Аз пушаймонӣ ба сӯи тавба
Ахиран аз тариқи сомонаҳои интернетӣ хабари вафоти Шейхов Муҳаммадсаид, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ТЭТ ҲНИ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви ҳамин ташкилоти экстремистию террористӣ, ки ҳамагӣ 46 сол умр доштааст, нашр шуд. Ҷасади номбурда дар шаҳри Дортмунти Олмон дур аз Ватан ба хок супурда шудааст.
Ӯ низ аз ҷумлаи ҷавононе буда, ки дар доми фиреби маккорони ТЭТ ҲНИ афтода, дар ғарибӣ дур аз Ватан зиндагӣ мекард. Агар барои чунин ҷавонони фиребхӯрда имкон мебуд, ки сухани охирини худро бигӯянд, ҳатман ба хатои худ иқрор шуда мегуфтанд, ки ҷасади моро ба Ватан баред. Зеро қадри ин неъмати бебаҳоро онҳое, ки аз Ватан дур мондаанд, хубтар медонанд.
Ватане, ки чун гузаштагони мо қадре аз он дур мешуданд, хоки онро бо худ мегирифтанд, то хоки онро атри кафани худ қарор диҳанд.
Бинобар ин, ба ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик, хусусан ба ҷавонон таъкид карда мегӯям, ки дигар ба найрангҳои маккорони ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо фирефта нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ва барои ҷавононе ки аз нофаҳмӣ ба доми фиреби ин гуна душманони миллат афтодаанд, гуфтаниам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ки баргашта ба хатои худ иқрор шаванд. Яъне, аз пушаймонӣ ба сӯи тавба баргарданд. Зеро то имрӯз садҳо чунин ҷавонон бо супориши Пешвои миллат ба Ватан бозгардонда шуда ва дар оғӯши пурмеҳри Ватан зиндагӣ мекунанд.
Чуноне бузургон фармудаанд:
Чун хатое аз ту сар зад дар пушаймонӣ гурез,
Аз хато нодим нагардидан хатои дигар аст.
Дӯстмурод Меликов,
имомхатиби масҷиди ба номи Домулло-Шарифи шаҳри Ҳисор.