Главная Статьи Тартиботи ҷамъиятӣ – кафолати осудаҳолӣ

Тартиботи ҷамъиятӣ – кафолати осудаҳолӣ

Тартиботи ҷамъиятӣ – кафолати осудаҳолӣ
2018-09-27
2508

Шукронаи Истиқлолият мекунем, ки давлати тинҷу осоиштаамон рӯз то рӯз инкишоф ва рушду такомул ёфта истодааст. Дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ бунёд шуда истодаанд. Ин ҳама аз оромии давлатамон аст. Шукронаи Худованд, ки имрӯз бо фазлу карам ва назари раҳмати ӯ, инчунин бо заҳмату талошҳои Роҳбари давлат ва ба туфайли сарҷамъии мардуми шарифи кишвар давлати Тоҷикистон ба ин неъматҳо ноил шуда истодааст.

Ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нишонаҳои хотирмонро мегузорад. Ба туфайли сафари эшон дар Ватан ободӣ мешавад, тартибот боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ҳам ободиву сабзкориро рӯи кор овард.

Дар вақти суханронӣ Пешвои миллат барои нигоҳдорӣ ва низоми муътадил аз сохторҳои қудратии ВМКБ талаб карданд, ки ҷиддӣ муносибат намоянд, ҳамзамон барои ин якчанд кадрҳо иваз карда шуданд. Ҳамаи ин ба хотири беҳбудӣ ва оромии мамлакат аст.

Аммо гурӯҳе аз фитнаангезон дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма ба ин амр ранги дигар бахшида, ба манфиати хеш шарҳу тавзеҳ дода истодаанд.

Бояд қайд кард, ки ин гурӯҳи ашхос танҳо бо мақсади амалӣ намудани ғаразҳои худ ҳар гуна овозаҳоро паҳн намуда, мардумро ба иғво меандозанд. Ба ғайр аз ин, супориши мазкурро бо дин омехта карда, “муборизаи мазҳабӣ” эълон кардаанд.

Ин амали онҳо ба оромии давлат бори ворид карда метавонад. Вақте сарвари давлат аз пайи беҳбуди вазъи зиндагии мардуми кишвар ҳастанд ва оромии ҳар як гӯшаву канори мамлакатро оромии ҳар як сокини кишвар медонанд, пас мо ҳам бояд аз як гиребон сар барорем. Нагузорем, ки гурӯҳҳои мухолифини фитнаангез ба манфиати худ аз ақлҳои торик истифода баранд.

Пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ барои ба танзим даровардани тартиботи ҷамъиятӣ аст. Пас инро бояд хуб дарк кунем, дар партави ин суханҳо боз ҳам муттаҳид шавем. Нагузорем, ки ҷинояткорону бадхоҳон оромии давлатро халалдор созанд.

Хусрав Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее