Чаро?

Чаро?
2018-09-12
2496

Агар таърихи даврони истиқлолиятро варақгардон кунем ва холисона баҳогузорӣ намоем ва дар тарозуи ақлу мизони инсонӣ амалҳои иҷрошуда ва тамоми пешрафту тараққиёти замони сипаришударо баркашем, бароямон маълум мешавад, ки аз ин ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба ҷомеа ягон фоидае нарасидаву баракс зарару зиёни он ба миллат бисёр расидааст, ки онро таърих хеле равшану возеҳ исбот кард ва кардаистодааст. Чунончӣ ба иттифоқ метавон гуфт, ки ин ҳизб сабаби хонавайронии садҳо ҳазор шаҳрвандон шуда, ки аз хонаву дари худ дур афтода, дар хоки ғарибӣ рӯзҳои сахтро пушти сар кард ва раҳбарони ТЭТ ҲНИ аз ҳисоби ин гурезаҳо  дар хориҷа соҳиби чӣ қадар молу мулк шуданд ва имрӯзҳо Кабирӣ ва дигар пайравони ҳизби мамнӯъ тиҷорат ва зиндагии худро давом дода, бо даст додани фурсат ба Ҳукумату Миллат сангзанӣ доранд, ки ҳама ин суханон бо далелҳои раднашаванда исботи худро ёфтааст.

Миллати сарбаланди тоҷик аз он рӯзе, ки дини исломро пазируфт, соҳибмазҳаб асту то ба имрӯз қадамҳои худро устуворона ба пеш гузошта, чӣ қадар душмании душманонро пушти сар карду дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибқадр гардидааст.

Мазҳаб ин қадар софу беолоиш аст, аммо афсӯс раҳбарон ва баъзе аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҷавононро ба шиашавӣ даъват мекунанд. Сабаб чист? Ин савол ба зеҳни ҳар як соҳибақл меояд ва ба иттифоқ метавон гуфт, ки ҳалол кардани маблағҳои пулии аз хориҷа гирифташуда аст ва ана ин ҷо нуқтаи муҳим аст, ки бояд ҷавонони миллат нек дарк кунанд, ки он аз номи ислом истифода бурдани дин ба фоидаи худ ва дар ин асос шикори дунё аст, ки на Миллат ва на мардуми он онро намебахшад, зеро ин ошкоро душманӣ аст бо дини Худо ва Худованди мутаъол зуд аст, ки онҳоро мубталои мусибате кунад, ки дигар пушаймонӣ суде надорад ва ҳамаи инро бояд ҷавонони миллат бо ду чашми дил дида бошанд, то дар доми фиреби наҳзатиён наафтанд.

Н. Ҳидоятов, Ш. Дадаҷонов, ходимони дини шаҳри Конибодом

Время намаза в Душанбе

30.11.2024

Подробнее
Фаджр05:45
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:07
Иша18:37
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее