Эъҷози илмии Қуръон – далоиле бар ҳақиқати китоби илоҳӣ будани он.

Эъҷози илмии Қуръон – далоиле бар
ҳақиқати китоби илоҳӣ будани он
Ҳамду сано сазовори Худои ягона аст, ки ба Расули акрам (с) Китобе фиристод, ки ҳеч шакке дар он нест, раҳнамои парҳезгорон аст то рӯзи қиёмат. Ва дуруду салом шоистаи ҳабиби Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, ки офтоби тобони банӣ Одам ва муршиду муаллими мо то рӯзи ҷазост.
Қуръон – охирин китоби илоҳӣ аст, ки бо эъҷози худ ҷаҳониёнро мусаххар намудааст. Олимону муҳаққиқони зиёд дар гӯшаву канори олам пас аз дарки маънии оёти илоҳӣ дини мубини Исломро пазируфтаанд.
Дар мавриди эъҷози Қуръон асарҳои зиёде нашр шуда, ҳар муҳаққиқ кӯшидааст, ба таври худ бо далелҳои асосноки илмӣ ҳаққонияти Каломи илоҳиро баён созад.
Дар ин миён китоби “Эъҷози Қуръон”, ки ба нависанда ва муҳаққиқи маъруфи турк Ҳорун Яҳё марбут аст, нақши хоссе дорад.
Муаллиф, ки худ аз ҷумлаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, бо далелҳои қавии илмӣ ва услуби зебою фасеҳ эъҷози Қуръони Каримро таҳқиқ намуда, рӯи коғаз овардааст ва хонанда наметавонад, бидуни ашку ҳаяҷон ин китобро мутолиа кунад, зеро саросар бозгӯи ҳақиқати китоби осмонист.
Бо умеди он ки бародарону хоҳарони мо аз ҳақоиқи Қуръони Маҷид огоҳии бештар дошта бошанд, бо фазли Аллоҳи Мутаъол ва даст додани фурсати муносиб ҳар яке аз мӯъҷизаҳои қуръониро барои хонандагони азизи сомона баён хоҳем кард.
Худоё, ҳақро ҳамчун ҳақ бар мо бинамой ва моро пайрави он гардон ва ботилро ҳамчун ботил бар мо бинамой ва моро аз он дур бигардон!
Баҳрҳо бо ҳам омехта ва махлут намешаванд
Яке аз хусусиятҳои баҳрҳо, ки нав аз тарафи олимони муосир кашф гардид, дар иртибот ба ин ояти муборак мебошад:
بَيْنَهُمَا بَرْزَخٌ لَّا يَبْغِيَانِ [٥٥:٢٠] مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ [٥٥:١٩]”
“Гузошт ду баҳрро, то бо ҳам ҷамъ шаванд. Миёни ин ҳар ду ҳиҷобест (ҳаддест), ки яке бар дигаре таҷовуз намекунад (аз ҳадди худ намегузарад)”. (“Ар-Раҳмон”, ояти 19-20).
Баҳршиносон дар ин наздикиҳо донистанд, ки обҳои баҳрҳо, бо он ки наздики якдигар меоянд ва комилан ба тамоси ҳамдигаранд, омехта ва махлут намешаванд.
Тафовути ғализии (Density) обҳо ва тафовути кашиши сатҳи онҳо тавре амал мекунад, ки гуё байнашон як девори борик вуҷуд дошта бошад.
Ба таври мисол баҳри Медитарона ва баҳри Атлас ҳамеша дар мавқеи мадду ҷазр ва мавҷҳои бисёр қавӣ қарор доранд ва оби Медитарона ба оби Атлас дохил мешавад.
Аммо ҳеч вақт дараҷаи ҳарорат, ғализӣ (ғафсӣ) ва миқдори намакҳояшон тағйир намеёбад, зеро монеае вуҷуд дорад,ки онҳоро ҳамеша аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ медорад.
وَهُوَ الَّذِي مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَجَعَلَ بَيْنَهُمَا بَرْزَخًا وَحِجْرًا مَّحْجُورًا [٢٥:٥٣]
“Ӯст,ки ду дарёро ба ҳам омехт, яке гуворо ва ширин ва дигаре шӯр ва талх ва дар байни онҳо ҳоиле қарор дод, то аз ҳам ҷудо бошанд”. (“Фурқон”, ояти 53).
Шарҳи ин мавзӯъ аз ҷумлаи мӯъҷизаҳои Қуръон аст, ки дар вақте ки илми физика чизе дар мавриди кашиши сатҳӣ намедонист, онро баён кардааст.
Қиссаи занбӯри асали мода дар Қуръон
وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ [١٦:٦٨]
ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا ۚ يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاءٌ لِّلنَّاسِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ [١٦:٦٩]
“Ва Парвардигори ту ба занбӯри модаи асал илҳом кард, ки дар кӯҳҳо ва дарахтони баланд манзил созед. Аз ҳамаи меваҳо бихӯред ва дар роҳи Аллоҳ (ҷ) равон бошед. Аз даруни онҳо нӯшидании дорои рангҳои мухталиф берун ояд, ки дар он шифои инсонҳо аст. Дар он низ нишонаҳое барои касоне аст, ки тафаккур мекунанд”. (“Наҳл”, ояти 68-69).
Дар ҷомеаи занбӯрони асал вазифаҳои ҳар кадоми онҳо мушаххас аст. Занбӯрҳои нар дар ҳеч коре ба ҷуз аз илқоҳи малака саҳм намегиранд. Дар ҳоле ки занбӯрони мода тамоми вазифаҳоеро, аз қабили сохтани хона, ғуноварии асал, поксозӣ, ҷамъоварии ғизо, таҳияи асал ва ғайраро ба ӯҳда доранд. Ин занбӯрҳо бо вуҷуде ки модаанд, аммо нозо ҳастанд, яъне қудрати пухта шудани тухма дар онҳо мавҷуд намебошад ва фақат яке аз онҳо ин тавонмандиро дорад, ки ба номи "малика" ёд мегардад.
Калимаи “наҳл” ё занбӯри асал дар ин оят ба занбӯри мода хитоб гардидааст, зеро феъли “иттахизӣ” бо сиғаи муаннас (занона) ба кор рафтааст. Пас Қуръон возеҳ менамояд, ки коргарони таҳияи асал ҳама занбӯрҳои модаанд.
Ироаи ин мавзӯъ, ки дарки он дар он вақт номумкин буд, як мӯъҷизаи дигари Қуръон аст.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее