Кулӯхандозро подош санг аст…
Шоири бузурги мо Сайидои Насафӣ роҷеъ ба бадкориву зулм ба халқ шоҳбайте дорад:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…
Мақсади шоири бузург ин аст, ки зидди раъйи мардум ва мухолифи ҷамъият танҳо онҳое мераванд ва бадкориҳо зоҳир мекунанд, ки имону виҷдон надоранд ва оқибат онҳо дар ин роҳи пурхатар сари худро мехӯранд. Оқибати куштори ноҳақ ва ҳама гуна рафтори зиддиҷамъиятӣ ба ҷуз бадномӣ чизи дигаре нест ва буда ҳам наметавонад.
Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи як гурӯҳ сайёҳони дучархасавори хориҷӣ дар шоҳроҳи Данғара – Душанбе, ки бино ба ҷамъбасти тафтишоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали бисёр зишти навкарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористию тундгарои наҳзати исломӣ будааст, тамоми ҷомеа ҷаҳониро ба даҳшат овард. Охир, ин солро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом карда буданд ва мо итминон доштем, ки шумори сайёҳони хориҷӣ ба маротиб дар ин сол меафзояд.
Дар авҷи баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз ҷониби як гурӯҳ алоқамандони ТЭТ ҲНИ ба таври хеле ваҳшиёна кушта шудани сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон нақшаи бисёр нозук ва ҳадафмандонаи ТЭТ ҲНИ буд: онҳо мехостанд, ки ба ҷаҳониён нишон бидиҳанд, ки «бинед, дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна осоиш нест, ҳама ҷо пурхатар аст»… Имрӯз исбот шуда, ки ТЭТ ҲНИ ин кушторро ба нақша гирифта, ба воситаи аъзои худаш амалӣ карда будааст.
Ин навбат аз ҷониби «Настоящее Время» – телевизиони муштараки радиои «Озодӣ» ва«Садои Амрико» садо додани ин хабар ва эълом шудани гунаҳкорони ин фоҷиа исботи он буд, ки акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти тахрибкори террористӣ бори дигар хоҳанд шинохт.
Созмондиҳандагони ин куштор назди ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути гузориши ин телевизиони бонуфузи хориҷӣ бори дигар муаррифӣ шуда, террорист буданашон бори дигар ба ҳукми исбот расид. Беҳуда намегӯянд: кулӯхандозро подош санг аст. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Саидмукаррам Абудқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон