Ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорем

Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккули худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи сохторҳои давлати миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, идҳою маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Гузашта аз ин, воқеияти миллии ҳар як халқ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба омезиш ёфта бо равандҳои умумиинсонӣ пайваст мешавад.
Ҳамаи мо шоҳидем, ки таърихи башарият тамаддунҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки нақши бузурги онҳо дар рушду такомули маънавии инсоният эҳсос магардад. Тамаддуни Ориёӣ, низ дар таърихи инсоният таъсири амиқ гузошта бо осори гаронбаҳои худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Аз ин рӯ, шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд робитаи хунии моро бо тамаддуни Ориёӣ ба таври сунъӣ қатъ намуда, таърихи гузаштаи хешро ба фаромӯшӣ ҳавола кунем. Бале, имрӯз беш аз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд ва аҷдодони ба ору номуси мо тибқи тавону истеъдоди фитрии хеш саҳми хешро дар рушду пешрафти дини мубини ислом гузоштаанд. Бале, шукру сипос ба Худои мутаол, ки имрӯз мо ҳама мусулмонему аз сарчашмаи ноби таълимоти Ислом ва Пайѓамбари акрам (с) оби илҳом мехӯрем, вале ҳеҷ кас ба мо дар ҳеҷ давру замон иҷозат намедиҳад, ки таърихи аҷдодони хешро дидаву дониста аз лавҳи хотираи таърих маҳв созем. Ба мо касе чунин ҳуқуқи маънавиро дода наметавонад ва ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавии онро надорем, ки фарҳанги миллии худро ҷудо аз фарҳанги ориёии аҷдодон арзёбӣ намоем ва ё аз ҳама бадаш ба он муқобил гузорем. Дуруст аст, ки халқи мо дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазору сесадсолаи хеш таълимот ва шароити ноби Исломиро пазируфта, дар пӯсту хуну устухони хеш ҷойгузин кардааст ва касе дигар наметавонад онро аз мо ҷудо созад.
Таърихи ҳар миллат, ки решаи амиқ дорад, хазинаи бебаҳои маърифат ва манбаи тиллоии сабақомӯзиро фарогир аст. Қатъи назар аз он ки миллат кӯчак аст ё бузург, тақдири ҳалкунандаро дар давру замонҳо дар радифи давлатҳои мавҷуда бозидааст ё не, таърихи он барои инкишофи ояндаи ҳамон миллат аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихии миллати тоҷик возеҳ таъкид шудааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонем…»
Тоҷикон аз халқҳои қадимаи ориёианд, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ тавассути фарзандони барӯмандаш таъсир расонида, ба бесаводони биёбону чодарнишинони ҷоҳил хату савод омӯхта, ба амри таърих худ ба муддати ҳазорсолаҳо аз давлату давлатдории халқӣ ва миллӣ дур гашт. Бо амри таърих садсолаҳо аз сари қудрати сиёсӣ дур гардида, сарзаминҳои аҷдодии худро аз даст додааст…
Мо тоҷикон бо вуҷуди таърихи ғанию фарҳанги оламгирамон борҳо дар айёми гардишҳои куллӣ дар интихоби арзишҳои тақдирсоз ба хатоиҳо роҳ додаем…ва ҳар хатои кардаи аҷдодони мо ба завол ёфтани истиқлолият ва давлатдорӣ мусоидат кардааст. Бурду бохти таќдирсозу таќдирсӯзи давлатдории аҷдоди мо бо бунёд ва заволи давлати Сомониён вобаста аст.
Маҳз чунин хатоҳое буд, ки чароғи давлатдории халқи тоҷик ба мӯҳлати ҳазор сол хомӯш гардид. Ин шикасти давлатдории сеҳазорсолаи Форсҳо дар Тўронзамин буд. Яке аз ин хатоҳои нобахшиданӣ ва бузурги таърихӣ интихоби роҳ ва арзишҳои миллӣ буд.
Хизмати таърихии Сомониён ва фарзандони фарзонаи миллат чун Муҳаммад Исмоили Бухороӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Низомулмулки Тӯсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо каси дигар буд, ки забони модарии мо ҳифз шуда, то замони мо расидааст. Таърихи халқҳои ҷаҳон шоҳиди он воқеияти таърихиест, ки бурду бохти ҳар як миллат аз он вобастагӣ дорад, ки дар чунин давраҳои тақдирсоз фарзандони ба ору баномуси он ба ин даъватҳои бузург чӣ гуна посух медиҳанд.
Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз манфиатҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки бедории миллӣ ва худшиносии миллатро дар қалби мардумон кишт намоем.
680 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 1995;
Ҷашни 675-солагии Хоҷа Камол, соли 1996;
Ҷашни ҳазораи «Шоҳнома», соли 1999;
Ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён, соли 1999;
1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино, соли 2005;
Эълон шудани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни Ориёӣ;
700 - солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар соли 2007;
Бо ҳуруфи кирилӣ ва ба чоп расонидани «Қуръони карим»;
Эълон шудани соли бузургдошти Имоми Аъзам ва дигаронро метавон ёдовар шуд, ки дар рушди худшиносии миллӣ саҳм гузоштаанд.
Ҳама гуна истиқлолият аз худшиносию ватандӯстӣ ибтидо мегирад, аз ин лиҳоз, бояд аз ҳар фурсати мумкин исфтиода кунем, то роҳи интихобнамудаи мо дар масири худшиносӣ ва ватандӯстӣ ва таҳкиму тақвияти давлатдорӣ таҳким ёбад ва ки ҳар шаҳрванди кишвар дар ин масири тақдирсоз саҳме ба андозаи тавону масъулияти хеш гузошта бошад.
Диловар Сафаров,
мутахассиси пешбари Кумитаи дин
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее