Главная Статьи Осори гуноҳон дар зиндагии инсоният.

Осори гуноҳон дар зиндагии инсоният.

Осори гуноҳон дар зиндагии инсоният.
2018-05-17
4173

Агар мо ба фалсафаи офариниши инсон пай бибарем, пас ба арзиши худи инсон пай бурдаем. Агар мо барои инсон арзиш қоил набошем, пас инсоният низ гуё танҳо барои моддиёт офарида шуда маҳсуб мегардад, ки ба ӯ аз диди ҷисмӣ ва моддӣ нигариста шавад ва тамоми зиндагии ӯ дар шикам ва шаҳват хулоса гардад. Ҳол он ки чунин нест. Инсон мавҷуде пур арзиш ва бо азамат аст.

      Аз назари Қуръон инсон мавҷудест халифа ва ҷонишини Худо дар рӯи замин. Инсон барои такомул офарида шудааст ва камоли ӯ дар тақарруби бо Худост. Инсон бо ин тақарруб ба марҳилае метавонад бирасад, ки аз малоика ҳам беҳтар бошад. чунон ки шайх Саъди фармуда:

Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват,

Ба дар ой, то бубинӣ таярони одамият.

     Инсон он офаридаи Худост, ки бо амри Худои Маннон, фариштагони покаш, Ӯро саҷда карданд ва неъматҳои дунявӣ ҳам барои Ӯ офарида шудааст. Худо неъмате бузург бо номи виҷдон дар даруни инсон гузоштааст, ки дар шаръ аз он бо Нафси лаввомаҳ ёд мешавад. 

Ӯ мавҷуде озод ва мухтор аст, ки метавонад рӯҳи хешро ба беҳтарин шакл бисозад, зеро ба ӯ некӣ ва бадӣ илҳом шудааст.

    Пас инсон бояд биандешад, ки ҳадаф аз офариниш чӣ будааст?

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.

Мондаам сахт аҷаб к­аз чи сабаб сохт маро,

Ё чи будаст муроди вай аз ин сохтанам.

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чи буд?

Ба куҷо меравам охир нанамоӣ ватанам.

    Оре, кист, ки нахоҳад бидонад аз куҷо омада ва барои чи омада ва ба куҷо меравад. Аксари  инсонҳо табъан хоҳони ин матлаб ҳастанд, аммо танҳо мактабе, ки метавонад посухгӯ бошад, мактаби худшиносӣ ва Худошиносист. Чун инсон худро шинохт, Худоро мешиносад ва ҷаҳон барояш маъно ва мафҳум пайдо мекунад ва тафаккури ӯ ба низом дар меояд.

    Қуръони Карим дар бораи ҳадафҳои ҳастии инсон мефармояд: “Мо Осмонҳо ва Замин ва он чи дар он аст, ба беҳуда ва ботил наёфаридем” (Сураи Сод, ояи 27).

    Ҷои дигар Худованд мефармояд:

“Оё гумон кардаед, ки мо шуморо ба беҳуда офаридем ва шумо ба сӯи мо бозгашт намекунед?” (Сураи Муъминун, ояи 115).

    Инчунин ҷои дигар фармуда:

“Оё инсон гумон мекунад, ки ӯро ба ҳоли худ раҳо кардаем”. (Сураи Қиёмат, ояи 36).

    Оёти зикршуда бо ҳадаф офаридани инсонро собит мекунад ва ба ӯ гӯшзад мекунад, ки ту беҳуда офарида нашудаӣ. Пас аз назари Қуръон ҷаҳон ва инсон ҳадаф ва ғояте дорад. Акнун биандешем,ки ҳадафи инсон аз хилқат чист? Қуръон дар ишора ба ин ҳадаф мефармояд: “Ҳамоно ман инсонро дар рӯи замин ҷонишини Худам қарор медиҳам”.(Сураи Бақара, ояи 30).

     Ҷои дигар Худованд мефармояд: “Ҷин ва инсон наёфаридам магар барои ибодат ва бандагии Ман”. (Сураи Зориёт, ояи 56).

      Мақсуд аз ибодат танҳо як силсила амалҳои махсус монанди намоз ё рӯза нест, балки як маънои густардатаре дорад, ки ҳар амали мусбате, ки аз инсон содир гардад ва дар он амал нияти савоб дошта бошад, ибодат ҳисоб мешавад.

      Бинобар ин деҳқоне, ки барои таъмини хонаводааш ба обёрии зироат мепардозад, коргаре, ки дар коргоҳ машғули кор аст, донишҷӯе, ки барои пешрафти ҷомеъа машғули мутолиа аст, пизишке, ки дар утоқи ҷарроҳӣ беморонро аз марг наҷот медиҳад, талаба ва олиме, ки барои ҳидояти мардум ва ҳаракати инсонҳо ба сӯи Худо ва камолоти маънавӣ, ки машғули дарс ва баҳсанд ҳамагӣ агар ризои Худоро дар ёд доранд, амалҳояшон ибодат ба ҳисоб меравад.

   Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки чун инсон ба маънии ҳадафи офариниш бирасад, худро аз гуноҳон ба дур нигаҳ дорад, зеро ҳар андоза, ки инсон ба камол қариб мешавад, ин на танҳо ба итоати Холиқ вобаста аст, балки ҳамон андоза дурӣ аз маъсият лозим меояд. Инсон чун пойбанди шаҳавоту маъсият шуд аз камол дуртар мегардад.

Магар одамӣ набуди, ки асири дев мондӣ,

Ки фаришта роҳ надорад ба макони одамият.

Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,

Ҳама умр зинда боши ба равони одамият.

     Барои дурӣ аз гуноҳ бояд ба пасти ва зиштии он пай бурд, зеро гуноҳ таъсири манфӣ ва қабеҳе дорад. Инсон агар ба пастии гуноҳ пай бибарад аз он дурӣ меҷӯяд, ҳамчунон ки агар ба пастии ғизое, ки мехӯрад, ки боиси бемориаш мегардад дурӣ меҷӯяд.

    Ҳамон гуна, ки ғизои фосид ҷисми инсонро мариз мекунад, корҳои зишту нописанд низ рӯҳи инсонро мариз мекунад, зеро ҳамон гуна, ки ҷисми инсон мариз мешавад, рӯҳи инсон ҳам аз таъсири амалҳои нохуш мариз мегардад. Аз ин ҷост, ки инсони гунаҳкор дар ҳақиқат як инсони бемор аст ва имкони шифо ёфтанро дорад. Чунон ки Худованд дар ҳақи мунофиқон фармудааст: “Дар қалби ин мунофиқон маразе аст”. (сураи Бақара ояи 9).

   Пас метавон хулоса кард, ки чуноне маразҳои ҷисмӣ қобили шифо ҳастанд, маразҳои рӯҳӣ низ бар асари тақво ва дурӣ аз гуноҳ аз байн мераванд.

     Яке аз таъсирҳои гуноҳ ин аст, ки оромиши хотир аз инсон гирифта мешавад. Бе шубҳа ҳамаи инсонҳо зотан ва фитратан толиби оромиши рӯҳӣ ҳастанд ва ҳамагӣ аз ғаму андӯҳ ва нооромии дарунӣ ранҷ мебаранд. Инсон ҳозир аст аз бисёре аз манфиатҳои дунявии худ даст кашад, то оромиши хотир пайдо кунад, зеро ҳеҷ чиз ба андозаи парешонхотирӣ зиндагиро ба инсон талх намекунад. Баъзеҳо барои раҳоӣ аз нооромӣ даст ба худкушӣ мезананд ва маргро беҳтар аз нооромии дарунӣ медонанд.

     Инсон агар бихоҳад, ки ба оромии рӯҳии комил даст ёбад, бояд ба амалҳое, ки мӯҷиби ин кор мешавад рӯй биоварад ва инчунин аз корҳое, ки мӯҷиби нооромии ӯ мегардад дурӣ ҷӯяд.

    Гуноҳу маъсият ин асарро ба дубол дорад, ки роҳат аз рӯҳи инсон дур мешавад ва оромиши хотирро аз ӯ мегирад. Ӯро дар дарёи ғаму андӯҳ ғарқ мекунад. Гоҳе чунон мешавад, ки тамоми дунё барояш ранҷасту нороҳатӣ, ҳатто агар дорои неъматҳои зиёде ҳам бошад ва сарвати ҳангуфте ҳам дошта бошад.

      Яке аз донишмандони англис мефармояд: “Ҷисми мо ба осоиш ниёзманд аст ва рӯҳамон ба оромиш. Агар осоиши ҷисм ва оромиши рӯҳро ба қадри кифоя таъмин накардем, хаста ва олуда мешавем, ҷисм аз кор меафтад ва рӯҳ тира ва касиф мешавад.”

    Пас шахси оқил аз гуноҳ, ки сарчашмаи нороҳатиҳост, худро ба дур медорад. Чи азобе аз ин бадтар ва чи шиканҷае аз ин ваҳшатноктар, ки инсон решаи истеъдодҳои дарунии худро ба василаи гуноҳ ва дурӣ аз Худо бихушконад ва онро аз оби маърифат ва тақво ва раҳмати илоҳӣ маҳрум созад ва қалби хешро мариз гардонад.

    Қалбе, ки бар асари гуноҳ торик шуд, мисли оинаест, ки чеҳраи поки он зангор гирифта бошад. Дар ин ҳол маълум аст, ки ин оина дар асари зангор аз тасвиру инъикоси ашё маҳрум аст. Қалбе ҳам, ки торик шуд қобилияти дарки ҳақиқат ва шинохтро аз даст медиҳад. Дар ин сурат на метавонад ҳақоиқро касб кунад ва на метавонад ба дигарон ифода кунад. Ҳамчунон, ки оина ҳаргоҳ сиёҳ шавад, на худ метавонад нур бигирад ва на қудрат ва тавоноии инъикоси нурро дорад.

    Ҳақиқати матлаб ҳам ҳамин аст, ки ҳангоме, қалби инсон бар асари гуноҳон торик шуд ҳақоиқро воруна мебинад. Ҳақро ботил ва ботилро ҳақ, зиштро зебо ва зеборо зишт, палидро накӯ ва накӯро палид мепиндорад.

   Аз Худованди Маннон умеди он дорем, ки бандагонро ба сӯи муҳаббати тақво ва накӯкорӣ ҳидоят фармояд ва аз гуноҳу зиштиҳо дар амони Худ нигаҳ дорад. Омин.                                

Ҷамолиддин Хомушӣ

Сардори Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

17.05.2025

Подробнее
Фаджр03:33
Зухр12:40
Аср17:45
Магриб19:44
Иша21:14
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее