Главная Статьи МАСИРИ ДӮСТӢ

МАСИРИ ДӮСТӢ

МАСИРИ ДӮСТӢ
2018-08-24
2469

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 27 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташаббусҳои башардӯстона ва беназири Президенти кишвар доир ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, таъмин намудани аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, обёрӣ намудани заминҳои хушкида ва дигар иқдомҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намудааст.

Маҳз обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сарҳанги кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг бори дигар гусаста гаштанд. Пешвои миллати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ботаҷриба, хирадманд ва кордон мешиносанд ва қадр мекунанд.

Ҷои хушнудист, ки ахиран муносибати ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстонаи кшивари мо бо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расида, бо ҷаҳду талоши роҳбарони ду давлат он ба навъи миллатиҳои дӯсту бародари тоҷику ӯзбек густариш меёбад.

Ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона санаи 17 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ карданд.

Дар ҷараёни сафари давлатӣ бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба имзо расид. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо карданд. Аз ба тасвиб расидани созишномаҳо дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ мо умедворем, ки робитаи байни ду давлати ба ҳам дӯст боз ҳам тақвият меёбад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳақиқатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 1200 сол бори дигар давлати тоҷиконро эҳё намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сулҳпарвар ва мутараққӣ муаррифӣ намуданд.

Ташаббусҳое, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир пешниҳод менамоянд, баёнгари он аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар фикри некуаҳволии мардум мебошанд. Чунонки дар ҳадис омадааст: «Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст».

Талошҳои Пешвои миллат баҳри пешрафту тараққии Тоҷикистон, некаҳволии мардуми тоҷик буда, дар маҷмуъ ҳама амалҳои хайр маҳсуб меёбанд.

Сафари давлатии Пешвои миллат барои Тоҷикистон бениҳоят судманд мебошад, зеро мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ҳам мепайвандад. Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Худованди таборак ва таъоло дар рӯзи қиёмат мефармояд: куҷоянд касоне, ки дар ҷалоли ман бо ҳам дӯстӣ карданд, то онҳоро имрӯз дар сояи Аршам, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Аршам вуҷуд надорад, ҷой диҳам.

Чунин муносибатҳои дуҷониба дӯстиву рафоқатро зиёда месозад, ҳамчунон, ки ҳамкориҳои судмандро Худои таъоло дар Қуръони карим сутудааст:

Дар умури хайр аз ҳамдигар пешӣ ва сабқат бигиред. (Бақара:148)

Дар некӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед. (Моида: 2)

Бо ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва сазовор гаштан ба дастовардҳои бузурги таърихӣ моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи фазои андешаи динӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии давлат ҷидду ҷаҳд намоем. Ба ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, рӯҳияи созандагиву бунёдкориро талқин намоем.

Моро зарур аст, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, дастуру ҳидоятҳои ӯро ба ҷону дил қабул намоем ва дар татбиқи стратегияи давлатӣ саҳмгузор бошем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар тавонист халқи тоҷикро муттаҳид намуда, моро ба қуллаи мурод расонад.

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита

Время намаза в Душанбе

30.11.2024

Подробнее
Фаджр05:45
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:07
Иша18:37
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее