Главная Статьи Чеҳраи эҳтимолии ифротгаро

Чеҳраи эҳтимолии ифротгаро

Чеҳраи эҳтимолии ифротгаро
2019-03-08
2466

Коршиносони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи баррасии омӯзиш ва таҳлили сабабу  омилҳои шомилшавии ҷавонон ба саффи ҳизбу ҳаракат ва равияҳои  ифротии диниву сиёсӣ ҷиҳати муайн намудани омилҳои таҳрикдиҳандаи ин раванди номатлуб як идда маълумоти муфид барои натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ дастрас намуданд. Зимни суҳбатҳои инфиродӣ ва таҳлили рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав чанд гурӯҳи онҳо муайян гардид ва дар асоси он чеҳраи (портрети) иҷтимоӣ ва равонии ифротгаро чунин пешниҳод мешавад: 

а) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рӯзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷаллобон (рекрутер) гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. 

б) Шахсоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва барои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фикру андешаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ ва пайвастан ба ин гурӯҳҳои "дар роҳи Худо разманда" ҳастанд.

в) Як гурӯҳи афроди авбош ва ҷиноятпеша ҳанӯз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд. Баъд аз пурзӯр шудани назорат ва муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ онҳо дигар натавонистанд бо роҳи одаткардаи худ зиндагӣ кунанд ва барои идомаи фаъолияти ҷиноятӣ ва авбошии худ хунсардона ба ин гурӯҳҳо пайвастанд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо худозмоии дубораи худро маҳз дар майдони амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои бегона ё ҳар ҷойи ноороми дигар ҷустуҷӯ мекунанд. 

г) Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амали коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва шахси ҷабрдида аз беадолатӣ нишон доданӣ мешаванд. 

Ф. Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее