Главная Статьи Принсипҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат аз дидгоҳи ислом

Принсипҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат аз дидгоҳи ислом

Принсипҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат аз дидгоҳи ислом
2019-04-19
2657

Аксарияти мутлақи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони дини  ислом мебошанд, аз ин рӯ,  онҳо зимни фаъолияти меҳнативу иҷтимоии худ, дар кадом соҳае, ки набошад, дар баробари риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои анъанавии ҳуқуқӣ-динӣ ва  ахлоқиро низ риоя ва эҳтиром намоянд. Қисми бештари  касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки дар замони Истиқлолият дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд, аз таълимоти сарчашмаҳои исломӣ маншаъ гирифтаанд. 

Барои мушаххастар дарк намудани нақши ислом дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, масалан, пажӯҳиши муносибати ислом бо фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, метавонад кӯмак расонад. Дар оғоз бояд зикр намуд, ки муносибати ислом бо соҳибкорӣ аз фаҳмиши ғарбиёнаи ин мафҳум то як андоза фарқ мекунад. 

Ба андешаи муҳаққиқони модели иқтисоди исломӣ, дар кишварҳои исломӣ фаъолияти соҳибкорӣ чандон вусъат наёфтааст. Тибқи таълимоти Қуръон, тамоми осмонҳову замин ва он чӣ дар ӯст, молумулки Худост. Фақеҳон ва сиёсатмадорони кишварҳои исломӣ бо истинод ба ин фармудаи Қуръон, кӯшиш мекунанд, ки моликияти хусусиро то ҳадди имконпазир маҳдуд ва манъ намоянд. Хусусияти хоси таълимоти исломӣ дар он аст, ки он пайравонашро барои бо меҳнати ҳалол  ба даст овардани ризқу рӯзӣ  тарғиб ва ҳидоят мекунад. Дар ислом истифодаи меҳнати кироя, ки аслан, хоси иқтисодиёти капиталистӣ ва яке аз роҳҳои маъмулии фоидаҳосилкунии шахси соҳибкор маҳсуб мешавад, амали нораво ба шумор меравад. Барои ҳамин, дар ҷаҳони исломӣ барои рушди сохти капиталистӣ ва соҳибкории капиталистӣ ҳеҷ гуна замина ва  шароит вуҷуд дошта наметавонист. Аммо, ислом дар баробари танқиди амалҳо ва фаъолиятҳои сирф барои гирифтани фоидаи шахсӣ нигаронидашуда, дигар фаъолиятхо ва амалҳои дорои хусусияти хайриявӣ ва барои аҳли ҷомеа муфидро ҳамеша тавсия ва таблиғ намудааст. Ба қатори ин гуна фаъолиятҳо ва амалҳои хайр ва барои ҷомеа муфид ҳама гуна навъҳои фаъолияти соҳибкориро  ворид кардан мумкин аст. 

Яке аз  амалҳо ё фаъолиятҳои аз назари ислом барои ҷомеа муфид – тиҷорат ба ҳисоб меравад. Дар ислом тиҷорат навъи фаъолияти иқтисодие мебошад, ки онро Худованд иҷозат додааст. Аммо, амали рибохӯрӣ дар сарчашмаҳои исломӣ як амали шайтонӣ тавсиф шуда, Худованд муъминонро аз он шадидан манъ мекунад. Дар Қуръон гуфта шудааст: «Худованд тиҷоратро иҷозат додааст, аммо риборо манъ кардааст» (Қуръон, 2:75). Ояти зикршуда асосе мебошад, ки дар фаръи он принсипҳо ва меъёрҳои шариати исломӣ дар боби тиҷорат ва соҳибкорӣ коркард ва дар амал татбиқ карда мешуданд. Умуман, принсипҳои исломии фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ дар заминаи риояи ду қоидаи асосӣ сохта шудаанд: а) роҳ надодан ба амалҳои мамнӯъ (ҳаром); б) анҷом додани кори мақбули Худо аз тариқи содир кардани амалҳои муҷоз ва муфид (ҳалол). Дар Қуръон принсипҳои зерини фаъолият дар соҳаи тиҷорат дарҷ ёфтаанд: – озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва бастани шартнома; – адолат; – қонуният; – хушмуомилагӣ ва муносибати  неки мудирон ва тобеон; – эҳсонкорӣ ва ғамхорӣ. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, риояи ин принсипҳо зимни ба анҷом расонидани фаъолияти тиҷоратӣ, соҳибкорӣ ва соири фаъолиятҳои дигари иҷтимоӣ шарт ва зарур мебошад.

Шоев Субҳиддин – мутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее