Главная Статьи Сафари бобарору умедбахш

Сафари бобарору умедбахш

Сафари бобарору умедбахш
2018-10-03
2631

Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар намуда, аз вазъи зисту зиндагии сокинони вилоят ошноӣ пайдо намуданд.

Дар доираи сафари кории хеш муҳтарам Ҷаноби Олӣ 15 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот ороста, аз роҳбарон ва масъулони мақомоти маҳаллии вилоят вобаста ба афзун гардонидани дастоварҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандии вилоят муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ ва бад-ин васила таъмини пурраи тартиботи ҷамъиятӣ даъват ба амал оварданд. Дар ин радиф, Пешвои миллат иброз доштанд, ки “пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии он мақсаду мароми ҳар яки мо буда, иҷрои ин рисолати таърихӣ танҳо бо роҳи муттаҳидиву сарҷамъии халқи тоҷик ва заҳмати созандаи тамоми мардум муяссар мегардад”.

Дар симои мардуми Бадахшон бо ин суханони ҳикматомӯз Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тамоми мардуми шарифи кишвар даъват ба амал оварданд, ки бо ибрат аз таҷрибаи талхи таърихи замони ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳидиву сарҷамъиро вазифаи хеш қарор дода, баҳри таҳкими сулҳу субот, якдиливу якмаромӣ ҳамчун фарзандони як оилаи тифоқ ҷаҳду талош намуда, ҷиҳати ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азиз кӯшишҳои хешро равона созем.

Мутаассифона, гумроҳону тангназароне ба мисли фарзандони нохалафи миллат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва дигарон, ки пешрафту шукуфоии Ватани азизро чашми дидан надоранд, вобаста ба сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чашми бад нигариста, таъкидҳои созандаву некбинонаи Роҳбари давлатро бо андешаи ғаразолуди худ ва фитрати пасти хеш баҳогузорӣ мекунанд.

Дар робита ба ин, ба хоинон ва бадхоҳони миллат муроҷиат намуда, иброз медорем, ки Пешвои маҳбубу муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз кори худро аз сулҳу субот ва андешаи танинандозии ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву иттиҳод, ободониву созандагӣ оғоз намуда, дар саргаҳи сиёсати хирадмандонаи хеш таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишварро ҳамчун ҳадафи олии стратегии кишвар қарор додаанд ва имрӯзҳо баҳри пойдориву таҳкими ин арзишҳои олӣ ҷаҳду талош ва қадамҳои устувору баҳодурона гузошта истодаанд. Ва барои расидан ба иҷрои ин ҳадафи дурнигарона дар Тоҷикистони азизу муқаддас ҳамагон дар атрофи Пешвои муаззами миллат мутаҳҳид гардида, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан кору фаъолият мебарем.

Аз ин рӯ, ба тангназарону нотавонбинон муроҷиат менамоем, ки касе ва ё гурӯҳе дигар андешаву ақидаи ҷавонони моро бо барангехтани фитнаву кина гумроҳ карда наметавонад, зеро раҳнамову раҳбар ва ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон Пешвои муаззаму маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва мо ҷавонон ҳамчун ҳалқаҳои занҷир дар атрофи Пешвои ҷавонпарвари хеш муттаҳид гардида, Тоҷикистони азизро аз ин ҳам ободу зебо мегардонем.

Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее