Главная Статьи Чашми ҳама ба сӯи Роғун

Чашми ҳама ба сӯи Роғун

Чашми ҳама ба сӯи Роғун
2018-11-22
3169

Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад, 

Бегумон ризқаш зиёдат мешавад.

Накукорӣ яке аз хислатҳои бузурги инсонист. Накӯкорон ҳамеша дар раҳмати Худованди бузург қарор доранд. Барои он ки сазовори  номи  неку рафтори шоиста гардем, бояд пайваста бикӯшем, ки накӯкору мададрасон бошем. Зеро ҳар як инсони асил дар зиндагӣ бояд меъмори хеш бошад.  Пайваста кори некеро анҷом диҳад, то сазовори номи нек гардад. Чунончи устод Рудакӣ гуфтаанд: 

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад, 

Не бад-он чашм к-андар у нигарӣ. 

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ, 

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Ҳар як инсон маҳз тавассути як амали неки баанҷомрасондааш шуҳратёр мегардад. Агар инсон хоҳад, бо қувваю мафкураи бузургаш сангро ёкут ва   лаълро   гавҳар   мегардонад.

Ҳар гоҳ, ки сухан аз боби неругоҳи Роғун ва ин ё он хабари нек аз дастовардҳои даврони истиқлол паҳн шавад, мақсаду мароми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пеши назарам ҳувайдо мегардад, чунки Пешвои миллат аз рӯзи аввали интихоб гардиданаш то ин ҷониб танҳо дар фикраш некиву накӯкорӣ кардан ба мардуми кишвараш аст. Ман худро хеле хушҳол ҳис мекунем, ба он сабаб, ки ҳама умедҳои мо, рӯзи неки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бо шурӯъи ин неругоҳ алоқаманд мебошад. Хушбахтона,  16 ноябр барои мардуми Тоҷикистон рӯзи пурсаодат ва таърихӣ аст. Дар ин рӯз агрегати аввали ин сохтмони аср ба кор шурӯъ мекунад. Бояд донист, ки Роғун яке аз бузургтарин иншооти давру замон ба шумор меравад. Ин нерӯгоҳ аз чанд тараф аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, кишварамон дар иқтисодиёт ба комёбиҳои беназир  муваффақ мешавад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади Пешвои миллат ва мардуми шарафманди тоҷик буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахирашон ба ин неругоҳи аср ва азназаргузаронии рафти корҳои сохтмонӣ ва таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ-таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳаммияти ниҳоят бузург дорад.

Итминони комил дорам, ки бо ба кор даромадани чархаҳои аввалини ин неругоҳ, камбудӣ дар соҳаи барқ бартараф хоҳад шуд. Барқ дар ҳама ҷо фаровон хоҳад шуд, барқ ки шуд, албатта, корхонаҳо низ гардон мешаванд.

Барои чунин иқдом бояд аз Сарвари хирадманд ва фозилу оқиламон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор бошем. Ҳоло чашми умеди ҳамаи мо ба сӯи Роғун аст, ба сӯи манбаи нур. 

Абдулҳақ Обидов

сархатиби масҷиди ҷомеи н. Шоҳмансур

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее