Главная Статьи Тағйири ному ниқоби наҳзат дигар таъсире надорад

Тағйири ному ниқоби наҳзат дигар таъсире надорад

Тағйири ному ниқоби наҳзат дигар таъсире надорад
2019-02-06
2610

Таҳаввулотҳои фоҷиабарангези замони муосир баҳри аз байн бурдани Истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву мазҳабӣ гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш роҳ ба сӯи фардо қадамҳои устувореро бо роҳбарии Сарвари наҷиби худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода истодааст.

Маҳз наҳзатиён дар солҳои 90-ум сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, боиси пароканда шудани халқи азияткашидаи тоҷик гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистони азизамон замоне буд, ки роҳбарои ТЭТ ҲНИ худро пуштибон меҳисобиданд. Аммо, динро ниқоб намуда ба таври руякӣ амал карда, ақидаи аҳли ташайюъро ба гумроҳӣ пиёда месохтанд. Маблағҳои муфти хоҷагонашонро ба даст оварда, зиндагонии хешро пеш мебурданд. Тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид мекарданд. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасид, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надошт. Ончунон моҳирона суханпардозӣ менамуданд, ки баъзе афроди он солҳо дар мушкилот саргум ба ба суханҳои онҳо боварӣ мекард. Бехабар аз он, ки ҳамаи гуфтаҳои онҳо танҳо дар забон буду ба гӯшаи фаромӯшӣ ҷо мегирад.Халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки онро низ роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил карда буданд. Наҳзатиён мехостанд бо роҳи зӯрӣ мардуми озоду оромро мутеъ намуда ғуломи худ созанд, мехостанд ҳокимият ва сохти давлатдориро тағйир диҳанд. Аммо нақшаҳои онҳо абадан зери хок рафт. То ташкил гардидани ин гурӯҳи террористӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳукумфармо буд ва мардум ҳатто аз ин ҷиноятҳои зикршуда хабаре надоштанд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд. ТТЭ ҲНИ ҳамчун нерӯи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аз дасти ин хиёнаткорон чизе намеомад, намеояд ва нахоҳад омад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад. Имрӯз на танҳо мардуми кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ – ро ҳамчун гӯруҳи террористӣ ва экстремистӣ мешиносад. Асосан қурбониёни ҲНИ ҷавонони гумроҳгашта мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, кўшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварамон барои ҳифзу нигаҳдории Истиқлолият ҷонбозиву ҷоннисориҳо мекунанд. Ҷавонон ояндаи миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Ба ҳама хурду бузург маълум аст, ки гурӯҳи хиёнаткорон ва ба ном мухолифин бо сарварии роҳбари ин ташкилот акнун ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки хеш бо ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуда истодаанд. Агар ба таърихи начандон дур назар афканем баръало эҳсос мегардад, ки ҳизби наҳзати ислом аз ибтидо дар меҳвари фаъолияти хеш қатлу куштор, хиёнату даҳшатафканиро пеша намудааст. Дарвоқеъ бо омезиш ба номи поки дини мубини ислом анҷом додани ҳар амалу кирдори разилона боис ба он гардид, ки кулли мардуми мусалмони сайёра нафрат хонда истодаанд. Дар баробари ба ташкили ҷанги шаҳрвандӣ даст доштани ҳизби наҳзати ислом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат аъзо ва пайравони ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ бахшиданд. Ба ҳамаи онҳо вазифаҳои гуногун дода шуд. аз фурсати муносиб истифода бурда, танҳо бо сарпарастии Кабирӣ ҳазорон нафар ҷавонон дар кишварҳое, ки таълимашон хилофи мазҳаби анъанавии мост, донишҷӯ шуданд. Ба қавле ақлҳои худро фидои идеологияи беруна карданд. Аксари онҳо имрӯз аз барбод рафтани чандсол умрашон пайи таълим дур аз кишвар пушаймонанд. Кирдору ниятҳои разилонаи хешро ин кӯрдилон пинҳониву ошкоро идома дода, ахиран моҳи сентябри соли 2015 ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро роҳандозӣ намуда, даст ба табаддулоти давлатӣ заданӣ шуданд.

Акнун баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, хостори ҷалби бештари ҷавонон ва мардуми осоишта ба сафҳои хеш мебошанд. Вобаста ба ин ба хоинони миллати тоҷик дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубзода, Шарофиддин Гадоев ва дигарон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу раҳпаймоӣ ва иваз намудани номи ташкилотҳои ифротии хеш шумо нохалафон дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил намудани ҷавонони саодатманди моро надоред. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосояш имрӯз новобаста аз найрангҳои бамиёномада дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад ва ҳар як фарди он барои посдории сулҳу ваҳдат ва арзишхои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Н.Бобоҷонов,

 сархатиби нозияи Деваштич

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее