Главная Статьи Муддати сафар аз нигоҳи шариати Ислом

Муддати сафар аз нигоҳи шариати Ислом

Муддати сафар аз нигоҳи шариати Ислом
2019-02-15
3398

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамеша мардуми намозгузор дар бораи муддати сафар ва равиши гузоридани намоз гуфтугузор, баҳсҳо ва мунозираҳо мекунанд. Барои равшан кардани ин масъалаи шаръӣ бо талаби хоҳишмандони ин матлаб бо овардани назари донишмандони мазҳаби ҳанафӣ шурўъ ба шарҳи ин қазия намудам. Аслан дар сафар қаср хондани намоз собит аст, ихтилоф танҳо дар васф аст. Аз ин рў, ба сабаби вуҷуди ихтилоф дар васф, рад кардани асли собит ҷоиз нест.

Қаср гузоридани намоз бо оят ва ҳадис собит шудааст.Худованд мефармояд:«Ва чун дар замин сафар кунед ва агар аз он битарсед, ки кофирон шуморо дар бало афкананд, пас гуноҳе бар шумо дар он нест, ки аз намоз (қадаре) кўтоҳ созед. Ҳамоно кофирон барои шумо душмани ошкоро ҳастанд».(Сураи Нисо, ояти 101)

Амирулмуъминин ҳазрати Умар (р) мегўяд: «Аз забони мубораки Расули Худо (с) шунидам, ки намози мусофир дуракъатӣ аст».

Аҳкоми сафар дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ сароҳатан зикр шудааст. Назари донишмандони исломӣ дар ин баҳс гуногун аст. Ин ҷо назари муътабари донишмандони мазҳабро баён мекунем.

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ барои қаср кардани намоз паймудани сафари се шабонарўзӣшарт дониста шудааст. Дар масофаи се шабонарўз роҳ қаср хондани намозро баъзе саҳобагони бузургвор монанди ҳазрати Усмон (р), Ибни Масъуд (р), Ҳузайфа (р) ва назари баъзе тобеъини бузург амсоли Ибни Зубайр, Иброҳими Нахаъӣ, Шаъбӣ ва дигарон аст. Фуқаҳои мазҳаб масофаи се шабонарўзро бо далелҳои зерин ихтиёр карданд. Вақте нафаре аз ватани аслии худ ба сафар мебарояд, дар ҳоле ки қасди масофаи 120 км-ро дошта бошад ва ў ҳангоме ки аз дарвозаи шаҳр ё аз нишонаҳои деҳа, ки аломатгузорӣ шудааст, берун шуд, мусофир маҳсуб мешавад ва намозашро қаср мехонад. Баъд аз расидан ба макони муайяншуда агар нияти камтар аз 15 рўз истоданро карда бошад, дар ин муддат намозашро қаср мехонад.Агар аз қафои имоми муқим намоз гузорад, он гоҳ намозашро пурра мехонад. Агар аз ин муҳлат зиёд қасди истодан кунад, дар ин ҳолат баъд аз расидан дар ҷои иқомат намозашро пурра мехонад. Мусофире, ки аз 15рўз кам нияти истодан кунад, фарзҳои 4-ракъатиро 2 ракъат мехонад.

Ҳазрати Алӣ (р) барои муайян кардани ҳади хуруҷ аз ватанаш хонаи найинро нишона қарор дода фармуданд: «Ҳар гоҳе аз ин хонаи найин берун шавам, намозамро қаср мехонам».

Масофаи се шабонарўз будани муддати сафар аз ҳадиси «Саҳеҳайн»:«Зан бидуни маҳрам масофаи се шабонарўз сафар накунад» ва аз ҳадиси «Муқим масофаи як шабонарўз ва мусофир се шабонарўз масҳ мекашад» собит мешавад. Имом Муҳаммад дар китоби «Осор» ривоят кардааст, ки Ибни Рабеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) чунин пурсиданд: «Дар кадом масофа намоз қаср хонда мешавад?» Ў дар посух чунин фармуд: «Оё минтақаи Сувайдоро медонӣ?»Гуфт:«Шояд намедонам, вале номашро шунидам». Ибни Умар гуфт: «Он масофаи се шабонарўз роҳ аст ва чун ба қасди сафари онҷо ба роҳ баромадем, намозро қаср мехонам».

Аммо дар мавзўи ҳисоб кардани масофаи сафар бо марҳала ду чиз қобили зикр аст: Чӣ будани марҳала ва миқдори он. Аслан марҳала масофаи сайри рўзонаи шутурро мегўянд, ки миқдори онро 24 мил ё 8 фарсах ё 43 км 352 м гуфтанд. Дар «Ҳидояи шариф» омадааст, ки муддати сафар 3 марҳала аст, аммо дар мазҳаби ҷумҳур 2 марҳала аст. Бояд ёдовар шуд, ки як марҳала 40 км мебошад. Мувофиқи қарори Шўрои уламои Тоҷикистон айни замон муддати сафар 120 км аст.

Одатан инсони солим дар 1 соат 5 км роҳ меаравад. Агар як шабонарўзро се тақсим кунем, барои мусофир 8 соат барои хоби шаб, 8 соати дигар барои роҳ рафтан ва 8 соати боқимонда барои таҳорату намоз ва хўрдану истироҳат кардан боқӣ мемонад.

Хулосаи сухан ин ки бо такя ба баъзе аҳодиси саҳеҳи марфуъ ва мавқуф шарт будани масофаи муайян барои қасри намоз ва дигар аҳкоми сафар собит мешавад ва миқдори масофаи қаср тибқи далелҳои дар боло зикршуда 3 марҳала, яъне 120 км мебошад.

Хомўшов Ҷамолиддин

Сармутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее