Главная Статьи ТАВЛИДИ ОРЗУҲОИ НАҶИБ АЗ ПАЁМ

ТАВЛИДИ ОРЗУҲОИ НАҶИБ АЗ ПАЁМ

ТАВЛИДИ ОРЗУҲОИ НАҶИБ АЗ ПАЁМ
2019-01-18
2966

                 Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Мо мардуми кишвар ҳамеша шукргузорем, ки дар ватани азизамон оромиву субот, дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, дар партави дастуру супориш ва роҳнамоихои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем. Ба ин мазмун донишманди Ислом Имом Бусирӣ фармудаанд: «ҳар вақте ки Парвардигор барои хидмати некбахте мардеро мусаххар гардонад, пас албатта он мардум некбахтанд».  Ин гуфтаҳо дар ҳаёти мардуми кишвари мо бо Пешвои миллатамон баръало эҳсос мешавад.

Мусаллам аст, ки дар аксар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бахусус, кишвари мо низ аз рўи солшумории мелодӣ нақшаҳои хешро дар умури давлатдориамон татбиқ менамоем. Имсолро низ метавон гуфт, ки соли пурфайзу бобарор хохад буд. Санаи 26-уми декабри солии 2018 Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омадани соли 2019-ум дар Паёми навбатиашон орзуи нек карда, баҳри ҳалли камбудиҳои ҷойдошта маслиҳати судманд пешниҳод намуда, масъулону роҳбарони соҳаҳои дахлдорро баҳри ҳалли он вазифадор карданд. Бояд қайд намуд, ки дар масъалаи рушди дину мазҳабамон Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мусоидат намуда, ташаббусҳои судманди хешро марҳила ба марҳила амалӣ карда истодаанд. Тарҷумаи китоби муқаддаси қуръони карим, бузургдошти солгарди Пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам, дар шароити лозима ташкил намудани сафарбаркунии ҳоҷиён, бунёди масҷиди хуштарҳу замонавӣ дар маркази пойтахти кишвар гувоҳи ин ҳама гуфтаҳост. Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо мардуми шарафманди кишварро лозим аст, ки ҳамзамон ба масъалаи фарҳангу иқтисодиёт низ тавваҷҷуҳи хосса дошта бошанд. Мо ходимони дин баробари омўзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат тасмим дорем, ҷиҳати иҷроиши нуқтаҳои ин ҳуҷҷат дар амал чораҷўи намоем. Бахусус дар самти болоравии мақоми занон дар ҷомеа таъсир расонем, ки ин нуқта дар ин ҳуҷҷати муҳиму роҳнамунсоз дарҷ гардид. Аслан мақому мартабаи зан модарро қуръони муқаддасу  ҳадисҳои Набавӣ зикр кардаанд. Чунончӣ Худованд мефармояд: «Бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед».

Ё худ дар бештари ҳадисҳои ҳикматбори Расули Худо (с) омадааст: «Бо занҳои худ лутф намуда, ҳамеша ғамхору меҳрубон бошед».

Илова бар ин дар мавриди тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон интизор меравад, ки аз ин пас нақши ходимони дин дар кишвар бештар гардида, дар алоқамандӣ ба ҷилавгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ва  хонавайронӣ мусоидат намуда,  наврасону ҷавонони имрўзро ба ташаббускориву созандагиҳо роҳнамун хоҳем сохт, ки ин мазмун дар Паём  ба некӣ арзёбӣ гардид. Воқеан айёми наврасиву ҷавонӣ, айёми шукуфтанҳову бо доман дурри мақсуд чидан аст. ҷавонони имрўз аз ҷумлаи хушбахтаринҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон маҳсуб меёбанд, ки роҳбарияти олии кишвар барои таҳсилу кор ва рўзгори ободу осиштаашон заминагузор аст.

Пешвои миллатамон бо изҳори фараҳмандӣ дар Паёмашон ёдовар шуданд, ки «ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Пешвои миллат зимни  ироаи  Паёми навбатиашон изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳанўз ҳам сатҳи донишу маънавиёти насли наврас то як андоза  мувофиқи матлаб нест. Ба хотири боло бурдани сатҳи донишу маънавиёти насли наврас  моро лозим аст, ки бо баргузории суҳбату вохўриҳои мақсаднок дар ин раванд мусоидат намоем. Чунки имрўзу ояндаи дурахшони давлатро танҳо фарзандоне метавонанд шукуфон созанд, ки соҳиби ақлу хирад ва бо тафаккури созандаву дурандешонаи  хеш аз касбу ҳунарҳои замони муосир бархўрдор бошанд, ки дар ин маврид Паёмбарамон (с) фармудаанд: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то гўр».

Албатта соҳибистиқлолии ҳар як кишвар нишони сарбаландӣ аст. Шукргузорем, ки миллати мо аз ин неъмати бебаҳо баҳравар буда, ҳамагон бо омодагии ҳамаҷониба истиқболи сивумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи хотирмон пазироӣ менамоянд. Бо ин мазмун низ ҳабиби Худо (с) гуфтаанд: «Ду неъматест, ки инсоният ҳамеша бехабар мемонад. Яке амният, дигаре тандурустӣ». Бо мақсади ин иқдоми наҷибона дар партави дастуру маслиҳатҳои Президенти мамлакатамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди иншооти ниёзи мардум ба нақша гирифта шудааст. Дар ин росто низ саъю талоши ходимони дин ба неки арзёбӣ хоҳад шуд. ҳар лаҳза мо ходимони дини кишвар мардумро ба ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ даъват намуда, кўшиш менамоем, ки дар ниҳоди мардум ҳисси ватандориро боз ҳам боло бардорем. Албатта, дар Паёми навбатии Пешвои миллат барои бобарор гузаронидани соли 2019-ум як қатор масъалаҳои дигари  мубрами рўз низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буданд. Интизор меравад, ки бо баргузории мулоқоти судманди маърифатӣ ва ташкил намудани иқдому ташаббусҳои созанда метавонем зиндагии хешро беҳбуд бахшида ватани соҳибистиқлоламонро боз ҳам ободу зеботар гардонем, ки ин умедвориҳо аз Паёми Пешвои миллат бармеояд.

 Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нуров    

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее