Главная Статьи “ЧАРОҒАМ НЕСТ, ЧАРО ҒАМ НЕСТ... ЧАРОҒАМ ҲАСТ, ЧАРО ҒАМ ҲАСТ?”

“ЧАРОҒАМ НЕСТ, ЧАРО ҒАМ НЕСТ... ЧАРОҒАМ ҲАСТ, ЧАРО ҒАМ ҲАСТ?”

“ЧАРОҒАМ НЕСТ, ЧАРО ҒАМ НЕСТ... ЧАРОҒАМ ҲАСТ, ЧАРО ҒАМ ҲАСТ?”
2018-11-28
3379

Чароғам нест, чаро  ғам нест?,

Чароғам ҳаст, чаро ғам ҳаст?

Ин байтро охири асри гузашта вақте ки дар кишварамон танқисии барқ мушоҳида  мешуд, аз ҳазрати қиблагоҳам  шунида будам, ки паси он дуо карда буданд: “Иншооллоҳ  рӯзҳое меояд, ки тамоми кишвар чароғон  ва фурӯзон  мешавад ва хотирнишон карданд: “Ас-сабру мифтоҳул фараҳ ”, яъне  сабр калиди хушбахтист. Солҳо паси ҳам гузаштанд ва имрӯз ҳар хонадони тоҷикистониён аз Бадахшон сар карда то Хатлону Суғд чароғон ва нуронӣ  аст.  

Имрӯзҳо  мо шоҳиди  корномаҳои бузурги таърихӣ  ва оламшумул  ҳастем, ки  аввалин агрегати НБО “Роғун” мавриди истоифода  қарор дода мешавад.

Худову халқ гувоҳ аст, ки фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ин иншооти муҳим барои миллат саҳми асосӣ гузошта, фидокориву  матонату устувории  бемисл нишон доданд ва мутмаинам, ки ин корнамоӣ  ва қаҳрамонии эшон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин абадӣ сабт мегардад.

Дилу нияти Пешвои муаззами мо  чунон  пок аст, ки Парвардигори олам  ёрашон мебошад.  Дар баробари дигар пешравиҳо, оғози  кори НБО “Роғун”  на фақат барои халқу миллати мо манфиат дорад, балки  боз чи қадар сарзаминҳоро ободу равшан мегардонад. Ин аст ҳосили нияту ихлоси нек ва хидмати содиқона ба халқу Ватан.

Ба кор оғоз кардани НБО “Роғун” ин марҳилаи муҳимм ва калидии истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон буда ва аз ҷиҳати экологӣ  тоза мебошад.

Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро иншооти стратегӣ ва муҳимм барои бақои давлат номиданд. Иқтидори НБО “Роғун” имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон  ҳамаи эҳтиёҷоти марбут ба барқ бартараф гардида, ба инкишофи босуръати иқтисоди  миллии кишварамон такони бузург бахшад.

Дар ин лаҳзаҳои муборак даст ба дуо мебардорем, кишварамон ҳамеша обод, сулҳу салоҳ пойдор ва  пешрафти халқу миллатамон  зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат таъмин бошад.     

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди “Нури ислом”- ш.Хуҷанд (аъзои Шўрои уламо)

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее