Главная Статьи НАҚШИ РӮИ ОБ. ДАР ҲОШИЯИ ДАЪВАТ БА ТАЗОҲУРОТ АЗ ҶОНИБИ ТЭТ ҲНИ

НАҚШИ РӮИ ОБ. ДАР ҲОШИЯИ ДАЪВАТ БА ТАЗОҲУРОТ АЗ ҶОНИБИ ТЭТ ҲНИ

НАҚШИ РӮИ ОБ. ДАР ҲОШИЯИ ДАЪВАТ БА ТАЗОҲУРОТ АЗ ҶОНИБИ ТЭТ ҲНИ
2018-12-12
2277

Оромиву сулҳу суботи кишвари азизамон неъматест, ки имрӯз ба чашми душманон чун хор ҳар замон мехалад ва онҳоро нороҳат месозад. Душманони зархарид бо хоҷагони хориҷии худ ба монанди кӯршапараке, ки офтобро дидан наметавонад, мекӯшанд чунин вонамуд созанд, ки дилсӯзи ин сарзаминанд. Аммо дигар нақшаҳои ин хоинон чун нақши рӯи об аст, ки аслан умри дарозе надорад. Ин ҳарзабофон дар хоби ғафлати худ ғуборҳое мебинанд, ки дар он ғуттаваранд.

Онҳо ба таъбири Қуръони карим “гунгу кару кӯранд”, ки дар дилҳояшон қуфл зада шудааст. Зеро дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз барои ҷомеаи чаҳонӣ маълум аст, аммо ин бехирадони ватанфурӯш ин ҳамаро дидан наметавонанд ё дидану шунидан намехоҳанд.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки чун кундаи пӯсида аз ҳам мерезад, имрӯзҳо мехоҳад бори дигар хаёлҳои хому иғвоангези худро дар сарзамини мо амалӣ созад. Ба ҳар васила мехоҳанд садоқати худро ба хоҷагони хориҷии худ нишон диҳанд. Ҳарчанд мехоҳанд  гирдиҳамоӣ барпо намоянд, аммо дигар дер шуд. Ҳеҷ амали ин гурӯҳакҳо барояшон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Зеро дигар онҳо ҳеҷанд, шармандаи назди мардуманд. Мардуми шарифи ин сарзамин дигар ба доми фиреби ин девсиратон нахоҳанд афтод. Гузашта аз ин, ба инҳо ҳатто хонаводаҳояшон низ дигар бовар надоранд.   Чуноне ки мегӯянд умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Дер ё зуд дасисабозиҳои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо низ ошкор гардида, аз он ҷой ронда хоҳанд шуд.

Халқи бузургвори мо кишвареро, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати хурраму обод ва пешрафта табдил додааст, дигар ба ягон ваъдаву ҳарзаҳои хоинони миллат иваз нахоҳад кард.

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее