Главная Статьи Суботи ватанро ҳифз намоем...

Суботи ватанро ҳифз намоем...

Суботи ватанро ҳифз намоем...
2018-10-30
2435

Чунонки аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, рӯзҳои 16-18-уми октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Алмосаи Қоҳира таҳти сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ чаҳорумин Конфронси Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид. Дар ин конфронс аз 73 кишвари ҷаҳон олимону муфтиҳо ва шахсони бонуфузи олами Ислом иштирок доштанд. Аз ҷумла, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин маҷлиси бонуфуз ширкат доштанд. Дар рафти маҷлис тамоми донишмандон таъкид карданд, ки ташкилоти террористии «Ихвонул-муслимин» ва шохаҳои он ба мисли ТЭТ ҲНИ ба амалҳои террористӣ ва қатлу куштор идома дода, мардуми фиребхӯрдаро бо даъвоҳои ботили худ фиреб дода истодаанд.

Дар ин конфронс Раиси Шӯрои уламо аз ҳозирин талаб намуданд, ки фатвоҳои лозимаро қабул карда, фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум намоянд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар ин маҷлиси бонуфуз ҳамаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки аз номи дин суиистифода мекунанд, аз ҷумла ҳизби хиёнаткори наҳзати исломӣ аз ҷониби ҳозирин маҳкум карда шуд. Мо ходимони дин дар навбати худ бори дигар тамоми ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ-ро қотеъона маҳкум намуда, ҳаргиз намехоҳем, ки қадами шуми онҳо бори дигар фазои тинҷу ороми Ватани азизи моро ноором кунад. Албатта бори каҷ ба манзил намерасад. Пайравони ТЭТ ҲНИ, ки мақсадашон душманӣ ба миллату ватан ва расидан ба ҷоҳу сарват буд, имрӯз дар тамоми олам шармсору хору залил шуда истодаанд. Худованди меҳрубону бандапарвар душманони миллати моро ба мақсадҳои нопокашон нарасонад ва Ватани азизи моро бо роҳбарии Пешвои миллатамон ба баландтарин қуллаҳои мурод бирасонад.

Ҳамдуллоҳ Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Сино

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее