Рамазон - моҳи худсозӣ

Рамазон - моҳи худсозӣ
Рӯзаи моҳи Рамазон рӯзи душанбе, дуюми моҳи Шаъбони соли 2-юми ҳиҷрӣ фарз гардидааст. Рамазон ҳадяест аз ҷониби Худо барои уммати Ислом, кароматест, ки Худо ба умматони Муҳаммад (с) ато кард. Чунончи Худованди маннон мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед”. (“Бақара”, 183).
Моҳи Рамазон барои ҳар як фарди муъмин фурсати муносибест, ки ба раҳмат, мағфират ва бахшиши Аллоҳ ҷалла шаънуҳу ноил гардад. Моҳи Рамазон моҳи хайру баракат ва моҳи бахшишу раҳмат аст. Паёмбари акрам (с) мефармояд: “Ҳар кас рӯзаи моҳи Рамазонро хос барои хушнудӣ ва ризои Парвардигор ва бо мақсади ба даст овардани аҷру савоб бигирад, тамоми гунонҳони гузаштааш бахшида мешавад”.
Рӯза барои ҷисми инсон фоидаҳои маънавӣ ва иҷтимоии зиёд дорад, чун Худованди мутаъол ба воситаи он инсонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ва ба ӯ хештандорӣ ва худидоракуниро меомӯзад. Ин як мактаби саломатӣ ва беҳдоштии бадан аст, ки дар инсон ва узвҳои дарунии ӯ тақвият ба вуҷуд меорад. Рӯза як ибодати пурманфиъатест, ки на танҳо инсонро соҳиби савоби бузург мегардонад, инчунин барои пешгирӣ аз анвоъи гуногуни бемориҳои муосир ба ӯ мусоидат мекунад. Имрӯз илми тиб рӯзаро воситаи беҳтарини табобат аз бемориҳои музир ва як усули муассиртарини пешгирии аксари бемориҳо муаррифӣ намудааст.
Агар намоз, ки болотарин мазҳари покизагӣ ва нуқтаи пайванди банда бо Худост, ки дар таскини асабҳо, бартараф сохтани дардҳо, изтироботи ботинӣ ва парешониҳо, зудудани ғамҳо ва эҳёи оромиш ба қалби инсон беҳтарин восита маҳсуб меёбад, пас рӯза ба ҷисму рӯҳ ва ақли инсон неру ва ба қалби ӯ тақвою хештандорӣ мебахшад ва фаъолияти зеҳнии ӯро афзун мегардонад.
Дар ин моҳи муборак ибодатҳо зиёд гардида нафсҳо тарбия меёбад. Дар ин моҳ дасти ёрии нафарони доро ба сӯи қишри камбизоат дароз мегардад, ки дар натиҷа савобу мағфират ба авҷ мерасад. Ин моҳ бо сабри ба рӯзи бо хондани таровеҳ, бо хатми Қуръон, дуову ниёиш ва ифтору саҳархӯриҳо дар ҳаёти ҳар фарди мӯъмин як сафҳаи тоза боз менамояд. Дар ин моҳ банда шикебоии худро ба исбот мерасонад ва сазовори хайру баракат ва навозиши Борӣ таъоло мегардад, инчунин наҷотро дар рӯзи пурдаҳшати қиёмат ҳосил менамояд. Чунончи Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Рӯза ва Қуръон рӯзи қиёмат ба шафоати соҳиби худ бармехезанд. Рӯза мегӯяд: “Парвардигоро, рӯзҳо ман ӯро аз хӯрдану нӯшидан ва рафъи дигар хостаҳояш манъ кардам, маро дар ҳаққи ӯ шафеъ гардон”. Қуръон мегӯяд: “Ман шабҳо аз хоби ӯ монеъ мегардидам, шафоъати маро дар бораи ӯ бипазир”. Пас ҳардуяшон барои вай шафеъ гардонда мешаванд”.
Ин моҳи муборак моҳи қабули дуоҳост. Паёбари гиромии мо (с) фармудаанд: “Дуо ибодат аст”. Ҷои дигар мефармояд: “Дар назди Худои таъоло ҳеҷ чизе боарзиштар аз дуо нест”.
Дуо олитарин дараҷаи бедории замири Худошинос, баландтарин камоли бандагӣ ва қуллаи розу муноҷот бо Парвандигор аст. Барои садои рӯҳ, ҳузури дил ва дуои холисона моҳи Рамазон беҳтарин фурсат аст. Худованд дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: “Ҳар амал (и неке), ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафсад баробар зиёд карда мешавад. Вале рӯза барои ман аст ва ман подоши онро хоҳам дод, зеро рӯзадор шаҳвату таъомашро аз барои ман тарк намудааст. Рӯзадор ду хушнудӣ дорад, яке дар вақти ифтораш ва дигаре дар вақти дидори Парвардигораш. Ҳатто бӯи тағйирхӯрдаи даҳони рӯзадор дар пешгоҳи Худованд аз бӯи мушк хуштар аст”.
Аз Худованди зулҷалол масъалат дорем, ки моро аз савоби ин моҳи муаззам бонасиб гардонда, тавфиқ бар адои тоат ато намояд ва тоату ибодатҳои моро ба даргоҳи бениёзаш қабул фармояд.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее