек бошад, албатта соҳиби аҷру подош мегардад ва дар назди Худованд соҳибқадр ва агар бад бошад, пушаймонӣ насиби ӯ буда, ба азоб рӯбарӯ мегардад ва албатта он азоб ба сабаби бадзабонӣ ва ахлоқи бад ба ӯ расидааст. Якуним миллиард мусалмонони ҷаҳонро муртад хондани раҳбарони ДИИШ бӯҳтон ва тӯҳмати ошкоро аст, нисбати мусалмонони олами ҳастӣ ва дар ин маънӣ Аллоҳи бузург дар Қуръони маҷид мефармоянд:”Касоне, ки мардон ва занони мусалмонро бо нисбатҳои нораво азият менамоянд, муртакиби гуноҳ ва бӯҳтони ошкоро шудаанд” (сураи Аҳзоб, ояти 58).

Паёмбари бузургвор мефармоянд:”Касе, ки айберо ба шахси дигаре нисбат диҳад ва он айб дар ӯ набошад ва қасд дошта бошад, бо ин нисбати нораво ӯро бадном кунад, Худованди мутаъол ӯро дар оташи дӯзах зиндонӣ менамояд ва то тӯҳматеро, ки ба он шахс ворид намуда, исбот накунад озод нахоҳад шуд” (Табаронӣ).

Нурулло Ҳидоятов,

имоми масҷиди Тезгузари ш. Конибодом

Время намаза в Душанбе

18.05.2025

Подробнее
Фаджр03:32
Зухр12:40
Аср17:46
Магриб19:44
Иша21:14
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее