Главная Статьи Дастовардҳои динии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат

Дастовардҳои динии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат

Дастовардҳои динии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат
2018-12-14
2706

Хушбахтона, бо истиқрори сулҳу ризояти миллӣ ва бо саъю кӯшиши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимояту пуштибонии мардум аз сиёсатҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар мамлакат фазои гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқод ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ намуда истодаанд.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин озодии фаъолияти иттиҳодияҳои диниро арҷгузорӣ намуда, риояи талаботи қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандонро низ омили муҳими ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои динӣ меҳисобад.

Истиқлолияти давлатӣ шароити муносибро дар тамоми заминаҳо, хусусан озодии виҷдон фароҳам овард, то шаҳрвандон озодона фаризаҳои диниро дар камоли ҳамдигарфаҳмӣ анҷом диҳанд. Барои пос доштани фарҳанги миллӣ, бо иқдоми Сарвари кишвар бузургдошти шахсиятҳои динию фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, устод Рӯдакӣ, устод Фирдавсӣ, Имом Ғазолӣ, Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо бургузор гардонида шуданд. Мақсад аз гиромидошти шахсиятҳои бузурги таърихии миллат пеш аз ҳама ин омӯхтани паҳлӯҳои гуногуни андешаҳои созандаи онҳо дар ҳамоишҳои бузурги  байналмилалию ҷумҳуриявӣ буд, то насли имрӯз бо гузаштаи худ ба таври дақиқу илмӣ ошноӣ пайдо карда, як пайвасти созандаи таърихию ҳувиятиро ба вуҷуд биёварад.  

Дар назди Худованд мақоми олимон бениҳоят бузург аст ва ҳеҷ амали дигаре аз ҷиҳати савоб бо талаби илм баробар шуда наметавонад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабанд. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли моҳтоб бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони паёмбаронанд. Ҳамоно анбиё на динору дирҳам, балки илмро мерос гузоштаанд». (Ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1388/13)

Ҳифз ва густариши андешаҳо ва арзишҳои солиму созадаи динӣ дар давраи истиқлолият дар тамоми заминаҳо чунон бузург аст, ки наметавон онро дар чанд саҳифа баён кард. Дар ин замина ба таври хулоса метавон бо супориши Сарвари давлат тарҷума ва аз номи Президенти кишвар ба мардум ҳадя гардидани Қуръони карим, мушарраф шудани беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишвар ба зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, ба расмият даромадани фаъолияти беш аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва ғайраҳо мебошанд. Ҳамчунин, Пешвои маҳбуби кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ сӯиистифода накардани арзишҳои диниро матраҳ намуда, муносибат надоштани Ислом бо терроризмро ба таври хеле илмиву таҳлилӣ баён карданд.

Дар баробари ин, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии динии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро барои нашри бештари адабиёти дорои хусусияти илмӣ-динӣ ва мазҳабӣ – маърифатӣ ба роҳ монд. Тарҷумаи Қуръони шариф (ба забони тоҷикӣ) ва нашри ҳадисҳо анҷом дода шуданд. Дигар сарчашмаҳои муҳими илмӣ-динӣ: «Таърихи Табарӣ», «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Ғазолӣ, «Равзату-с-Сафо»-и Мирхонд, «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, дигар китобҳои аҳодис, осори илмии Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва девонҳои комили як идда шоирони классик, ки ба масоили фарҳанги динӣ вобастагӣ доранд, нашр ва пешкаши аҳолӣ карда шудаанд. Таҷлили тантанавии бузургдошти Имоми Аъзам — асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ дар соли 2009 бори дигар баёнгари пуштибонии роҳбарияти олии кишвар ва мардуми Тоҷикистон аз арзишҳо ва муқаддасоти анъанавии динӣ мебошад.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Ба ҳамин тартиб бо мақсади ташаккули шароити мусоиди таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои виҷдонии аҳолии кишвар шумораи зиёди иттиҳодияҳои динӣ (масҷидҳо), мадрасаҳои динӣ бунёд гардиданд ва тармими ҷойҳои муқаддас анҷом дода шуданд. Ба таври умум барои иҷрои аркони Ислом дар кишвар ҳеҷ маҳдудияти ҳуқуқие ҷой надорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи масҷидҳо беш аз 4000 (дар оғози даврони истиқлолият 17 адад) буда, иттиҳодияҳои динӣ (аз ҷумла 70 адад иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ) ташкил ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо пайравони дин ибодати худро анҷом медиҳанд. Мутобиқи ҳисобҳои соҳавӣ, дар Тоҷикистон ба ҳар 1800 нафар як масҷид (ин нишондиҳанда нисбат ба бисёр кишварҳои пешрафта зиёд мебошад) рост меояд. Ин дар ҳолест, ки бақайдгирии иттиҳодияҳои динии нав идома дорад. Илова ба ин, анҷоми ибодат барои пайравони дин дар шароити хона тамоман озод буда, бо муқаррароти ҳуқуқӣ маҳдуд карда нашудааст. Имрӯзҳо дар маркази шаҳри Душанбе бунёди масҷиди ниҳоят калон бо гунҷоиши 150 ҳазор намозгузор дар як вақт ҷараён дорад.

Дар ин давра шароити мусоиди ба ҷо овардани адои маносики Ҳаҷ ва Умра пурра фароҳам оварда шудааст. Солона мутобиқи ҳиссаи мукарраршуда бештар аз 6000 шаҳрвандони кишвар адои фаризаи ҳаҷ менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гаридаанд.

Идҳои мусулмонии «Фитр» ва «Азҳо» низ дар кишвар мақоми расмӣ гирифтанд ва дар қатори дигар идҳои давлатӣ бошукӯҳ ҷашн гирифта мешаванд. Солона барои ҳофизони Қуръони азимушшаън мусобиқа дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил мегардад. Ҳофизони Қуръон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ширкат меварзанд. Аҳолии 98% мусулмони кишвар урфу одот ва анъанаҳои фарҳангӣ-исломиро озодона дар фазои хонавода низ анҷом медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки пайравони дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон дар доираи қонунгузории кишвар метавонанд ҳама хостаҳои мазҳабии худро бароварда созанд. Имрӯз фазои динӣ дар кишвар озод ва муътадил мебошад.

Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 узви “Созмони ҳамкориҳои исломӣ” гардида, бо кишварҳои исломӣ робитаҳои мустақими созанда баргузор намудааст. Соли 2010 шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гашт. Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар низ бо мақомоти ҳаммонанди аксари кишварҳои мусулмоннишин ҳамкориҳои муфид анҷом медиҳад.

Дар маҷмӯъ, метавон қайд кард, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мардуми азизу қадрдони мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва арҷгузории фарҳангӣ динии мардум корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Саҳми истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот низ дар ин самт бениҳоят бузург мебошад.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин давра он аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2008 як муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва тарғиботии нав зери унвони «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки аз панҷ шуъба иборат буда, ба омӯзишу таҳқиқи илмии масоили исломи муосир, сиёсати давлати дунявӣ нисбат ба дин, анъанаву маросимҳои исломӣ, тарҷумаю таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои исломӣ, омӯзиши вазъи дину диндорӣ, ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дигар масоили марбут ба диншиносӣ машғул аст. Ин ниҳоди илмӣ тӯли ин солҳо ба роҳбарияти олии кишвар доир ба масъалаҳои мубрами исломшиносӣ хулосаҳо, таҳлилу пешниҳодҳои илмӣ ва ташхиси маҳсулоти чопии дорои хусусияти диниро манзур намуда, ҳар сол ду маротиба дар мавзӯъҳои муҳими диншиносиву исломшиносӣ конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, машваратҳои тахассусӣ ва вохӯрию мулоқот ташкил менамояд.

Сарзамини ман кунун гул-гул шукуфон мешавад,

Тоҷи халқи ман зи нав лаъли Бадахшон мешавад.

Як биҳишти рӯи олам Тоҷикистон мешавад,

Ин биҳишти  тоза ҷони Оли Сомон мешавад.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ

ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р) (аъзои Шўрои уламои Маркази исломӣ)

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее