Главная Статьи Роғун»-рамзи сарбаландии миллат

Роғун»-рамзи сарбаландии миллат

Роғун»-рамзи сарбаландии миллат
2018-11-28
2545

Некиву накукорӣ одамонро ба ободиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад. Ҳамин ободиву бунёдкорӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон мавқеи устувори худро дорад ва ин ҳама аз дастовардҳои истиқлол аст.

Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ӯ вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кӯшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».

Пас моро лозим аст, ки ба хотири тағйир ва такмили замири худ ба хештаншиносиву ватандорӣ рӯ оварем, дар тарбияи фарзандон ва ободии ватани худ саҳмгузор бошем. Зеро ободонӣ, бунёдкорӣ, сохтмони иншоотҳои барои мардум муфид яке аз таълимоти Қуръони карим аст.

Сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои миллатамон боис гардид, ки халқи тоҷик ба бунёди муҳимтарин иншооти аср-НБО “Роғун” даст ёбад. Халқи сарбаланди тоҷик ва ҳар як фарди                баору номус зарурат ва аҳамияти ин иншооти сарнавиштсозро бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд.

Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.  

Чунки Роғун натанҳо манбаи нуру рушноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти энергетикии давлати Тоҷикистон мебошад!

Ҳар фарди Тоҷикистон, яъне пиру ҷавон чун ҳарвақта бо муҳаббат ва садоқати гарму самимӣ нисбат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ, инчунин бо пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат сохтмони неругоҳи Роғунро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгир мекунанд.
Роғун - ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар як хонадони мардуми мо мебошад!
Роғун - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ мебошад. Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии миллат аст!

Эркин Рӯзиматов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи ”Имом Муслим“-и ш. Гулистон

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее