Главная Статьи Омили ахлоқ ва робитаи он бо фарҳанги диндорӣ дар қонуни танзим

Омили ахлоқ ва робитаи он бо фарҳанги диндорӣ дар қонуни танзим

Омили ахлоқ ва робитаи он бо фарҳанги диндорӣ дар қонуни танзим
2018-07-12
2837

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва хонадону ёрони ӯ бод.

Аз замони қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инак ёздаҳ сол сипарӣ мегардад. Қонуни мазкур, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дар рушду пешрафту тараққиёти кишварамон, хусусан дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва солимгардонии фазои маънавии ҷомеа чӣ нақшеро адо намуд. Ҳарду масъалаи ахир решапайванди ҳамдигаранд, зеро бидуни адолати иҷтимоӣ фазои маънавӣ солим буда наметавонад ва ҷомеае, ки адолат надорад, дигар ҳама масоил баҳсбарангез аст. Ҳарду масъала ҳам аз муаммоҳои ахлоқианд ва ба фарҳанги давлатдорӣ бевосита робита доранд. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки қонуни танзим беихтиёр ба усули давлатдории миллии мо рабт пайдо мекунад ва онро ҳамчун падидаи сиёсию фарҳангӣ баҳо додан лозим аст. Вақте ки қонуни танзимро ба сиёсат рабт медиҳем, маълум, ки он ҳамчун унсури танзимкунандаи муносибатҳои васеи иҷтимоӣ дарк мешавад, ин доираи муносибатҳо ҳама паҳлуҳои зиндагии инфиродӣ ва иҷтимоии кулли табақаҳои ҷомеаро фаро мегирад. Ягон қишри ҷомеа аз ин доираи муносибатҳо истисно нест, албатта, ба ҷуз баъзе ақаллиятҳои миллӣ, ки фарҳанги дигар доранд.

Падидаи фарҳангӣ буданаш аз он маълум аст, ки он фарогирандаи завқу салиқаи ҳунарӣ, хусусиёти ахлоқӣ, дину ойин, асотир ва васоили таъмини онҳост. Дигар вижагии ин қонун ҳамин аст, ки дар он ба дину диндорӣ ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ арҷ гузошта мешавад. Дар он унсурҳои асосии тамаддуни миллии мо – миллияту мазҳаб ва фарҳангу дин на дар ихтилофи ҳамдигар, балки ҳамдигарро комил мекунанд ва натиҷааш ин аст, ки мардум худро дар воқеияти нав, дар сатҳу савияе мебинанд, ки ба муомилаву муносибатҳои марбут ба расму ойинҳои устуворшакл таҷдиди назар шудааст. Дарки ин навиҳо вақти муайяне барои ташаккул ёфтани муносибатҳои нави ахлоқиву фарҳангиро тақозо мекунад. Акнун бояд дар заминаи ин қонун фарҳанги ҷадиди диндорӣ ва хулқу атвори ба он мувофиқ дар ҷомеа шакл бигирад ва инро кори саҳл пиндоштан мумкин нест.

Ба ақидаи олимони равоншинос, низоми ахлоқиро дар таркиби ҷомеа тағйир додан то он даме мушкил ба ба бор меорад, ки дар худи ҷомеа кӯшишҳо ва ибтикорот дар худислоҳкунӣ ба амал наояд. Аммо тавре ки таҷрибаи 11-солаи татбиқи қонун нишон медиҳад, чунин ибтикорот дар ҷомеа хеле зиёд аст, чунки сатҳи худшиносии мардум ва савияи бознигарӣ ба ахлоқи диндорӣ хеле боло рафтааст. Омили ахлоқӣ дар ин санади ҳуқуқӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае баъди як соли қабули ин қонун ин омилро махсус қайд намуда буданд: Бояд зикр кард, ки дар қонуни мазкур мо дар баробари меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин арзишҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус арзишҳои ахлоқиро ба назар гирифтаем”. Аз ҳама муҳим ин буда, ки мардум аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ манфиати ин қонунро эҳсос намуданд.

Бадеҳист, ки аҳаммият ва зарурати ҳар иқдоми иҷтимоӣ ва ҳар таълимот аз он мушаххас мешавад, ки дар зиндагии мардум чӣ манфиате ба бор меорад. Оморе, ки аз нафъи ин қонун дар ҳаёти иқтисодии мардум исбот мекунад, ба ҳамагон маълум аст. Муҳимтар аз ин, ба андешаи мо, манфиати ин қонун дар тағйир додани тарҳи зиндагии мардуми кишвар аст, ки онро ба ягон навъи омор андоза карда намешавад.

Ҳамакнун баъди 11 сол мо чиро дар рафтори мурдум ғайриодӣ мебинем, ҳама чиро, ки қабл аз қабули қонун маъмуливу муқаррарӣ буд. Харҷу масрафи барзиёд ва омодагиҳои тӯлонӣ ба иҷрои маъракаву нишастҳо ҳамчун як урфи ниёгон, як одати маъмулӣ ва гӯиё диниву мазҳабӣ дар тафаккури омма ҳазм шуда буд, ҳамин тарзи тафаккур оҳиста-оҳиста аз байн рафт, тарзи тафаккури нав, яъне ақливу ратсионалӣ ва прагматикӣ ба вуҷуд омад.

Ҳазор сол бузургони адабу фарҳанги мо насиҳат мекарданд, ки харҷи беҳуда дуруст нест, аз асли дин – маохизи қуръониву аҳодис мисол оварда мешуд, аммо мардум бо он ақидаи ботил, ки “пешиниён мекарданд, чаро мо накунем”, ҳама иддаои дурустро рад мекарданд. Баробари қабули ин қонун ҳамин ақидаи ботил бартараф шуд, зеро корҳои бузурги фаҳмонидани мардум, яъне таблиғу тарғиби фарҳанги диндорӣ дуруст ба роҳ монда шуд ва ин кор натиҷаи дилхоҳ дод.  Омили дигаре, ки ба натиҷаҳои неки татбиқи ин қонун кумак расонд, равуои мардум ба хориҷа ва мушоҳидаи манзараҳои таҷлили расму ойинҳои динӣ дар мамолики исломӣ мебошад. Мардум бо чашми сар дид, ки бо вуҷуди аҳволи хуби модӣ доштан, миллионерҳои араб бо додани як пиёла қаҳваю як лаълича хурмо ҳама русуми азодориашонро анҷом медиҳанд, яъне асли ҳадаф дар дороӣ набуда, балки дар маданияти махсуси таҷлили ин қабил расму анъанаҳо будааст.  

Ҳоло метавон гуфт, ки акнун мардуми Тоҷикистон, баъди қонуни танзим ба асли маънавияти динӣ расидааст. Акнун метавон хулоса кард, ки оҳиставу пайваста дар зеҳни мардум тағйироти куллие ба вуҷуд омадааст, ки дарунмояи он – ислоҳи ахлоқ ва маънавият аст.

Хулосаи дигар ин аст, ки тавассути ин қонун миқдори зиёди хурофот, ки мутаассифона, бо дин олуда шуда буданд, аз байн бурда шуданд. Аз қадим омадааст, ки олуда шудани дин бо хурофот хавфи азиме барои маънавият дорад. Ин санади ҳуқуқӣ ҳамин проблемаро ҳал кард: муайян ва муқаррар шуд, ки дар кадом сатҳу поя хурофоту таассуб ба бунияи иҷтимоъ зиён овардааст ва бо чӣ дастуре метавон аз маризиҳои хурофотӣ наҷот ёфт. Агар возеҳтар бигӯем, беш аз даҳ соли амали қонуни танзим ҷунбиши фикрие дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва ин қонун нақши фарҳангии хешро иҷро кард ва минбаъд низ мекунад.

Таҷриба нишон дод, ки қабули ин қонун ва дар ҳаёт пайваста татбиқ шудани он рӯзгори мардумро беҳ кард, назари нав ва биниши нав ба табиат ва муҳтавои расму оинҳо ва маъракаҳои хонаводагӣ, таҳлили қиёсии анъанаҳои худӣ ва русуми бегона ба вуҷуд омад. Ин раванд дар зоҳир одӣ намояд ҳам, раванди сода набуд.

Уламои ҷомеашинос хуб медонанд, ки дар ҳар ҷомеа, хусусан дар ҷомеаҳои суннатӣ, тағйир додани тафаккури омма мушкилтарин корест. Тафаккури устуворшуда натиҷаи зиндагии садсолаҳост. Вақте ки садсолаҳо ҷомеа ба як тартибу низом одат мекунад ва табиаташ хӯ мегирад, барои иваз намудани он ҷидду ҷаҳди зиёд ва солҳои тӯлонии одат кардан ба воқеиятҳои нав лозим мешавад. Барои ҳамин ҳам, тӯли даҳ сол мувофиқ шудани рӯҳия ва завқу салиқаи мардум бо муқаррароти қонуни танзим як ҳодисаи нодири иҷтимоӣ ва муболиғае нахоҳад шуд, агар бигӯем инқилобӣ буд. Як инқилоби маънавие ҷомеаро фаро гирифт, ки пиру барно, ҷонибдору бетараф, суннатию навоварро бо ҳам ба созиш овард.

Масъулияти Маркази исломии Тоҷикистон, рӯҳониён ва имом-хатибон дар замони омодагӣ ба қабули қонун ва ҳам дар давраи табиқи он хеле зиёд буд ва сабабаш ҳам маълум аст. Аксарияти расму оинҳо дар зеҳни мардум асоси динӣ доштанд ва аз ин рӯ, ба уламои ислом зарур меомад, ки ба қавле «мӯйро аз хамир ҷудо намоянд», ба мардум фаҳмонанд, ки ислом як дини одӣ нест, ки бо чанд расму оин ва маъракаву нишаст маҳдуд бошад, балки он дини ҷаҳонӣ бо барномаест, ки тамоми зиндагии ҷомеа, инсон ва кайҳонро фаро мегирад. Магар чунин дине, ки як зарра бадиро беоқибат ва як зарра некиро беподош намегузорад (фа ман мисқола зарратин хайран яра, фа ман мисқола зарратин шаррай яра), оё имкон дорад, ки бар зарари иқтисод, иҷтимоъ ва маънавиёти инсон меъёре дошта бошад? Шайх Муттақӣ посухи ин суолро хеле бамаврид додааст:

Ислом на фақат савму салот аст,

Илм асту низом асту ҳаёт аст.

Ба қавли дигар, ислом як дини фарҳангзо ва моҳиятан тамаддунофар аст. Зербинои ислом адаб, тарбият, дониш, илм, маърифат, маҷмӯи одоб ва русум аст. Ҳамин қабил, ҳоло агарчи барои сад дар сади мардуми Тоҷикистон мафҳум набошад ҳам, аммо аксарият тӯли ин даҳ соли татбиқи қонуни танзим маърифат кардаанд, ки ҳама зиёдаравиҳою исрофкориҳо аслан ба исломи мубин робитае надоранд. Аслан, ҳамагуна одоти номатлуб ва русуми нодаркор дар даврони шӯравӣ авҷ гирифтанд, он даврае, ки аксари мардум ба ҳоли хуби иқтисодию молӣ расиданд. Азбаски дар он давра дин «афюн»-и ҷомеа эълом шуда, ҳамагуна маърифати динӣ ҳамчун падидаи иртиҷоӣ пазируфта мешуд, оқибаташ ин шуд, ки оҳиставу пайваста хурофот ва намоишкориҳо сол то сол такмил мешуданд ва ба дараҷаи мусобиқа расиданд. Ягон восита ва механизми манъ кардани чунин исрофкориҳо ба кор бурда намешуд. Уламои дин ёрои садо баланд кардан надоштанд, фаъолони ҷамъиятӣ ба ин гуна маъракаҳо вокунише намекарданд, оқибат дар зеҳну тафаккури мардум чунин маъракаву маросимҳо ҳамчун як падидаи лозим маърифат шуд, яъне мардум одат карданд ба он амалҳое, ки медиданд ва касе онҳоро манъ намекард ва нодурустии онҳоро низ шарҳ намедод.

То соли 2007, яъне тӯли 16 соли давраи соҳибистиқлолӣ низ чунин бенизомиҳо дар баргузории расму оинҳо ва маросимҳо идома дошт. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии даҳсолаи аввали истиқлол исрофкориҳо ва намоишкориҳо ҷараён доштанд. Маҳз ташаббуси шахсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешгирӣ аз бетартибиҳо дар мавриди расму анъанаҳо боиси он шуд, ки дар ҷомеа як таҳаввулоти фикрие ба вуҷуд ояд. Татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз як тараф, аз сӯи дигар, саҳм гузоштани худи шаҳрвандон дар беҳбуди аҳволи молиашон Президенти кишварро водор намуд, ки ба иқдоми тавассути қонуни махсус ба низом овардани масъалаи танзим расму оинҳо даст бизанад.

Мегӯянд, ки арзиши ин ё он ҳодиса баъди гузашти вақти зиёде маълум мешавад. Даҳ сол вақти андак бошад ҳам, аммо дар ин муддат исбот шуд, ки Сарвари давлат ҳақ буд. Дигар бо насиҳату машварат, фаҳмонида додану гуфтану навиштан вазъи ҷомеаро ислоҳ кардан имкон надошт. Қонуни махсусе қабул намудан лозим буд, ки мардумро аз роҳи нодуруст баргардонад, аёнан нишон диҳад, ки кадом амали маросимиро иҷро намудан мумкин асту кадомашро не.

Инак, баъди ёздаҳ сол дубора ба ин қонуни хеле муҳим тағйирот дароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкурро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ  ва қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст.

Ин тағйироту иловаҳо низ комилан ба нафъи сокинони мамлакат буда, ихтилофе ба асосҳои дину мазҳаб надоранд. Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии ҳофизону мутрибон иҷозат дода шуда, маъракаи ақиқа манъ карда шуд. Ҳамчунин гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз ё  роҳбандон низ манъ шуд. Сокинони кишвар дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон дар оростани дастурхони идона ба худнамоӣ роҳ надода, имкон доранд хони идонаи хоксорона ороянд. Ҳамзамон минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни  хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Тамоми маросими баргузории  дафну азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Аз ҷумла,  маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.

Тамоми ин иловаҳою тағйироте, ки ба қонуни мавҷуда изофа шуд, маънии такмили фарҳанги рӯзгордориро дорад. Бояд таъкид кард, ки масъалаи фарҳанги рӯзгордорӣ ҳам дар дину мазҳаб ва ҳам дар адабиёти тоҷик ба таври хеле фаровон баррасӣ ва таҳлил шудааст. Дар Қуръони маҷид ва суннати Пайғамбар, ки ду маъхази асосии дини мубини ислом  ба шумор меоянд, исрофкорӣ ва хароҷоти риёкорона ҷиддан  манъ шудааст. Дар ояти 141-и сураи «Анъом» Худованд мефармояд: «Исроф макунед, ки Худои таъоло исрофкоронро дӯст намедорад». Дини мубини ислом ҳамеша беҳбудӣ ва аҳволи неки мардумро дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар умури маросимҳо мадди назар дорад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки Пайғамбари гиромӣ (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Осон бигиред ва душвор магардонед». Бояд дар назар дошт, ки калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст, ҳамон тавре ки дар ҳадиси муборак омадааст: «Моли муъмин чун хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам аст».

Ҳоло аз баракати ин қонуни миллӣ шаклҳои манфиатовари хайру садақа дар зеҳни мардум ҷо гирифта, ташаккул ёфта истодаанд. Кӯмак ба ятимону бепарасторон, мусоидат кардан ба таъмиру тармими мактабу масоҷид ва шифохонаҳо ва амсоли инҳо низ аз ҷумлаи хайру садақотанд ва аз омилҳои ҳамгироиҳои мардум ва ваҳдати онҳо низ мебошанд. Дар Қуръони Карим дар ин маврид чунин омадааст: «Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигӯ, аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва ба мусофиру дар роҳ мондагон садақа кунед. Ва ба Худованд аз ҳар некие, ки анҷом бидиҳед, огоҳ аст. (Ояти 215-уми сураи «Бақара»).

Дини мубини ислом ҳамеша сабукиро ба душворӣ тарҷеҳ медиҳад ва мо инро дар мисоли меъёрҳои ин қонун дар мавриди маросимҳои хушнудӣ низ баръало эҳсос мекунем. Аслан, аз назари ислом, ки мактаби бузурги тарбия аст, бояд ҳар гуна нуқсу иллат аз аслу реша бартараф карда шавад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки ходимони дин ба ҷавонон роҳу усулҳои дур шудан аз исрофкориро бояд талқин кунанд ва дар намозҳои ҷумъаву панҷгона дар ин хусус мавъизаҳо хонанд. Кутуби тарбияи бузургон низ пурманфиат  истифода карда шавад. Масалан, Кайковус дар асари безаволаш «Қобуснома» зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин меорад: «Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад».

Дарунмояи қонуни танзим ҳамин аст, ки ҷомеа ва ҳар як фарди ин сарзамин дуруст бидонад, ки исрофу худнамоишдиҳӣ оқибат ба фақр мебарад. Вазифаи асосии ин қонун ҳамин аст, ки ҷомеаро аз фақр нигоҳ дорад, ҳар як сокини кишварро ба худшиносӣ роҳнамо бошад. Гузаштан аз баҳри чанде аз расму оинҳои хурофотӣ ва зиёновар, дуруст фаҳмидани маънову муҳтавои садақаву хайрот, беҳбудии оила ва саодати фарзандонро дар мадди аввал гузоштан, аз рӯи имкон накӯӣ кардан ба он қишрҳое, ки дин мушаххас кардааст, ҳар инсонро ба худшиносӣ хоҳад бурд.

Саидмукаррами Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

30.11.2024

Подробнее
Фаджр05:45
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:07
Иша18:37
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее