Главная Статьи Насиҳатҳои рамазонӣ

Насиҳатҳои рамазонӣ

Насиҳатҳои рамазонӣ
2015-05-26
3739
  1. Бикӯш, то ин моҳ нуқтаи гардише барои муҳосабаи нафс ва тақвияти аъмол, баргашт аз гуноҳон ва ислоҳи зиндагият бошад.
  2. Барои ширкат дар намози таровеҳ ҳарис бош, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар касе дар шабҳои моҳи Рамазон аз рӯйи имон ва талаби савоб намоз бигузорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад».
  3. Аз исроф дар мол ва дигар чизҳо бипарҳез, зеро исроф ҳаром аст ва насибатро аз садақот коҳиш медиҳад.
  4. Иродаатро қавӣ кун, то он чиро, ки дар Рамазон анҷом медиҳӣ, бардавом бошад.
  5. Гузашти замон ва рӯзҳоро ба унвони сипарӣ шудани умр дар назар бигир.
  6. Ин моҳ дар воқеъ моҳи ибодат ва амал аст, на моҳи хобу танбалӣ.
  7. Забонат ҳамеша ба василаи зикри Худованд тар бошад ва аз ҷумлаи касоне мабош, ки Худовандро фақат андаке ёд мекунанд.
  8. Ҳангоме ки эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ кардӣ, ба ёд биёр, ки ту ҳамеша ба ғизо ва дигар неъматҳои Худованд мӯҳтоҷӣ.
  9. Ин моҳро ба унвони фурсате барои раҳо кардани корҳои ғайри зарурӣ ва беҳуда ғанимат бишумор.
  10. Бидон, ки амал амонате аст ва нафсатро муҳосаба кун, ки оё ин амонатро ба тарзи шоиста ба ҷо овардаӣ ё на.
  11. Барои талаби бахшиш аз касоне, ки зулме дар ҳаққи онҳо кардаӣ, бишитоб, қабл аз ин ки аз ҳасанонат бардошта шавад.
  12. Бар ифтор додан ба рӯзадор ҳарис бош, то аз аҷри он бенасиб нагардӣ.
  13. Бидон, ки Худованд бахшоянда ва омурзгор аст, ки тавбаи тавбакунандагонро мепазирад, ҳамчунин сахт иқобкунанда аст, ки муҳлат медиҳад, аммо раҳо намекунад.
  14. Ҳар гоҳ гуноҳе анҷом додӣ ва Худованд онро пӯшонд, пас бидон, ки ин фурсате аст барои тавба, бишитоб ва бар тарки ин гуноҳ азматро устувор гардон.
  15. Бар ёдгирӣ ва шинохти тафсири Қуръон, аҳодиси Расули акрам (с) ва зиндагонии пурбораш ва дигар улуми дин кӯшо бош, зеро талаби илм ибодат аст.
  16. Аз ҳамнишинони бад барҳазар бош ва дар ҳамнишинӣ бо солеҳон ва некон бикӯш.
  17. Мудовамат бар рафтан ба масҷид дар аввали вақт сабаби издиёди шавқу хушӯъ дар ибодат ва муноҷоти Парвардигор мешавад.
  18. Бикӯш, то ба зердастонат масоили динашонро биёмӯзӣ, зеро онҳо ба сухани ту беш аз дигарон гӯш медиҳанд.
  19. Суфраи ифторатро зиёд рангин масоз, зеро ин кор сабаби машғулияти аҳли хона дар айёми Рамазон мешавад ва онҳоро аз қироати Қуръон ва дигар ибодатҳо бозмедорад.
  20. Аз рафтан ба маҳфилҳои беҳуда дар шабҳои Рамазон, махсусан шабҳои охири он барҳазар бош, то ин фурсати гаронбаҳо аз дастат нараванд.
  21. Бидон, ки ин моҳи муборак меҳмонӣ аст ва сафар хоҳад кард, пас меҳмоннавози хубе бош, ки зудтар аз он чи тасаввур дорӣ, хоҳад рафт.
  22. Ба қиёми даҳ шаби охири Рамазон ҳарис бош, зеро ин шабҳо шабҳои боарзише ҳастанд ва шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ мебошад, дар ин даҳ шаб аст.
  23. Бидон, ки рӯзи ид рӯзи сипосгузорӣ аз Парвардигорат аст, пас онро нуқтаи шурӯъи корҳое, ки нафсатро аз он бозмедоштӣ, қарор мадеҳ.
  24. Дар рӯзи ид дар ҳоле, ки шод ҳастӣ, ба фикри бародарони ятиму ниёзманд ва тангдасти хеш ҳам бош ва бидон, ки он касе, ки туро бар онҳо бартарӣ додааст, қодир аст, ки ин аҳволро дигаргун созад, пас барои шукргузорӣ ва ҳамдардӣ бо онҳо шитоб кун.
  25. Аз хӯрдани рӯза бидуни узр барҳазар бош, зеро ҳар кас як рӯз аз рӯзҳои Рамазонаш бидуни узр фавт шавад, рӯзаи тамоми умр ҳам наметавонад онро ҷуброн кунад.
  26. Барои нафсат баҳрае аз эътикоф боқӣ бигузор, ҳарчанд андак бошад.
  27. Дар шаби иди Фитр ва рӯзи он то қабл аз барпо шудани намоз бо садои баланд такбир бигӯ.
  28. Барои нафсат баҳрае аз рӯзаҳои суннат бигузор ва танҳо дар Рамазон рӯзадор мабош.
  29. Бидон, ки Худованд неъмати фароғатро ба мо арзонӣ доштааст, то дар корҳои ҳалол истифода барем ва агар тамоми вақтамонро сарфи тафреҳ бикунем, хайри зиёдеро аз даст додаем.
  30. Нафсатро дар тамоми корҳо муҳосаба кун, аз ҷумла: намози ҷамоат, закот, пайванд бо хешовандон, оштӣ бо касе, ки байни ту ва ӯ кудурате вуҷуд дорад, ташвиқи доимӣ дар байни мусулмонон барои оромӣ ва дӯстӣ, тарбияти зердастон, таваҷҷуҳ ба умури мусалмонон, қабул кардани насиҳат аз дигарон, парҳез аз ғайбату фитнаангезӣ ва нооромӣ дар байни мусулмонон, ки бадтарин гуноҳон аст, парҳез аз исрофкорӣ, дурӣ аз риё, кӯшиш барои ислоҳи хеш ва дигарон, тиловати Қуръон ва тадаббур дар маъонии он, хушӯъ ҳангоми шунидани Қуръон, барои бародарат онро биписанд, ки барои хеш меписандӣ.
Время намаза в Душанбе

23.05.2025

Подробнее
Фаджр03:28
Зухр12:40
Аср17:51
Магриб19:48
Иша21:18
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее