Главная Статьи Маводи мухаддир. Истеъмол ва фурӯши он аз дидгоҳи ислом

Маводи мухаддир. Истеъмол ва фурӯши он аз дидгоҳи ислом

Маводи мухаддир. Истеъмол ва фурӯши он аз дидгоҳи ислом
2019-02-06
3578

Ҳамду ситоиш  Худовандро, ки барои мо чизҳои хубро ҳалол гардонид ва чизҳои хабису бадро ҳаром гардонид.

Ба ҳеҷ нафари солим ва соҳибақл пӯшида нест, ки яке аз балоҳое, ки қишри ҷавони халқ ва миллатҳои гуногуни сайёраи замин ба он мубтало шудаанд, ин маводи мухаддир аст. Ин падидаи шум, ки асрҳои аср пиру ҷавони ин сайёра ба сабаби он ба бемориҳои гуногуни ҷисмӣ ва рӯҳӣ гирифтор шудаанд, ба муддати тӯлонӣ пушти панҷара рафтаанд, ҷони худро аз даст додаанд, аҳлу аёли худро дар хатар гузоштаанд ва ҷомеаи миллатҳи гуногунро ба фано расонидааст.

Аз диди андешамандон аз миёни навъҳои мубориза, решадортарин талош дар роҳи муқобила бо ин падидаи шум, ки битавонад ҷомеаро дар масири пешгирӣ аз ин офат ваксин кунад, пардохтан ба фаъолияти фарҳангӣ дар заминаҳои гуногуни эътиқодӣ, фикрӣ, таблиғӣ ва монанди инҳост. Чаро ки талоши беисти фарҳангӣ дарбаргирандаи баҳрадиҳии фаъолияти дигар бахшҳои мубориза мебошад.

Дар ҷомеаи мо, ки аксарияти мардум эътиқод ба дину аҳкоми нуронии ислом доранд, пас бар уҳдаи уламо ва донишмандони ҷомеа аст, ки бо баён намудани маориф, ахлоқиёт ва аҳкоми дин вазифа ва таклифи шаръии ҳар фардро дар ин бора мушаххас намуда, ҷомеа ва бахусус ҷавононро аз вартаи фасодкунандае, монанди маводи мухаддир боздоранд.

Дар ҷомеаи мо, ки ҷомеаи демократӣ аст, давлат барои мубориза алайҳи ин беморӣ ниҳоди махсусе бо номи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷдикистон таъсис додааст, ки барои гирифтани ҷилави ин падида то ҳадде талош варзида истодаанд. Аз ҷумла гузаронидани семинарҳо, дастгир намудани қочоқчиён ва монанди инҳо. Мо низ сокинони кишвар, бояд барои пешгирии ин падидаи шум саҳмгузорӣ намуда, бо кормандони ин ниҳод ҳамкорӣ намоем. Зеро Худованд барои мо бандаҳояш фармудааст, ки:

«Дар корҳои нек ба ҳамдигар ҳамкориву дастгирӣ намоед, аммо дар роҳи гуноҳ ва корҳои бад ҳаргиз ҳамкорӣ накунед» (сураи Моида, ояти 2).                          

Пайғамбарамон (с) низ дар бобати пешгирии амалҳои бад чунин фармудаанд:

«Агар касеро бинед, ки як кори бад карда истодааст ё ягон нияту қасди бад дорад, шумо ӯро бо даст ё бо забон (яъне насиҳат кардан) боз доред…» (аз Абусаъиди Худрӣ, бо ривояти Муслим).

Ҳамчунин дар ин бобат бузургони мо бароямон як панди зебоеро боқӣ гузоштаанд:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Аз рӯи гуфтаҳои коркунони соҳаи тиб, маводи мухаддир дорои зарарҳои гунугон мебошад, аз он ҷумла, халал дар дастгоҳи марказии асаб ва нотавонии он, эҷоди кундзеҳнӣ, гиҷ шудани сар, тангии нафас, бронхит ва омодагии мубтало ба бемории сил.

Ҳамчунин боиси бемориҳои қалбӣ, кундии тапиши қалб ва хафагии қалб мешавад ва асароти зиёде бар дастгоҳи гувориш дорад, аз ҷумла аз кор баромадани ҷигар, ки яке аз аъзои муҳимми ин дастгоҳ аст. Илова бар зиёнҳои ҷисмӣ, асарҳои рӯҳӣ низ дорад ва ҳар чӣ муддат гирифторӣ бештар шавад эҳсосот камтар мешавад, ҳуш, ҳофиза ва сифатҳои писандида аз инсон гирифта мешавад. Ҳамчунин пизишкон зикр кардаанд, ки ин модаи хатарнок ва фиребанда асарҳое ба зоҳир ҷаззобу дилкаше дорад, ки боиси рӯй овардани баъзе ашхос ба ин моддаи заҳролудкунанда мешавад. Аз ҷумла пас аз истифодаи мавод гӯё рӯҳи ӯ дар як нишот ва кайфияти латифе қарор мегирад ва аз ҳама муҳимаш аз таъсироти берунӣ фосила мегирад ва дар оромиши шадиде қарор мегирад, асабаш ором ва иродааш суст шуда, дар хаёл фурӯ меравад ва худро дорои равшанбинии зиёд, қудрати фаҳми воло, қазовати ҳушёрона мебинад.

Аммо ин таъсирҳо зудгузар ва муваққат аст, бо гузаштани вақт ва кам шудани гӯё “оромиши асаб”, шахс мехоҳад боз ба ҳолати оромиш ва бехудӣ баргардад, дар натиҷа ба тадриҷ зина ба зина ба ин кор вобаста мегардад ва дар воқеъ бандагӣ ва бардагӣ оғоз мегардад. Ҳолати заъфи физикӣ, равонӣ, иҷтимоъӣ афзоиш меёбад ва боиси нобудии шахс мешавад.

Ҳамчунин баъд аз бардагӣ ва гирифторӣ ба маводи мухадддир, шахси гирифторшуда ба девонагӣ мерасад, зеро баъди гирифторӣ барои ӯ ҳеҷ ирода, қувва, фикр ва андеша боқӣ намемонад.

Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки маводи мухаддир ҳам шахси истифода баранда ва ҳам дигаронро ба ҳалокат гирифтор месозад. Пас мо бояд бидонем, ки дини муқаддаси ислом инсониятро аз осебу зарар расонидан ба худ ва дигарон манъ кардааст: «Ба худ ва ба дигарон зарар нарасонед», (ҳадиси Пайғамбар (с) аз Абусаиди Худрӣ, бо ривояти ибни Моҷа),

Истифодаи маводи мухаддир, илова бар зарару зиёни молӣ, инчунин сабаби зиёни ҷиддӣ ба саломатии инсон ва ҳатто аз байн рафтани ҳаёти ӯ низ мегардидааст. Ҳол он ки Худованд фамудааст:

«Худро ба дасти худ ба ҳалокат наяфканед….» (сураи Бақара, ояти 195).

«Худкушӣ накунед ва ҳамдигарро накушед ва худро ба ҳалокати гуноҳ наяфканед, ҳар оина Парвардигор барои шумо меҳрубон аст» (сураи Нисо, ояти 29). 

Мо бояд фаромӯш насозем, аз он ҷойе, ки истеъмоли маводи мухаддир аз нигоҳи дини мубини ислом манъ аст, қатъан хариду фурӯши он низ манъ аст. Зеро фурӯхтани он ба инсонҳо, алалхусус барои мусулмонҳо, боиси ривоҷи гуноҳи истеъмоли мухаддарот, муҷиби фасоди ахлоқӣ ва саломатии ҷомеа мегардад.

Пайғамбар (с) низ дар мавриди ин масъала, яъне хариду фурӯши маводи мухаддир чунин баён кардаанд:

 «Ҳар гоҳ Худованд хӯрдану истеъмоли чизеро барои мардум ҳаром гардонад, пули онро низ бар онҳо ҳаром мегардонад» (бо ривояти Абудовуд/ 3488).

«Он чӣ ки хӯрдану истеъмолаш ҳаром аст, фурӯхтанаш низ ҳаром аст» (аз Ибни Аббос, бо ривояти имом Муслим).

Бисёре аз инсонҳо ҳаёташонро фидои роҳи маводи мухаддир карда, занонашонро бева, фарзандонашонро ятим, падару модарашонро гирифтори ғаму андӯҳ ва зиндагии ободашонро ба вайрона мубаддал месозанд. Пас мо бояд нагузорем, ки адади чунин нафарон зиёд гарданд. Баръакс, кӯшиш намоем якдигарро дастгирӣ кунем, ба ҳамдигар кумак расонем, якдигарро аз ҳар гуна амалҳои баду ношоиста боздорем, роҳи ҳалолу покизаро ба ҳамдигар нишон диҳем, ба қадри саломатии худ бирасем ва дар ин кишвари азизамон, ки сулҳу оромӣ ва хотирҷамӣ ҳукмфармост, мисли як бародару хоҳар зиндагӣ намоем.

  Ҳамчуноне, ки Худованд дар Қуръони карим фармудааст:

 «Муъминон бародари якдигаранд…» (сураи Ҳуқурот, ояти 10).

Хусрав Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд              

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее