Главная Статьи Ҳизби ифротӣ доми найранги кист?

Ҳизби ифротӣ доми найранги кист?

Ҳизби ифротӣ доми найранги кист?
2018-08-10
3562

Ҳофизо май хўру, риндӣ куну хуш бош, вале,

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, инчунин пешгирии намудани шомилшавии  шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар заминаи эътиқодоти динии амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геопалитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Чунон ки бевосита Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Вале бадбахтона, баъзан шахсоне ҳастанд, ки аз доираи ходимони дину уламои кишвар  ва гурӯҳҳои алоҳидаи динӣ - сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ то ҳол аз таҷрибаи талхи гузаштаи ба сари миллатомада натиҷабардорӣ накарда,  барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ ва иҷро намудани супоришҳои хоҷагони  бегонаашон бо сӯиистифода аз сатҳи пасти маърифати динию дунявии мусулмонон, бахусус ҷавонон, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки мардуми мусулмонро аз тариқи дини мубини ислом ҳар чӣ бештар вориди бозиҳои сиёсӣ карда, байни мардум тафриқаи динӣ эҷод намуда, фазои динӣ-сиёсии кишварро мутташанниҷ  созанд. 

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд ба халалдор сохтани амнияти миллии давлатҳои гуногун мусоидат намуд.  Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз  ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода муваффақ низ гардид. Мутассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳое пайдо гардиданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардуми мусалмони кишвар дини мубини исломро ҳамчун воситаи ноил гардидан ба манфиатҳои худ истифода менамуданд ва баъзе гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳо омили низоъу муноқишаҳои гуногун мегардиданд. Аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо ҲНИТ ба ҳисоб меравад, ки ахиран ниятҳои нопоки онҳо ошкор гардида фаъолияти онро Суди Олӣ манъ намуд.  Дар ин замина мо бояд таҳдид аз хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори идеяҳои сиёсӣ-идеологии онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем. 

Чунон ки таҳқиқотҳои муҳаққиқон дар ин ҷода нишон медиҳад  тундгароӣ дорои навъҳои гуногун буда, асоситарини онҳо радикализми сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ маҳсуб мешаванд. Воқеияти ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи инсонӣ имрӯз дар навбати аввал бо радикализми динӣ рӯ ба рӯ гашта, бештар ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки радикализм – зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ  бошад маънои ифрот, зиёдаравиро дошта, дар он гурӯҳҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва амалӣ гардонидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ зӯригарии ҷисмонӣ,  услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебаранд. Ифротгароӣ агар характери сиёсӣ пайдо намояд, яқин аст ки аз тарафи ягон гурӯҳи муташаккил ба мақсади бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва бо роҳи маҷбурӣ таҳмил кардани ақидаҳои ифротии худ таъсис шудааст. Аз ин рӯ, ифротгароии сиёсӣ барои амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллии кишвар омили хатарнок дониста мешавад. 

Ҳамарӯза мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар  васоити ахбори омма огоҳ ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳони ислом вазъият ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки воситаҳои технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вконтакте, твитер ва ғ) аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғу ташвиқи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Онҳо ба  ин васила аз дин ва эътиқодоти динӣ истифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.  Манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявиву динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» инфрасохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ сохтан мехоҳанд. 

Чунон ки гуфтем, яке аз  сабаб ва омилҳои хусусияти сиёсӣ касб кардани дин дар ҷахони ислом, бахусус дар кишварҳои навистиқлоли Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз давлатҳои рушдкунанда  ба ҳисоб мераванд, ин муборизаи  давлатҳои абарқудрат ба мақсади дар зери нуфузи худ ворид сохтани ин кишварҳо мебошад.  Мамлакатҳои қудратталаб барои васеъ намудани доираи  манофеи геополитикии худ аз роҳу усулҳои мухталиф, аз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароӣ дошта ва интиқоли онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ  ва  аз  тариқи  онҳо  ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар ин кишварҳо замина  фароҳам оварданӣ мешаванд. Чунки  ба вуҷуд овардани вазъи ихтилофноки  динӣ-сиёсӣ истифода кардан аз эътиқоди динии мардум роҳи аз ҳама осонтар ва ба матлаб наздиктар аст ва таърихан усули санҷидашуда низ мебошад. Сиёсисозии дин ҳамеша  ҳамчун омили афрӯхтани низоъҳои динию мазҳабӣ, этникӣ-миллӣ ва бархурдҳои сиёсӣ хизмат карда ва монеа дар роҳи таҳкиму рушди давлати миллӣ ва умуман ваҳдати мусулмонон будааст.  Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи  сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда иродаи худро ба амал бароранд. Вобаста ба он, ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо имконияти  ба сари  қудрат омадан  доранд, давлатҳои абарқудрат ин ҳизбу ҳаракатҳоро пуштибонӣ карда, тавассути онҳо нақшаҳои геополитикии худро дар ин ё он минтақа амалӣ месозанд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ-сиёсӣ барои давлати  миллии  рушдкунанда  хеле  хатарзо  мебошад.

Аз ин рӯ, дар давлатҳои миллии рушдкунанда маҳз муносибати фарҳангӣ арзишӣ ба дин яке аз омилҳои муҳими суботу амнияти ҷомеа  буда,  чунин тарзи муносибат ба дин  ба рушди давлати миллӣ ва баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт давлати дунявии Тоҷикистон низ тӯли биступанҷ  соли истиқлолияти худ як қатор чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешид. Қабули қонунҳо  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Риояи қонунҳои мазкур барои рафъи хурофоту ифротгароии динӣ, танзими анъанаву маросимҳо, пурзўр кардани назорати иҷтимоӣ ва дигар нақшу вазифаҳои волидайн ва калонсолон ҷиҳати дар рӯҳияи хушахлоқӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонон, инчунин решакан кардани падидаҳои номатлуби хусусияти хатарноки диниву сиёсӣ  мусоидат менамояд. 

Сармутахассиси Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Ҳ.Самадов 

Мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ А.Шарифӣ

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Время намаза в Душанбе

30.11.2024

Подробнее
Фаджр05:45
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:07
Иша18:37
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее