Главная Статьи Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист

Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист

Ҷавҳари дини мубини Ислом ваҳдату ҳамдилӣ ва амну оромист
2018-12-28
3158

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллат ва бани башар беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот ба ҳам дӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини Ислом низ ҳамзистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад.

        Ношукрӣ ба рӯзии додаи Худованд – яъне оромиву ваҳдату иттиҳод мардумонро ба рӯзҳои сахту сангин рӯ ба рӯ мекунад. Чун сухан оид ба гиромидошт ва ҳифзи ваҳдату иттиҳоду сарҷамъӣ меравад, рӯзҳои мудҳишу ваҳшонияти ба сари миллати мо омадаи замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд наовардан ғайриимкон аст. Хурду калон тамоми мардуми кишвар огаҳ ҳастем, ки ҳангоми нав ба арсаи соҳибистиқлолӣ расидани кишвари мо, бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва ҳамовозиву ҳаммаромии бархе аз хоинони миллат, ки барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаашон ниқоби дин ба бар карда буданду барои дар мамлакат ҷорӣ намудани мазҳаби бегона кӯшиш намуда истода буданд ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шурўъ шуд. Маҳз сӯйистифода аз номи дини мубини Ислом, сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум ва сӯйистифода аз вазъи зиндагии номуътадили сокинон, бахусус ҷавонон, аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом гумроҳкунии мардумро пеша карда, баҳри расидан ба татбиқи амалҳои зишташон кӯшиш намуданд. Шарҳи нодуруст ва ғаразноки арзишҳои дини мубини Ислом ва ба роҳ мондани тиҷорати имон боис гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга гирад. Яъне ношукриву носипосӣ ба беҳтарин неъмати илоҳӣ сулҳу амният аз ҷониби аъзои Ҳизби наҳзати ислом боиси сарсониву саргардонии мардум ва қатлу хунрезиҳо дар кишвар гардид. Он замон наҳзатиҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул амал намуда, зулму истибдод ва ноадолатиҳоро бар сари мардуми кишвар раво донистанд. Дар ин маврид Худованд фармудааст: «Эй бандагонам ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед». Агар ба амалҳои хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом назар афканем, кулли амалҳои онҳо хилофи фармудаҳои Худову Расули акрам (с) сурат мегирифт ва то ҳол ин аъмол дар хориҷи кишвар идома дорад.

         Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки мо дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои дурнамои давлатдории навини миллӣ кӯшишҳои пайгирона ва азму иродаи халқамон бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат равона гардида истодааст. Танинандозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуб аст, ки баҳри шинохти ҷавҳарии аслии дини мубини Ислом ба сифати дини таҳаммулпазир ва дини ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи созандагиву накӯкорӣ, ваҳдату иттифоқ ва ҳамзистии бани башар ва поку беолоиза нигоҳ доштани он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир иқдомоти судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Натиҷаи ваҳдату оромист, ки хушбахтона ба ҳадафҳои стратегии кишвар – раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо бунёди нақбҳо ва таъмиру азнавсозии роҳҳо, бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва бунёди ҳазорон боғу токзори нав марҳила ба марҳила ноил гардида истодаем. Бо назар кардан ба ин пешрафту шукуфоӣ ва фароҳам будани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бояд ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва озодӣ бирасем. Зеро ин тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллист, ки мо озодонаву дилпурона ва хушбахтона кору фаъолияту ибодат менамоем. Ва бесабаб нест, ки Паёмбари акрам Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳеҷ хурсандӣ бидуни амният ба даст намеояд».

       Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.

Сангалиев Маҳмуд 

Мутахассиси Раёсати фатво

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее